logo

фарҳанг

МАҲСУЛОТИ ДАСТӢ СИФАТИ БЕҲТАР ДОРАД

Табақтарошӣ аз ҳунарҳои миллиест, ки ҳамеша тақозои замон маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди рушди бемайлони технология ба пайдоиши садҳо намуд олоти ивазкунандаи он ҳанӯз ҳам талабгорони табақҳои тоҷикӣ миёни мардум кам нестанд.
Сафаралӣ Мирзоев, сокини деҳаи Обшорони шаҳри Кӯлоб мегӯяд: «Табақтарошӣ тарзу усул ва нозукиҳои худро дорад. Аслан, табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои  суннатии тоҷикон  аст. Устоҳои он бо сохтани табақ, кафлезу  қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ машғуланд. Устохонаҳои табақтарошӣ  дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешаванд. Аз таги устохона ҷӯйи об мегузарад ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешавад. Об бо суръати баланд аз новдон омада, чархро гардон мекунад ва чарх тири дастгоҳро  тоб медиҳад. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷойи дукон устувор  мешавад. Дар болои тир се адад мехи рӯболо  кӯфта шуда аст, ки усто ба онҷо чӯби коркардашударо маҳкам  мекунад. Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачӯб низ тоб мехӯрад ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ  шурӯъ менамояд.
Барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор ва зарбед истифода мешаванд. Устоҳои Дарвоз чӯби дарахтеро интихоб мекунанд, ки дар он ҷойҳо шамол камтар вазад. Ин гуна чӯб  барои  коркард  мувофиқтар мебошад. Кундаҳои дарахтонро бурида дар оби ҳавзу обанборҳо ба муддати дароз, баъдан то чор - панҷ моҳ нигоҳ медоштанд, то ки обро пурра ба худ кашида, дар вақти коркард девораҳои табақ ё ашёи дигар накафад.
Табақтарошӣ ҳунари меросии оилаи мост.  Дар замони муосир ин мероси бобоиро бо тарзу усули нав, бо дастгоҳҳои нав истеҳсол мекунанд, ҳарчанд асбобҳои мо сифати олӣ надошта бошад ҳам,  кори мо бо сифат аст», -  иброз  дошт Сафаралӣ  Мирзоев.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 914

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед