logo

сиёсат

ХОВАРИ МИЁНА. САБАБИ НИЗОЪҲОИ ФАРОГИР СУИСТИФОДА АЗ АРЗИШҲОИ ИСЛОМ АСТ

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи раванди хатарнок касб намудани экстремизм ва терроризм ҳамчун мавзӯи калидӣ баҳогузорӣ шуд. Дарвоқеъ, суистифодаи арзишҳои волои дини ислом боиси роҳандозии низоъҳои динию мазҳабӣ ва миллию нажодӣ дар кишварҳои Ховари Миёна гардидааст.

Чунин вазъи таъсиргузории беруна аз мо талаб менамояд, ки ба масъалаи зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намоем ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷавонон тақвият бахшем. Наврасону ҷавонон бояд донанд, ки ҳамаи низоъҳо дар заминаи «вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» ва сабаби асосии ҷангу куштор, низоъҳои мазҳабию динӣ ва харобию вайрониҳо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» будааст.    
Ин созмони террористиро муҷоҳидони салафӣ таъсис доданд ва моҳи июни соли 2014 худро ҳамчун «Давлати исломӣ» дар қисмати ғарбии Ироқ муаррифӣ карданд. Ин гурӯҳ мақсади асосии худро бунёди Хилофати саросарии ҷаҳонӣ эълон кард ва Абубакри Бағдодиро халифаи нахустини худ эълон намуд. Сипас, номи пурраи он дар шакли англисии «Islamic State of Iraq and the Levant» (ISIL) пайдо шуд. Дарҳол номи русии он - «Исламское государство Ирака и Леванта», ки шакли мухтасараш ИГИЛ аст, дар расонаҳо паҳн гардид. Дар як вақт номи арабиаш низ ҳамчун «ад-Давлату-л-исломияту фӣ-л-Ироқи ва-ш-Шом» расонаӣ шуд. Худи роҳбарону саркардагони ин созмон онро «Давлати исломӣ» номгузорӣ кардаанд.
Бояд зикр кард, ки имрӯз экстремизм ва терроризми диние, ки дар шакли «Давлати исломӣ» зуҳур кардааст, проблемаи глобалии ҷаҳонӣ аст. Ҳарчанд аксари давлатҳои ҷаҳон ин созмонро ниҳоди террористӣ эълон кардаанд, вале ҷои бисёр таассуф аст, ки ҳоло ҳам таъсиргузорӣ ва мағзшӯии мубаллиғонаш дар байни шаҳрвандони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, алалхусус, ҷавонони  тоҷик идома ёфта истодааст. Кӯшишҳои бадном кардани мазҳаби суннатии ҳанафӣ аз тариқи расонаву сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии хориҷӣ роҳандозӣ мешаванд. Мо бояд зиракона дарк намоем, ки саркардагони «Давлати исломӣ» аслан ният доранд мафкураву андеша ва ҷаҳонбинии насли ҷавони кишвари моро тағйир диҳанд. Дар ин масъала  онҳо тамоми имкониятҳои технологияи баланд ва таъсиррасони равонию идеологиро роҳандозӣ менамоянд.
Ин ҷо зарур мешуморем ба таваҷҷуҳи падару модароне, ки ҷавонписарону духтарони бакамолрасида доранд, масъулона расонем, ки аз гуфтору рафтор ва кору пайкори фарзандонашон огоҳии комил дошта бошанд, вазъияти мураккаби муосиррро дуруст ба онҳо фаҳмонда диҳанд ва нагузоранд, ки ҷигарбандонашон ба коми аждаҳоӣ ва доми аҳримании душманони ислом ва фарҳангҳои миллӣ гирифтор шаванд. Маълум аст, ки шахси ҳунарманд, огоҳ ва кордон ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби касе намеафтад. Ин хатар бештар байни ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта таъсири нохуб дорад. Ба назари мо, шинохтани  мубаллиғони ба ном худоҷӯи «Давлати исломӣ» он қадар мушкил нест. Дурӯғ будани даъватҳои онҳоро аз рӯйи мантиқи одӣ муайян кардан мумкин аст.
Яке аз онҳо, ваъдаи пардохти маблағҳои калон ва шароити ниҳоят хуби кору зиндагӣ аст, ки дар шароити буҳрони молиявию иқтисодӣ дурӯғи маҳз мебошад. Дуюм, онҳо асосан ба ҷиҳод ва фидокорӣ дар роҳи адолати исломию инсонӣ даъват мекунанд. Дар замони пешрафти илму техника ва табодули маълумот аз тариқи интернет ҳар кас метавонад огоҳӣ пайдо кунад, ки маънои аслии ҷиҳод барои  зиндагии созгор саъю талош ва ҷидду ҷаҳд кардан аст. Ҷиҳоде, ки онҳо пешниҳод мекунанд, худкушӣ аст.
Аз ин рӯ, вазифаи ҳар шахси  солимфикри ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки бо истифода аз ҳамаи роҳу василаҳои имконпазир ҷавононро аз  таъсиргузории ақидаҳои маъшуми беруна раҳоӣ бахшем. Бояд ҳар  зиёии ватандӯст нагузорад, ки падару модари тоҷик бо хуни ҷигар фарзанд тарбия карда, ба воя расонад, вале ба ҷойи дар хидмати халқу Ватани худ будан онҳо ба осонӣ гирифтори ақидаҳои заҳрогини мазҳабии сохта ва ифротӣ шаванд, дар хорию зории хоки бегона оғуштаи хун ва қурбони андешаҳои беарзиш гарданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол аз оғоз дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти экстремизм ва терроризм қарор дошт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар таҷрибаи худ дарк кардаанд, ки танҳо давлату давлатдории пойдори миллӣ, беҳтар шудани зиндагии мардум, раванди бебозгашти ободонию созандагӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ ояндаи дурахшони моро муайян карда метавонанд.
Дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо роҳи дигаре ба ҷуз дарёфти ҳалли дурусту оқилонаи ин масъалаи ташвишовар  надорем. Ҷавонони хушбахти Ватан бояд донанд, ки натиҷаи кӯркӯрона ва булҳавасона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ танҳо   пушаймонию саргардонӣ аст. Онҳо бояд бовар кунанд, ки ҳар раванду ҷараёни дурӯғин оқибат расвою шарманда мешавад, ки гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»  истисно нест.

Баракатулло КАМОЛЗОДА,
сардори Раёсати назорати иҷрои
қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2016    №: 137    Мутолиа карданд: 658

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед