logo

иҷтимоиёт

ТААССУБ

ҶАВОНОНРО АЗ ИН РОҲ БАРГАРДОНЕМ
Зимни ироаи Паёми имсола Президенти мамлакат зикр намуданд, ки рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон, вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардондааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
 Паёми Сарвари давлат, ки барномаи роҳнамои кору фаъолияти ҳар яки мост, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтааст. Омӯзиши ин санади муҳим дар байни донишҷӯёни факултаҳои менеҷмент ва модели аврупоии таҳсилот, муштараки тоҷикӣ - украинӣ, технология ва дизайн васеъ ба роҳ монда шудааст. Таҳти роҳбарии Муҳаммадӣ Садриддинов, муовини декани факултаи менеҷмент ва модели аврупоии таҳсилот оид ба тарбия ва тарғибот, дар факулта машғулияту корҳои фаҳмондадиҳӣ ва “мизи мудаввар” зери унвони “Ҷавонони зираку ҳушёр бошем” доир гардиданд. Инчунин, масоили вобаста ба  вазъияти сайёра, нооромию даргириҳо дар Ироқу Сурия ва гаравидани ҷавонону наврасон ба ҷараёни ифротии “Давлати исломӣ” мавриди таҳлили амиқу ҷиддӣ қарор дода шуданд. Дар ҷараёни баҳсу муколама амали нангини узви ин созмони ифротӣ, ки модарашро ваҳшиёна ба қатл расонда буд, маҳкум карда шуд ва чеҳраи манфури ин ҷараёни мутаассиб муаррифӣ гардид.
Ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои амалии фаҳмондадиҳӣ, бешубҳа, барои гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташаккули онҳо дар рӯҳияи солими созандагию бунёдкорӣ, ба даст овардани донишу таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳони муосир мусоидат менамоянд.

Нуриддин АМИРӢ,
Наргис ГУЛБЕКОВА,
устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 441

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед