logo

иҷтимоиёт

МУШКИЛИ ПОЧТА ДАР ЧИСТ?

Ё ЧАРО РӮЗНОМАҲО БА СЕ НОҲИЯ ДЕР МЕРАСАНД?
Дар гӯшаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон дурии роҳ, надоштани автомашинаҳои хидматӣ ва камбуди молиявӣ дасти кормандони шуъбаҳои алоқаи почтаро бобати сари вақт ба муштариён расондани матбуоти даврӣ кӯтоҳ кардааст.

Бо аспи шахсӣ дар хидмати халқ
Зерсохторҳои Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон дар як ҳафта беш аз 60 номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявию маҳаллиро дар вилоят паҳн мекунанд, ки вазни холиси якрӯзаашон беш аз 1100 килограмм аст. Аксари нашрияҳо ҳафтае як маротиба ба табъ мерасанд, вале “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва “Имрӯз News” аз панҷ то седафъаӣ чоп мешаванд. Мақсад, агар хаткашон ба ҳудуди фаъолияти хеш ҳафтае панҷ рӯзи корӣ сафар накунад, албатта, муҳтавои ҷарида, махсусан “Ҷумҳурият”, куҳнаву нодаркор мегардад. 
Таҳқиқи бевоситаи мо нишон дод, ки ба истиснои ноҳияҳои алоҳида - Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Вахш дар дигар ҷойҳо дастраснамоии матбуоти даврӣ нек ба роҳ монда шудааст. Аммо, чаро кори шуъбаҳои алоқаи се ноҳияе, ки зикрашон рафт, ба талабот ҷавобгӯ нест? Дар посух ба ин суол муовини директори Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Зоиршо Мирзоев чунин гуфт:
“Якчанд деҳа аз марказҳои маъмурӣ хеле дур ҷойгир шудаанд. Шуъбаҳои алоқа автомашинаи махсуси хидматӣ надоранд, то ҳамарӯза он масофаро ба осонӣ тай кунанд”.
 - Ба баъзе деҳаҳои дурдасти кӯҳистон рӯзномаю маҷаллаҳоро дар як ҳафта се маротиба бурда метавонем, - мегӯяд Нуралӣ Убайдов, сардори Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Ховалинг. - Ман собиқаи кории 29 - сола дорам. Азбаски солҳои пеш тавассути почтаҳо амалиёти бештар сурат мегирифт, колхозу совхозҳои собиқ ба мо асп медоданд ва ҷавашро ҳам таъмин мекарданд. Ҳозир ягон нақлиёт надорем. Таксиронҳо барои то мактаби “Оби Дара” - и Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ рафтану омадан 40 сомонӣ талаб мекунанд.
- Ба Ҷамоати деҳоти “Машъал” муросилоти почтавию рӯзномаҳоро ҳафтае ду маротиба бурда метавонему халос, - иброз кард Алишер Ҷӯраев, сардори Маркази алоқаи почтаи ноҳияи Вахш. - Зеро бархе деҳаҳо аз маркази ҷамоат 60 - 80 километр дур ҷойгиранд. Хаткашон аспи шахсиашро кор мефармояд. Роҳ, ки дур аст, на ҳар кас бо мо кор кардан мехоҳад.
Умеда Собирова, сардори Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон, изҳор намуд, ки ниҳоди онҳо бинобар мавҷуд набудани даромади иловагӣ бидуни ёрии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо наметавонад мушкилоти марбут ба нақлиётро дар 176 шуъбаи алоқаи почта ҳал намояд. “Барои ҳалли ҳамин мушкилот давоми шаш соли охир Хадамоти алоқаи почтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи вилоятиро бо се автомашинаи боркашу сабукрав таъмин кард. Аз ин лиҳоз, мо ҳамеша шумораҳои фардоинаи кулли рӯзномаҳоро аз матбааҳои пойтахти мамлакат як рӯз пеш аз тақсимот ба вилоят ворид мекунем”, - афзуд Умеда Собирова.   

Кор ҳаст, идора не?
Ба қавли Зоиршо Мирзоев дар фаъолияти онҳо мушкилоти фавқ, мутаассифона, намунаи ягона нест.
- Аз сабаби таҷдид шудани колхозу совхозҳо ва ба тавозуни хоҷагиҳо гузаштани биноҳои шуъбаҳои алоқаи почта феълан 61 шуъбаи алоқа бинои расмӣ надорад, - гуфт ӯ. - Кормандон фаъолияташонро дар хонаҳои худ ва дар биноҳои “Тоҷиктелеком”-у ҷамоатҳо амалӣ мекунанд, ки ин хилофи талаботи соҳа аст. 
Дар мавриди бо иншоот таъмин намудани муассисаҳои мавриди таҳлил дар сархати чоруми моддаи 25 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи почта” аз 9 августи соли 2003 чунин омадааст: “Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вазифадоранд ташкилотҳои давлатии алоқаи почтаро дар биноҳои истиқоматӣ ё дигар биноҳое, ки ба меъёрҳои технологӣ мувофиқанд, ройгон ҷойгир намоянд”. 
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, садорати корхонаи онҳо ин муқаррароти қонунро чандин маротиба ба таври шифоҳию хаттӣ бо раисони шаҳру навоҳии вилоят дар миён гузоштаанд, аммо аз натиҷаи мусбат ҳанӯз дарак нест.

Мукотибақуттиҳо куҷо шуданд?
Мушкили дигар дар бобати сари вақт дастрас кардани нашрияҳоро инҷониб муддати мадидест, ки мустақиман мушоҳида дорад. Намедонам чаро, дар аксар биноҳои чандқабатаи вилоят мукотибақуттиҳо ё худ қуттиҳои почтавӣ канда партофта шудаанд. Ҳангоми сохтани биноҳои истиқоматии нав низ насби он дар назари дастандаркорон як кори беҳуда менамояд.
- Дар вилоят рӯзномаву маҷаллаҳои беш аз чор ҳазор нафар ба хонаҳояшон бурда мешавад, - иброз дошт Маҳмадалӣ Хидиров, сардори шуъбаи муросилот ва хоҷагидории Корхонаи фаръии КВД “Почтаи тоҷик” дар вилояти Хатлон. - Дар сурати набудани мукотибақуттӣ мо маҷбурем, ки то 5-уму 9-ум ошёна бароем. Ва, агар соҳибхонаро пайдо накардем, маҷбур рӯзи дигар меоем. Барои хаткашонҳо, ки аксарияташон миёнаумру пиронсоланд, ин кори осон нест. 

Шахсияти ватандӯстро мо созем ё дигарон?
Ҳамаи ин мушкилот, ки хоси дигар марказҳои алоқаи почтаи ҷумҳурӣ низ ҳаст, оё метавонанд дар масири шаклгирии шахсияти комил, ҳоло дар мисоли хатлониҳо, таъсири манфӣ расонанд? Дилшод Назирмадов, устоди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, мегӯяд, ки ин аз эҳтимол дур нест. “Дар кӯҳистон деҳаҳое ҳастанд, ки ҳатто хати барқ надоранд. Биноан, на ҳама аз тамошои барномаҳои телевизионӣ ва истифодаи шабакаи ҷаҳонии  интернет бархӯрдоранд. Матбуоти даврӣ барои сокинони ин гуна мавзеъҳо воситаи муассиртарини воқиф шудан аз навгониҳои ҳаёт маҳсуб меёбад”, - изофа кард ӯ.

Сафи рӯзномахонҳо кай меафзояд?
Дар ҳошияи андешаҳои ин устоди донишгоҳ зикр карданием, ки масъулон бояд нақши матбуоти даврии ватаниро дар ташаккули андешаи миллӣ нодида нагиранд. Ва, ҳамзамон, ба василаи дигар фаъолон муваффақ бар он шаванд, ки сафи рӯзномахонҳо афзояд. Донишро беҳуда “чароғи равшан” нагуфтаанд. Хирадманд аст, ки даст ба ободкорӣ мезанад. Агар сарватмандон аз ашхоси хоҳишманд дар як сол як маротиба зимни обунашавӣ мадади хешро дареғ надоранд, гӯё барои худ як садақаи ҷория карда бошанд. Чунки хонандаи рӯзнома, яъне ҷӯяндаи ахбору мақола ҳам як толиби илм аст. Вале, мутаассифона, дар истинод ба таҳлилҳои коршиносон дар як вилояти калонтарини кишвар - Хатлон, ки нуфузи аҳолиаш бидуни кӯдакону пирон наздик ба 2 миллион аст, ба 25-30 нафар як рӯзномаю маҷалла рост меояду бас. Оё ин дар шароити ҷанги иттилоотӣ ва афзоиши мағзшӯии ҷавонон кофист? Масъулон сари ин масъала чаро андеша намекунанд?

Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2016    №: 137    Мутолиа карданд: 448

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед