иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НИЗОМИ НАВИ ТАНДУРУСТӢ
Сиҳатии омма самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар сохтори тандурустии мамлакат ҷараёни бозсозии соҳа, аз ҷумла таҳияи заминаи нави қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили системаи идоракунӣ ва маблағгузорӣ, рушд ва таҳкими кумаки аввалияи тиббию санитарии бо тибби оилавӣ асосёфта, таҷдиди муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ, авҷ гирифт. Бо ҳамин мақсад, модели ислоҳоти соҳа вобаста ба беҳбуди дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ тавассути таҷдиди сохтор ва ҳамгироии системаи фароҳам овардани кумаки аввалияи тиббӣ, муносибгардонии фонди кат ва сохтори муассисаҳои бистарикунонӣ, тақвияти неруи кадрии тамоми соҳаи тандурустӣ, мукаммалсозии инфрасохтор, такмил ва беҳбуди таъминот бо доруворӣ, ворид намудани намудҳои нави маблағгузорӣ, дар асоси дастовардҳои илмӣ татбиқи усулҳои нави ташхисию табобатӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, иштироки аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, барқарорсозии солимии беморон ва маъюбон, рушди заминаи иттилоотии идоракунӣ ва дигар тадбирҳоро дар бар мегирад.
Ба инкишофи соҳа рушди иқтисод, таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи роҳбарияти кишвар нисбат ба самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, инчунин саҳми самарабахши ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳифзи саломатии аҳолии кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ тӯли солҳои истиқлолият ҳудуди 800 муассисаҳои тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохта, таъмиру барқарор гардида, бо дастгоҳҳои муосири замонавӣ ҷиҳозонида шуданд.
Самти муҳими дигари хизматрасониҳои тиббӣ, бо дарназардошти дастовардҳои илми муосир ва технологияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани усулҳои нави пешгирӣ, ташхис ва табобат мебошад. Ҳадаф аз ин кам кардани шумораи беморони барои табобат ба хориҷи ҷумҳурӣ фиристодашаванда мебошад. Имрӯз кор дар ин самт аллакай натиҷа дода истодааст ва шумораи эҳтиёҷмандон барои ташхису табобат дар муассисаҳои берун аз марзи кишвар коҳиш ёфтааст.
Истиқлолияти кишвар дар маҷмӯъ барои рушду нумуи соҳаи тандурустӣ дарҳои зиёдеро боз намуда, раванди ислоҳоти бахшҳои мухталифи онро мунтазам тавони тоза бахшид. Бо дарки масъулият бояд тамоми мутахассисони соҳаи тиб, роҳбарону кормандони мақомоту сохторҳои соҳаи тандурустӣ чун аъзои ҷомеаи ягонаи Тоҷикистон, ба ҳайси як фарди бонангу номус, ватандӯсту фидокор баҳри фардои неки кишвари азизамон, таҳким бахшидани раванди сулҳу оромӣ дар кишвар, ваҳдату ягонагии миллӣ сидқан заҳмат кашида, бавижа баҳри беҳбуд бахшидан ба сифати хизматрасонии тиббӣ, вусъти раванди бозсозии ҳифзи тандурустии аҳолӣ, ки омили муҳимтарини иқтидори давлату заминаи боэътимоди ободии Ватан ба шумор мераванд, саҳми арзанда гузоранд.
Танҳо инсони солим, хирадманду бомаърифат ва ватандӯсту фарҳангпарвар дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоистаро соҳиб шуда, дастовардҳои истиқлолиятро ҳифзу пуштибонӣ карда метавонад.
Сайфулло ҒАФФОРОВ,
духтури диспансери
наркологии шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2016 №: 136 Мутолиа карданд: 528