logo

иҷтимоиёт

МАЪРИФАТИ МАҲАЛЛАДОРӢ ОМИЛИ ЗЕБОӢ ДАР ХУҶАНД АСТ

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодию иҷтимоии минтақаҳои мамлакат, ободонӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва таъриху тамаддуни тоҷикон бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 феврали соли 2016, таҳти № АП-681 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳия, шаҳрак, деҳот, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ эълон гардид.

Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Хуҷанд, зимни суҳбати телефонӣ зикр кард, ки баҳри муташаккилона ва дар сатҳи баланд гузарондани Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо иштироки ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳои шаҳр корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию сабзкорӣ, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, баланд бардоштани нақши сокинон дар ҳаёти ҷамъиятӣ вусъат гирифтанд. Аз ҷумла, то имрӯз роҳу кӯчаҳои шаҳр ба масоҳати 7867м2 мумфарш шуданд. Дар назди бинои баландошёнаи рақами 20-и кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии маҳаллаи «Масҷиди Савр» маҷмааи варзишию фароғатӣ, иборат аз майдончаҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва ҷойи фароғату истироҳат бунёд гардид. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми сокинони маҳаллаи 31, биноҳои 5, 6А ва 39 - и маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» таъмир шуда, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо ташаббуси сокинони маҳаллаи «Мевагул» бинои 8-и микроноҳияи 18 таъмиру тармим гардида, дар ҳудуди бино майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии кӯдакон ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, сокинони маҳаллаҳо 12210 бех ниҳоли мевадиҳанда, ҳамешасабзу ороишӣ ва  зиёда аз 16 ҳазор бех гулу бутта шинонданд.
Дар озмуни «Оилаи намунавӣ» 42 оила ширкат варзида, хонаводаи   Файзуллоевҳо беҳтарин дониста шуд. Дар озмуни «Хонаи намунавӣ» 65 манзили истиқоматӣ иштирок ва хонаи   Турсуновҳо  ғолиби озмун гардид. Дар мусобиқаи  «Маҳаллаи беҳтарин» ҳамаи 22  маҳаллаи  шаҳр фаъолона иштирок намуданд ва бо назардошти меъёрҳои баҳогузории озмун маҳаллаҳои «Сирдарё», «Масҷиди Савр» ва «Чорчароғ» мутаносибан соҳиби ҷойҳои аввалу дувуму сеюм гаштанд. Бинои 8 - и микроноҳияи 18 бошад, «Беҳтарин бино» дониста шуд. Ғолибони  озмун аз рӯи шарти  «Оилаи намунавӣ» ва «Хонаи намунавӣ» бо 2 ҳазор, «Маҳаллаи беҳтарин» 3 ҳазор сомонӣ қадр гардида, ба ғолибони дигари мусобиқа туҳфаҳои арзишманд ва диплом супурда  хоҳанд шуд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 384

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед