logo

иқтисод

ВАНҶ. ЗАМБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,   ки минтақаи баландкӯҳ маҳсуб меёбад, занбӯриасалпарварӣ метавонад аз соҳаҳои муҳим ва барои мардум сердаромад бошад.  Бо вуҷуди рушд ёфтани он дар саросари вилоят, мутаассифона, дар баъзе ноҳияҳо ҳанӯз ҳам дар ин самт бетаваҷҷуҳӣ зоҳир мегардад.

Аз ҷумла,  дар ноҳияи Ванҷ, алалхусус,  сокинони деҳнишини водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом ба ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Дар ин минтақа низ барномаи рушди замбӯриасалпарварӣ таҳия гардидааст, вале он ба таври дилхоҳ  амалӣ намешавад.  Аз рӯи маълумоти оморӣ дар ин ноҳия  камтар аз даҳ хоҷагии шахсӣ ба парвариши замбӯри  асал машғуланду халос. Онҳо маҳсулоти хеле  кам ба даст меоранд ва эҳтиёҷоти аҳолиро қонеъ карда наметавонанд.         
Тибқи иттилои Саидбек Қосимов, роҳбари барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони хазинаи Оғохони ноҳияи номбурда,   панҷ - шаш сол пеш шабакаи  рушди кишоварзии ин ташкилоти байналмилалӣ ба чанде аз сокинони деҳоти водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом оилаҳои замбӯри асалро ройгон тақдим карда буд.  Аммо дар натиҷаи бемасъулиятии  соҳибонашон ва назорати сусти масъулини соҳа, аз ҷумла ташкилоти деҳотӣ,  ҳоло на аз замбӯри асал  асар мондаасту на аз қуттиҳои онҳо.
Мавриди зикр аст, ки аз қаламрави Ҷамоати деҳоти Водхуд  то ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҷовидон, Техарву Рованд, инчунин  деҳоти баландкӯҳи Пои Мазору Ванван, Сумгаду Мудехарв, Жамаг, Зайчу Жафаки водии Язгулом  ҷангалистон, дараву марғзор, боғистон, пуштакӯҳҳои сералафи пургулу гиёҳи зиёде ҳаст, ки барои хуб ба роҳ мондани соҳаи камхарҷу сердаромад - замбӯриасалпарварӣ макони басо ҳам мусоид мебошад. Танҳо вазифаи рустонишинони ноҳияи Ванҷ  аз он иборат аст, ки аз ин атои табиати диёри маҳбуб, алалхусус,  алафзорон ва боғистону ҷангалистони подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон самаранок истифода баранд, то ки  соҳаи мазкур  ба мисли боғдорӣ,  чормағзпарварӣ  ва парандапарварӣ  рушд ёбад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 484

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед