logo

иқтисод

МУҶОЗОТ ИН ДАФЪА БА СОҲИБКОРОНИ МАРДУМФИРЕБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта, ҳамчунин таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон вазифаи асосии Агентии Тоҷикстандарт ба шумор меравад.
Бино ба иттилои Анварзода Сунатулло, сухангӯи Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мутахассисони ин ниҳод 977 санҷиши давлатӣ гузаронда, 264 нафар соҳибкорро барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ, аз қабили ба савдо баровардани маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлати истеъмолашон гузашта тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот намуданд.
Ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ, аз бозору нуқтаҳои савдо миқдори зиёди маҳсулот, аз ҷумла 1000 кг намаки ошӣ, 54100 кг равғани рустанӣ, нӯшокиҳои машруботӣ ва ғайримашруботӣ, маҳсулоти макаронӣ, орд, консерваи меваю сабзавот, тухми мурғ, инчунин 1330 дона бозичаҳои кӯдакона ғайристандартӣ дониста, аз фурӯш боздошта ва нобуд карда шуданд. Илова бар ин, аз бозорҳо 561 воситаи ченак,  ки ба стандарт ҷавобгӯ набуд аз муомилот гирифта шуд.
Гурӯҳҳои кории марказ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар байни шаҳрвандон ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Бо вуҷуди ин, дар самти пешгирии савдои маҳсулоти пастсифат ҳанӯз камбудиҳо бисёранд. Камбудиҳои содиршуда аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги хизматрасонии соҳибкорон шаҳодат медиҳанд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 451

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед