logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҶАҲОНПАҲЛАВОН
Сайидмуъмин Раҳимов ҷаҳонпаҳлавон ва фахри гӯштигирони тоҷик аст. Ӯ соли 1971 аз донишкадаи Кӯлоб ба курси дуюми  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии пойтахт роҳхат гирифта, худи ҳамон сол бори нахуст дар  мусобиқаи умумииттифоқии самбо, ки дар Украина баргузор гардида буд, дастболо ва соҳиби медали тилло мегардад.
Баъди ин муваффақияти ғайричашмдошт сармураббии дастаи яккачини самбои Тоҷикистон Исматулло Абдуллоев ӯро зери қаноти худ гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ, аниқтараш соли 1972 Сайидмуъмини ҷавон дар мусобиқаи  Шӯрои  марказии ҷамъияти «Ҳосилот» (шаҳри Горкий) ғолиб омада, меъёри Устоди варзиши СССР – ро дар  бахши самбо иҷро кард ва расо як сол  пас дар вазни 93 килограмм чемпиони мусобиқаи ҷамъияти «Ҳосилот» шуд. Худи ҳамон сол дар чемпионати СССР ширкат варзида, унвони чемпионии СССР - ро гирифт ва ба узвияти дастаи яккачини СССР пазируфта шуд. 
Соли 1975 дар Тифлис – пойтахти Гурҷистон Чемпионати дувуми СССР баргузор гардид. Сайидмуъмин дар ин мусобиқа низ ғолиб омад. Чунин дастовард ба ягон паҳлавони Тоҷикистон муяссар нагардида буд. Худи ҳамон сол дар Спартакиадаи  панҷуми халқҳои СССР  Сайидмуъмин Раҳимов медали  тиллоро соҳиб гашт.
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар шаҳри Минск - пойтахти Беларус баргузор гардид, ҳарифони ӯ ҳамаи  унвонҳои олиро  доштанд. Бо вуҷуди ин, паҳлавони тоҷик се номвари ҷаҳониро ба осонӣ шикаст дода, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Дар сабқат ҳарифи  овозадораш паҳлавони Ҷопон Фудзиҳара тоб наовард. Ӯро  паҳлавони тоҷик дар 28 сония ба тахтапушт хобонид. Дӯстону мураббиён ашки шодӣ  мерехтанд. Охир, аввалин  бор дар таърих паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон гардида буд.
Сайидмуъмин Раҳимов миёни ҳаводоронаш бо «ҳалуки искандарӣ» машҳур аст. Ин усулро ӯ дар ҷавонӣ дар назди  Искандаршоҳ Раҳматуллоев, қаҳрамони Осиёи Миёна ва эҷодгари усули мазкур азхуд намудааст.
Зафар АКРАМОВ

 

МУҶАССАМАИ ХАЙЁМ ДАР АСТРАХАН
Дар даҳаи аввали моҳи июл дар шаҳри Астрахани Федератсияи Русия муҷассамаи шоири тоҷику форс Умари Хайём қомат афрохт. Ҳайкал 1,5 тонна вазн дошта, дарозиаш 4 метрро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои портали «Каспийские новости»  маросими расмии ифтитоҳи муҷассама  моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешавад. Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Сергей Воробёв эҷод шудааст.
Зулола БОБОРАҶАБОВА

 

ЗИНДАГӢ ЧИСТ?
Адиби машҳури рус  Фёдор Достоевский, ки ӯро файласуф ҳам ном мебаранду дар бораи зиндагӣ ва мақсади он аз ҳама бештар фалсафаронӣ намудааст, чунин мегӯяд: «Бояд зиндагиро бештар аз мақсади он дӯст дошт».
Ҳамтои дигари Достоевский – Максим Горкий, ки ошиқи зиндагӣ буд, чунин мешуморад: «Ба зиндагӣ на аз роҳи мастӣ, балки бо эҳтироси том, мисли оне, ки ба ҷангали муқаддаси пур аз зиндагӣ ва муаммо ворид мешавед,  вуруд бояд шуд». Ҷои дигар ӯ мегӯяд, ки ба ҳар рӯз бояд чун ба зиндагии кӯчак назар афканд. Дар мавриди дигар Горкий таъкид месозад, ки зиндагӣ бо суръат пеш меравад, касе ба он расида натавонад, танҳо мемонад.
Аксаран ба зиндагӣ ва маънии он дар овони ҷавонӣ ва пирӣ андеша меронанд. Агар андешаҳои ҷавонон ба зиндагӣ некбинона бошад, пирон ба он чун файласуфон муносибат менамоянд. Ҷеферсон Дэвис ба чунин хулоса омадааст: барои он, ки пириро ба пародияи зиндагии ба сар бурдаатон табдил надиҳед, бояд ҳамон мақсадҳоеро, ки маънии зиндагиатонро ташкил медоданд, пайгирӣ намоед.   Онҳо аксаран аз садоқат ва муҳаббат ба наздикон ва фаъолияти дӯстдошта иборатанд.
Пас, маълум мешавад, ки зиндагӣ як мафҳуми муғлақу норавшан набуда, агар ба он бо нигоҳи қаҳрамони мо бингарем, хеле падидаи ҷолиб аст. Месазад, ки зиндагӣ кард!
Таҳияи М. ТАБАРӢ

 

Назари дигар
МУТОЛИАИ КИТОБ ДАР КӮДАКӢ БА САТҲИ ДАРОМАДНОКӢ БЕТАЪСИР НАМЕМОНАД
Олимони итолиёӣ аз Донишгоҳи Падуан муайян карданд, ки мутолиаи китобҳо дар бачагӣ на танҳо ҳофизаро мустаҳкам месозад, балки имкон медиҳад, ки  шахс дар калонсолӣ музди хуб ба даст орад.
Муаллифони таҳқиқот байни шаш ҳазор нафар аз нуҳ кишвари Аврупо, ки дар давраҳои аз соли 1920 то 1956 ба дунё омадаанд, пурсиш гузаронданд. Ҳамаи иштирокдорон вобаста ба миқдори китобдорӣ ба чор гурӯҳ тақсим шуданд. Ба гурӯҳи аввал нафароне афтоданд, ки дар хонаашон камтар аз даҳ китоб доранд. Ба гурӯҳи дувум дорандагони рафи китобҳои зиёд дохил шуданд, ба гурӯҳи сеюм онҳое воқеъ афтоданд, ки дорои маҷмӯаи на кам аз сад китоб буданд. Ва, ниҳоят ба гурӯҳи чорум иштирокдорони аз ҳама бештар мутолиа карда - дар хонаашон беш аз ду ҷевони пур аз асарҳои гуногуни бадеиву илмӣ  буда, шомил гаштанд.
Мувофиқи натиҷаҳо нафарони дорои китобхонаи калон, музди маоши нисбатан зиёд мегирифтанд. Ғайр аз ин, онҳо ба беҳсозии сатҳи зиндагиашон кӯшиш намуда, бештар ба мегаполисҳо мекӯчанд.
Олимон гумон доранд, ки мутолиаи китоб дар хурдсолӣ ба хониши аъло дар мактаб мусоидат менамояд ва ин дар навбати худ барои гирифтани маълумоти хуби минбаъда ва пайдо кардани ҷойи кор бо маоши муносиб асос мегардад.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 

ОЛАМ АГАР ЗЕБОСТ ОДАМ ЗЕБОТАР АЗ ОН АСТ
Тағоймурод Хушвахтов, ин ҳунарманд   ниёз ба муаррифӣ надорад. Чун сурудаҳои ӯ аз Ёвон оғоз гирифта, ба тамоми гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон рафта расидаанд.
 Ҳофизи шинохта ба зиндагӣ бо чашми дил менигарист. Ӯ бо сабку услуби хоси хеш  тавонист дар қалби ҳамагон маскан бигирад.
 Садо ӯро асоси мавҷудият гашта, сурудро бе ҷаҳон ва ҷаҳонро бе наво тасаввур карда наметавонист.
Тағоймурод  Хушвахтов,  алорағми ғам  оташ дар дилу дидаи мардум зада, рӯ сӯи  ситораҳо оварда буд. Инак, хайма дар  осмон зада. Вале  чакомаҳояш чун ахтарони Каҳкашон дар ҳолатҳои гирифторию шодӣ қалби моро мунаввар месозад.
Гулнисои САЪДОНШО

 

КУНҶИД ТАНҲО БАРОИ ИСТЕЪМОЛ НЕСТ  
Кунҷид гиёҳест яксола. Пояи рости сершоха, барги мудаввару нештаршакли думчадор, гули зангӯлашакли сафеду гулобӣ ё бунафш,  ғӯзаи сабзу сурхтоби дарозрӯя, тухми зағирмонанди сафеду зард, қаҳварангу  сиёҳ дорад. Онро  дар саноати хӯрокворӣ ва техника истифода мебаранд.
Дар тибби қадим низ аз  он васеъ истифода мешуд. Табибони чинӣ тухми кунҷидро чун воситаи рӯҳафзо ва позаҳр истифода мебаранд. Он барои ҷойҳои кафидаи пӯст малҳам аст. Равғани бо шираи сабр (алоэ) ва шарбати ангур омехтаашро ҳангоми диққи нафас кор мефармоянд.
Табибони мардумӣ равғани кунҷидро барои муолиҷаи ҷароҳат, захмҳои сӯхта, гӯшдард, хушкидани димоғ ва ҳангоми газидани ҳашарот  тавсия медиҳанд. Ба ақидаи табибони мардумӣ кӯфтаи кунҷид бо набот сӯзиши меъда ва сурхрӯдаро нест мекунад. Аз он ва муми занбӯри асал мумравған таҳия карда, ба рӯй бимоланд, ранги чеҳраро соф, неку ва мулоим мекунад.
Иқболаи РАҲМОН

 

Артистони халқии СССР
ВОЛЧКОВ
ҲУНАРМАНДЕ, КИ НАҚШИ ЛЕНИНРО БА ЗАБОНИ МОДАРИАШ ОФАРИД
Николай Николаевич Волчков дар  шаҳри Бабушкини вилояти Маскави Федератсияи Русия таваллуд шуда, пас аз хатми студияи маҳорати актёрӣ соли 1937 ба Тоҷикистон омада, дар таъсиси Театри давлатии  драмаи русии ба номи В. Маяковский саҳм гузошт ва қариб ним аср дар саҳнаи он ҳунар озмуд.
Зиёда аз сад нақшро самимӣ ва бо маҳорати баланд иҷро кардааст. Эҷодиёташ намунаи беҳтарини санъати таҷассумкорӣ дар офариниши образҳои гуногунхислат ба ҳисоб мерафт, симои қаҳрамононашро бо лиризми баланд, тақвияти таъсири сухан ва амалиёти пуртаҳрик манзури тамошобинон  месохт. "Ҷавонии сеюм", "Рӯҳонии испанӣ", "Задухӯрд баҳри зиндагӣ", "Любов Яровая", "Машенка", "Егор Буличев ва дигарон", "Дар зулмот" аз зумраи спектаклҳоеанд, ки дар онҳо нақши асосиро офаридааст.
Қуллаи баланди эҷодаш офаридани симои В.И. Ленин дар ҳамаи намоишномаҳои театр ("Соли пуртӯфон", "Соати бурҷи Кремл", "Ба номи револютсия" ва ғайра) ба шумор меравад.
Пеш аз мушарраф шудан ба унвони олии  Артисти халқии СССР (1974), унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1953) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1960) – ро сазовор гардидааст.
Умари ШЕРХОН

 

МОҶАРОИ МОШИН
Ё ХУД МАҶЛИСИ КУШОДИ ИТТИФОҚИ КАСАБА
- Рафиқон! – шаф – шаф нагуфта, гапро аз шафтолу сар кард директор. – Значит, исполкоми шаҳр барои коллективи мактаби мо як мошини сабукрави Жигулӣ додааст. Албатта, ин барои ҳамаамон, чи хеле мегӯянд, шараф аст. Значит, ба қадри чунин туҳфа ҳам нарасида намешавад. Лекин… лекин гап дар он, ки значит, мошин яктаву шумо, муаллимони азиз, қариб ситоед. Значит, ана, мақсади ҷамъ омадани мо дар чист?! Дар ҳамин маҷлис, значит, Жигулӣ бояд соҳибашро ёбад.
- Соҳибаш маълум, Камол Шарифович, - аз қатори охир баланд шуд овози муаллими таърих Ҷамолов. – Дар рӯйхат муаллим Судуров якуманд. Ба ҳамон кас диҳеду монед. Мо розӣ.
- Рост, рост! – тасдиқ карданд аксар ҳозирин, - баобрӯтарин муаллим аст.
- Ҳм, баобрӯтарин муаллим будааст, - лабпуртак кард Лайлихон, лаборанти кафедраи физика, ки бо зулфони равғанкарда дар қатори пеш менишаст. – Баобрӯтарин мешуд, чаро дар ин сӣ сол нагирифт мошин?!
- Ана, аз нав ба худ омад директор. – Значит, ҷони гап ҳам дар ҳамин ҷост. Навбати Лайлихон дар рӯйхат охирин аст. Инро шумо ҳам медонед. Лекин, значит, бояд гӯям, ки ин мошинро худи ӯ даводав карда гирифтааст. Барои ҳамин, значит…
- Чӣ, шумо гуфтаниед, ки мошинро ҳам ба ӯ диҳем? – ниҳоят ба ҳаяҷон омада сухани директорро бурид Судуров.
- О, дирӯзакак хонаро ба ӯ додед, лом нагуфтем. Акнун мошинро… Не, ин тавр намешавад.
- Рафиқони азиз! – ин дафъа хеле мулоим ва гӯё бисёр махфӣ бошад, оромона сухан кард директор. – Ман як гапро ба шумо гуфтанӣ, ки значит, мошинро бояд Лайлихон гирад. Хона додем ба ӯ, значит, гарнитуру парнитуру ҳама дову даскаро дорад. Шавҳари кори калон ҳам… Значит, ҳама чиз дорад. Акнун ҳатман значит, бояд соҳиби мошин шавад. Раиси калон ҳамин хел гуфтанд, значит…
- Кадом раиси калон? – бо ғазаб пурсид муаллимаи забону адабиёт Салимова, ки то ин вақт аз рафти маҷлис ҳайрон шуда, хомӯш менишаст.
- Раиси исмолком, значит. Ҳамоне ки барои мактаби мо мошин ҷудо кардааст.
- Номаъқул кардааст, раисат! Ба мактаби мо чӣ кор дорад ӯ?
- Ҳой муаллимача! – дид, ки намешавад, ба ҳуҷум гузашт Лайлихон. – Туро чиву гапзанӣ чӣ? Ҳама поша наъл зад, қурбоққа ҳам зад. Ту ба мошин чӣ муносибат дорӣ, ки ин қадар бидир – бидир мекунӣ? Шеърата хонда гаштан гир!
- Лайлихон, худатонро ба даст гиред. Гапҳои носазо назанед. Мо ҳам шумо барин одам. Даводав кардам гуфта, ҳақ надоред, ки мошинро худатон  гиред.
- Ҳақ дорам! Чунон ҳақ дорам, ки …
- Хайр чӣ!  Зиёд давида бошӣ, аз мактаб то исполком давидаӣ! Ҳамин ҳам кирои ман – манӣ шуд?
- Эҳе, дунёбехабар – е! Ба умеди чор мисраъ шеърат аз ҳама бехабар будаӣ – ку? Нодон!
- Ҳой, Лайлихон! Гуфтам – ку, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан. Худат нодон!
- Ту нодон! Нодон набошӣ, намефаҳмӣ, ки раис ба ту ҳамту, бе ҳиччӣ хонаву мошин… намедиҳад. О, ту аввал як борак бо ӯ ҳамсафар шав.
- Чӣ, чӣ гуфтӣ, Лайлихон! – дуруст сарфаҳм нарафа пурсид Салимова.
- Мегӯям, ки ман ворӣ ҳар сол шавҳару хонаву даратро партофта ҳамроҳи раис ба курорт рав, ана баъд даъвои хона мекунӣ, мошин мекунӣ, кардан гир! Фаҳмидӣ?
Аз чунин суханони Лайлихон ҳама ҳайрон шуданд. Салимова ҳам. Касе дигар лом нагуфт. Судуров низ аз навбаташ даст кашид.
Фақат директор ҳайрон нашуд.
(Соли 1992)
Гурез САФАР

 

БИДОН!
Фридрих Рюккерт:
Саломатӣ на сарватмандон, балки фақиронро дӯст медорад.Чаро? Чунки он аз харҷи зиёд ва хӯрдани бисёр нафрат дорад ва аз онҳо дурӣ меҷӯяд.  
   *  *  *
Касе, ки ҳатто зиёда аз нисфи сарваташро ба ниёзмандон мебахшад, ӯ ин қисмати дороиашро аз даст намедиҳад. Дарахти себ меваҳояшро барои он ба замин меафканад, ки шохаҳояш аз гаронии бор нашикананд.
 *  *  *
Дурӯғи содаву бепарда бигӯӣ ман бар он бовар мекунам. Лекин, агар ба исботу далел рӯй орӣ, пай мебарам, ки суханат аз садоқат дур аст.
 *  *  *
Дар ҳаққи касе, ки боре ҳангоми мусофират меҳмонаш будӣ, сухани бад магӯ.
 М. УРФОНОВА. Тарҷума аз русӣ

 

ОДАМОН ТАНБАЛ МЕШАВАНД?!
Баъзе иқтисоддонон андеша доранд, ки дар ҳолати будӣ ё бениёзӣ  одамон танбал мешаванд. Аммо Жак Фреско дар ин маврид назари дигар дорад.
Жак бар он андеша аст, ки дар ҳоли аз ҳама чиз таъмин будан ҳам, мағзи одам аз кор кардан намемонад. Агар чунин мебуд миллионерон дар як ҷой нишаста, ҳеҷ коре намекарданд. Воқеият ин аст, ки миллионерон дар як шабонарӯз 18 соат кор мекунанд ва ҳамеша вақташон намерасад.
Омили таҳрикдиҳанда метавонад на танҳо ниёзмандӣ ё муҳтоҷӣ бошад. Ба гуфтаи коршиносон ҳар қадар дониши инсон аз илмҳои ҷуғрофия, астрономия, кимиёву биология зиёд бошад,  кор барои онҳо ҳамон қадар шавқовартар мегардад ва  ҳамин дониши фарогир омили таҳрикдиҳанда мешавад.
Таҳияи Ф. ФАЙЗАЛӢ

 

Саргузашти ибратомӯз
УОРРЕН БАФФЕТ
Баффет дар оилаи брокери биржа таваллуд шудааст. Эҳтимол, худи фазои хонаводагӣ ба ӯ таъсир расонид, ки  аз айёми бачагӣ талош мекард худаш пул кор кунад. Ӯ ҳанӯз дар синни 8 - солагӣ дар китобхонаи падар ба хондани китобҳо дар бораи савдои коғазҳои қиматбаҳо шурӯъ кард. Дар синни 11 - солагӣ ба савдо таваҷҷуҳ зоҳир карда, тамоми таътилро дар биржа мегузаронд ва дар тахта бо бӯр дар навиштани нархҳои саҳмияҳои гуногун кумак мерасонд. Ин таҷрибаи фоиданок дар ҳаёти ояндааш лозим шуд.
Дар синни 13 - солагӣ Баффет дар идораи рӯзномаи «Вашингтон пост» ба ҳайси номарасон ба кор даромад. Дар моҳи аввал вай 175 доллар маош гирифт. Маблағи нахустини бадастомада Уорренро чунон рӯҳу илҳом бахшид, ки ӯ ба хонаводаи худ қавл дод, ки дар синни 30 - солагиаш миллионер мешавад.  Баффет туфайли иродаи устувор ба мақсади худ дар ҳақиқат бо каме таъхир расид. Ӯ аввалин миллиони худро дар синни 31 - солагиаш ба даст овард.
Аммо вай ба кори ҳақиқӣ дар синни камолот машғул шуд. Дар фаъолияти биржавӣ таҷриба ҳосил карда дарк намуд, ки  манбаи беҳтарини даромад пул аст ва дар соли 1965 ӯ ширкати холдингии «Беркшир Хатавей» - ро бо портфели саҳмияҳои ширкатҳои машҳур ба мисли «Кока - Кола», «Жиллет», «Америкэн Экспресс» ва ғайра созмон дод. Ба туфайли қобилияти дуруст баҳо додан ба раванди болою поён рафтани қимати саҳмияҳо баъд аз сездаҳ сол маблағгузории саҳомон ба ширкати Баффет аз 10 ҳазор доллар ба 80 миллион доллар расид. Даромади саҳомони худро зиёд гардонда, худи Баффет бештар аз 12 миллиард доллар кор кард ва аз рӯи дороӣ дувумин одами сарватманд дар Амрико гардид.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

 

ИЗИ АНГУШТ 2000 СОЛ ПЕШ НИЗ БАРОИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ШАХСИЯТ ИСТИФОДА МЕШУД
Яке аз воситаҳои муайян намудани шахсият ин изи ангуштонаш мебошад. Аммо ба андешаи коршиносон ин усули нав нест. Зеро дар Чин навиштаҷоти қадимие пайдо шуд, ки дар он ҷойи имзо изи ангуштон мавҷуд аст. Бо ин далел метавон гуфт, ки роҳи муайян намудани шахсият аз рӯи изи ангуштон тақрибан 2000 сол пеш вуҷуд  доштааст.
 Вале дар илм изи ангуштро бори аввал барои муайян намудани шахсият олими итолиёвӣ Марчелло Малпиги соли 1686 истифода бурдааст. Ӯ зери заррабин рахҳои дар ангуштон мавҷуд бударо омӯхта, дарк менамояд, ки рахҳои мазкур шаклҳои махсуси ҳалқамонанд доранд.
Баъдтар усули гирифтани изи ангушт барои муайянкунии шахсияти маҳбусон соли 1858 истифода гардид.
Соли 1880 олими англис Франсис Галтон таснифоти системаи изи ангуштонро оғоз намуд.  Баъди чанд сол ин система аз тарафи комиссари полиси Лондон Эдвардом Генри сода карда шуда, дар ҳама кишварҳо ҳамчун воситаи  муайянкунии шахсият дар кушодани ҷиноятҳо паҳн шуд.
Имрӯз дар аксари таваллудхонаҳои кишварҳои дунё  изи кафи пойи тифлони навзод гирифта мешавад. Чунки бо ин роҳ низ метавон шахсияти инсонро муайян намуд.
Таҳияи Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ

 

ХАСИСТАРИН ОДАМИ ДУНЁ
Оё медонед, ки хасистарин одам Қорӣ - Ишкамба набуда, балки Генриетта Хоулэнд будааст. Ӯ 3 июли соли 1916 дар синни 81 - солагӣ аз сактаи дил аз олам чашм пӯшид.
Ин зан ҳамчун хасистарин одами ҷаҳон дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт шудааст. Аз Генриета ба ду фарзандаш 4 миллиард доллар мерос монд. Фарзандон пулро байни худ тақсим намуда, писараш заводи автомбил кушоду духтараш нисфи саҳми худро ба сағерахона ва одамони бепарастор тақсим намуд.
Генриета сачоқҳои қоғазиро намепартофт, онро бо чи роҳе тоза намуда, аз нав истифода мекард. Ҳатто вақте пойи писараш маҷрӯҳ мешавад, ӯро дар беморхонаи оилаҳои нодор мехобонад, ки дар натиҷа фарзандаш аз як пой маҳрум мешавад. Мегӯянд Генриета аз айёми ҷавониаш хасис буд, чунки ҳамон вақт ӯ бо як курта, як пойафзол ва як кӯлоҳ мегашт.
Таҳияи Ф. АЛИШЕР

 

АЗ ҲАЗЛУ ШӮХИҲОИ МАРДУМИ КӮҲИСТОН
 - Шунидам, ки ба  нафақа баромада, бо мактаб  хайрухуш  кардаед, - пурсид Саодатшо аз   муаллим Давлатназар. -  Намешуд, ки  як - ду соли дигар кор  мекардед?
-  Бародар,  саломатиам  чандон  хуб нест, чашмонам  ҳарфҳои  майдаро  намебинанд, бо  ин  ҳол  чӣ  хел  мешавад, ки ба назди  талабагон  дароям?  - арз  кард Давлатназар.
- Чӣ  хел  намешудааст? - гуфт  Саодатшо. - Охир   Савлатшо, ҳарф он тараф истад, талабаро намебинад, бемалол дарс  дода  истодаасту – ку!..
Раҳмони ГУЛЗОР

 

ТАРБУЗ ДАВОИ ФАРБЕҲӢ
Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд. Онҳо мегӯянд, ки гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд, бо истеъмоли тарбуз, вазнашонро коҳиш диҳанд.
Тарбуз дар таркибаш 90 - 95 дарсад об дорад ва он шифобахш аст. Зеро оби тарбуз дистиллатсияшуда мебошад.
Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ доранд. Барои таъмини шабонарӯзии ҷисм бо магний хӯрдани 150 грамм тарбуз кофист.
Касоне, ки гирифтори фишори баланди хунанд, бояд ҳатман ба номгӯйи ғизои рӯзмарраашон тарбузро ҳамроҳ намоянд. Тарбуз холестеринро низ аз ҷисм берун мекунад, ки зимни бемориҳои дилу раг муҳим аст.
Миёни тамоми полизиҳои дигар тарбуз хосияти қавии пешобронӣ дорад. Ин хосияти тарбуз дар пӯчоқи он низ эҳсос мешавад. Аз пӯчоқи тарбуз ҷӯшобае тайёр кардан мумкин аст, ки барои муолиҷаи бемориҳои дилу гурда кумак мерасонад.
Донаи тарбуз ҳам барои шустани санги гурда ва ҳам барои нест кардани кирм (гелминт) - ҳо воситаи хубе мебошад.  Дар ин бобат донаи тарбуз бо донаи каду рақобат карда метавонад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2016    №: 137    Мутолиа карданд: 1258

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед