logo

иқтисод

ТОҶИКИСТОН АЗИЗ АСТ

МО ДАР РАВАНДИ ШУКУФОИИ ИН ВАТАНИ МАҲБУБ САҲМ МЕГУЗОРЕМ
Лоиқзода Қаноатшо ХОЛИҚ,
раиси  ноҳияи Рашт

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ноҳияи Рашт дар баробари дигар манотиқи кишварамон бо дастгириву таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат тадриҷан пеш рафта, сол ба сол ободу зебо гардида истодааст. Дар ин давра, дар соҳаҳои иқтисод ва иҷтимоиёт пешравиҳои назаррас ба амал омаданд, ки дар натиҷаи он симои Рашт ба куллӣ дигар гашт. Масалан, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот  аз 69 миллиону 207 ҳазор сомонии соли 2006 ба 412 миллиону 818 ҳазор сомонӣ дар соли равон афзуд, ки қариб шаш  баробар зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, дар даҳ соли охир аз  6 миллиону 68 ҳазор сомонӣ ба  51 миллиону 678 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум 8,5  баробар зиёд аст. Ҳаҷми даромади буҷети маҳаллии ноҳия аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ аз 5 миллиону 854 ҳазор сомонии соли 2010 ба 15 миллиону 712 ҳазор сомонӣ дар соли гузашта зиёд шуд, ки 168 дарсад ё  2,7  баробар зиёд мебошад. Бо афзоиши ҳаҷми буҷети маҳаллӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзуда, дар соли сипаришуда 40  миллиону 575  ҳазор сомонӣ ё  зиёда аз  80,4 дарсади хароҷоти  буҷети маҳаллиро ташкил дод. Агар ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2006 - ум 4 миллиону 898 ҳазор  сомонӣ ва дар соли 2010-ум 15 миллиону 684 ҳазор сомониро  ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли  гузашта нисбат ба соли 2006 - ум 8,3 баробар  ва дар қиёс бо соли 2010 - ум  2,6 баробар  зиёд шудааст.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 декабри соли 2011, № 600 «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012 - 2016» тасдиқ шуда, мавриди  амал қарор гирифт. Дар доираи барномаи мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо корҳои сохтмону барқарорсозии 62 иншоот дар ҳаҷми 97 миллиону 370 ҳазор  сомонӣ маблағгузорӣ гардида, 37 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд ва дар 25 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ давом доранд.
Дар давоми панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бистуду бинои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шуд. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва саҳмгузории аҳолӣ яксаду ду синфхонаи иловагӣ, ҳаждаҳ маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ, дувоздаҳ китобхона мавриди истифода қарор гирифта, 16,7 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш шуданд.
Барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн гирифтани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта ба истифода додани 51 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, соли гузашта 25 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳафт иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди нуздаҳ иншооти дигар босуръат идома дорад ва онҳо то ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд. Айни замон, сохтмони биноҳои нави таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  № 27, деҳаи Навдии Ҷамоати деҳоти Навдӣ  ва  № 3, деҳаи Қазноқи Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум аз ҳисоби маблағҳои асосии мутамаркази буҷети маҳаллӣ идома дошта, соли оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Дар ноҳия 83 муассисаи соҳаи тандурустӣ фаъолият намуда, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони  системаи гармидиҳӣ ва ҳавокашии шуъбаҳои ҷарроҳӣ, таваллуд ва бемориҳои занонаи беморхонаи марказии ноҳия  ба маблағи зиёда аз 131 ҳазор сомонӣ анҷом гирифт. Дар беморхонаи марказӣ шуъбаҳои ҷарроҳии кӯдакона, урологӣ ва неонотология ташкил ва ба фаъолият шурӯъ карданд. Шуъбаҳои таваллуд ва бемориҳои занона, неонотология, ҷарроҳӣ, шикастабандӣ  ва толори амалиётхонаи беморхонаи марказӣ ба маблағи 68 ҳазор сомонӣ таъмир шуданд. Инчунин, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия системаи гармидиҳӣ ва ҳавокашии шуъбаҳои касалиҳои дил, бемориҳои дарунӣ, маркази байниноҳиявии таълими клиникии тибби оилавӣ ва маъмурияти беморхона  ба маблағи 137 ҳазор сомонӣ таъмир гардид. 
Ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети маҳаллӣ ва дастгирии аҳолӣ ёздаҳ китобхона сохта, ба истифода дода шуд.
Соли 2006 дар ноҳия танҳо як корхонаи саноатӣ - КФ «Кони ангишти Назарайлоқ» фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 1 миллиону 487 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, соли гузашта 13  корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Камароб», филиали ҶСК-и заводи «Машруботи Душанбе», ҶДММ «Файзи дастархон», ҶДММ «Сомон-7», Матбааи ноҳия,  Корхонаи орди Ҷамоати шаҳраки Ғарм  ва шаш коргоҳи дӯзандагии назди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба маблағи 17,2  миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Яъне, шумораи корхонаҳои саноатӣ 12 адад ва истеҳсоли маҳсулот 11,5  баробар зиёд шудааст.
Дар ноҳия соли 2015 майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1865  гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли 2010 - ум 618 гектар зиёд мебошад. Дар панҷ соли охир дар майдони 1017,9 гектар  боғҳои нав бунёд гардиданд, ки ба рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ  мусоидат менамоянд.
Хулоса, он дастовардҳое, ки ба гунаи мисол зикрашон рафт, маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми шарафманду заҳматпешаи ноҳияи Рашт гардидааст. Мо бо азму талоши ватандӯстона раванди корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба ҳамин васила дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро мегузорем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 548

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед