logo

сиёсат

«ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ» ДАР КӮТОҲМУДДАТ АЗ БАЙН ХОҲАД РАФТ

Ҳадафи аз ҳама хатарбори гурӯҳи «Давлати исломӣ» нобуд сохтани давлатҳои миллист. Вале ин гурӯҳ, ки замоне дар хоки Ироқу Сурия нуфузи зиёд касб карда буд, баъд аз амалиёти низомии Русия дар Сурия ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Бисёр минтақаҳои таҳти нуфузи он аз ҷангиён озод ва баробари бозпас гирифтани шаҳри Раққа, ки аз пойгоҳи аслии ҷангиён аст, «Давлати исломӣ» дар кӯтоҳмуддат аз байн хоҳад рафт.

Дар ин бора роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигорон ибрози назар намуданд. Худобердӣ Холиқназар, директори марказ, дар мавриди ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҷангиёни «Давлати исломӣ» дахл намуд ва гуфт, ки омори ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Зикр шуд, ки то кунун эмиссарҳои «Давлати исломӣ» бо истифода аз усулҳои муосир ва имкониятҳои васеи интернетӣ бо чанд забон корҳои ташвиқотии худро идома медиҳанд, вале таблиғоти густардаи Ҳукумат алайҳи ифротгароӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ натиҷаҳои судманд ба бор оварда, мафкураи зиддитеррористиву зиддиифротиро дар ҷомеа шакл бахшидааст.
Бояд гуфт, ки то кунун эътилофҳои алоҳидаи байналмилалӣ, аз ҷумла эътилофи таҳти роҳбарии Амрико бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» дар набарданд. Аммо, таҳлилгарони умури низомӣ зимни таҳлили вазъ дар мубориза алайҳи терроризм ба ҷониби Русия бартарӣ медиҳанд. Зеро ба эътирофи умум амалиёти низомии Русия зидди «Давлати исломӣ», ки моҳи сентябри соли 2015 бо дархости расмии Ҳукумати Сурия сурат гирифт, натиҷаҳои муассир ба дунбол дошт. Чунончи, баъд аз ҳамин амалиёт мавзеъҳои таҳти тасарруфи «Давлатӣ исломӣ» озод ва мавқеи он дар Ироқу Сурия танг шуд ва теъдоди ҷангиён низ коҳиш ёфт. Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, ки қудратҳои ҷаҳони муосир дар мубориза бо терроризм дунболи манофеи геополитикии худ ҳастанд ва агар манфиати онҳо дар муқовимат алайҳи  «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия аз ҳам тафовут намедошт, кайҳо ин гурӯҳи террористӣ аз байн бурда мешуд.
Дар пасманзари ҳаводиси ахир ба таҳдиди хатарҳо аз сӯи Афғонистон ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, нуфузи бештари гурӯҳҳои тундрав дар ин кишвар мояи нигаронии амиқ арзёбӣ гардид. Аз ин рӯ, таъкид мешавад, ки бояд кишварҳои минтақа ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ омода бошанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 442

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед