logo

иҷтимоиёт

АГАР МО НАХОНЕМ…

(Ба озмуни «Ҷумҳурият»)

Тайи чанд соли охир масъалаи аз мутолиа ва омӯзиши амиқу ҳадафмандонаи осори бадеӣ дур мондани насли наврас ҷомеаро ба ташвиши ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст. Олимону муҳаққиқон, аҳли адабу фарҳанг, масъулони китобхонаву нашриёти гуногуни кишвар дар баҳсҳову ҳамоишҳо ва суҳбатҳои мизҳои мудаввар бо дарки мавзӯи матраҳ ва огоҳмандона сабабу омилҳои каммутолиагии шогирдони макотибу таълимгоҳҳоро баррасӣ намуда, роҳи ҳалли онро аз дидгоҳи хеш баён медоранд.
Дар ин замина чанд мушоҳидаю бардоштҳои хешро манзури хонандагон карданиям, то ки дар кушоиши гиреҳи мушкилоти мазкур нақше дошта бошанд.
Омили нахустин ва асосӣ дар ин раванд ҳамоно устодон маҳсуб меёбанд. Маҳз муаллимонанд, ки дар бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба хондан ҳиссаи мондагор мегузоранд. Бавижа, омӯзгорони фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ муваззафанд, ки тарзҳои гуногуни мутолиаро, аввалан худ дарёбанду пасон он роҳҳои завқфизою ҷолибро ба маърази диққати шогирдон гузоранд.
Дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ чунин омӯзгорони сарсупурдаву фидоӣ, ки барои маърифатманд гардидани насли ояндаи миллат кӯшиш мекунанд, кам нестанд. Бо вуҷуди ин,  воқеияти солҳои охир бозгӯйи он аст, ки ҳанӯз ковишу ҷустуҷӯҳо ва ранҷу риёзаткашиданҳои устодон дар ин самт муассиру таконбахш нест. Ба назар чунин мерасад, ки як ваҷҳи асливу муқаддами каммутолиагии хонандагон дар бепарвоӣ ва таваҷҷуҳи андаки муаллимон нуҳуфтааст. Аввалан, дар ин боб бояд худи муаллимон намунаи шогирдон бошанд. Яъне, эшон дар мутолиаи осори бадеӣ пештоз ва саҳим бошанд. Дар дарсу машғулиятҳои иловагӣ аз асарҳои беҳтарини адибони ҷаҳониву ватанӣ  сухан дар миён оранду бо шавқу шӯри беандоза моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва ғояи башарии он осорро тафсир ва маънидод намоянд.
Талқини мутолиаи осори бадеӣ набояд танҳо вазифаю рисолати омӯзгорони забону адабиёт бошад. Боястӣ ба гунаи ҷиддиву муассир кулли муаллимони мактаб дар бедорӣ ва ангезаи зеҳнии шогирдон хидмат ва саъю азм намоянд. Имрӯз, ба гумони мо ана ҳамин ҷӯшу хурӯши омӯзгорон баҳри такон бахшидан ба қобилият ва завқи хуфтаи шогирдон ба гунаи зарурӣ ба мушоҳида намерасад.
Ҳамбаста ба ин, пайваставу муттасил созмон додану гузарондани маҳфилҳои адабӣ, ҷамъомаду конфронсҳои шавқовар, баргузории озмуни «Кӣ бештар китоб хондааст?» ва ғайра ҳаддалимкон барои ба мутолиаи асарҳои бадеӣ ҷалб гардидани шогирдон мусоидат хоҳад кард.
Маъмулан, дар ҷалби хонандагон ба мутолиа китобхонаҳои мактабию ҷамъиятии шаҳраку деҳот нақши умда ва асосиро мебозанд. Ба ақидаи коршиноси масоили маориф С. Набиева дар ин роҳ кумаку дастгирии соҳибкорон баҳри пурра намудани фонди китобхонаҳо ва ташкили вохӯрию мулоқоти адибон бо мактаббачагон аҳамияти бузурге дорад.
Имрӯз аҳли илму адаби кишвар дар поин рафтани сатҳи мутолиаи осори бадеӣ технологияву дастгоҳҳои электронии ҷадид, телефонҳои мобилӣ ва интернетро сабабгор медонанд. Шояд то ҷое ин афкор ба ҳақиқат наздик бошад, аммо…
 Чаро, дар Ҷопон бо истифода аз технологияи навтарину муосир мутолиаи китоб ба дараҷаи баланд расидааст? Солҳое, ки дар Русия қарор доштам, бо ду чашми сар медидам, ки мардуми он кишвар (хоса, аҳли шаҳри Санкт-Петербург) дар роҳу хиёбонҳо, дохили автобусу маршрутка ва метрову қатораву тезгард дар мутолиаи китоб ғарқ гардидаанд. Хеле хуб аст, ки солҳои  охир мактабҳои шаҳру навоҳии мамлакат захираи китобҳои бадеии китобхонаҳояшонро зиёд карда истодаанд.
Ҳамакнун, мушкил сари он аст, ки фаъолияти ҳирфаии китобдорон дар кадом зина қарор дорад? Бешак, китобдорон бояд соҳибихтисос ва донову закӣ бошанд. Вақти он ҳам расидааст, ки маоши ин гурӯҳи заҳматкаш, афзун карда шавад. Дигар, вақти ба сафи китобдори  муассисаҳои таълимӣ баргузидани ҳар гуна ашхоси тасодуфию бемаълумот кайҳо гузаштааст. Умуман, масъалаи китобдорӣ дар таълимгоҳҳо бо тамоми паҳлуҳову ҷузъиёташ бояд  мавриди бознигарӣ ва таваҷҷуҳ қарор дода шавад.
Як самти зуҳури майлу хоҳиши китобхонӣ ин ташкили вохӯрию мулоқотҳои мактабиён бо шоиру нависандагон, бахусус адибони бачагон ба шумор меравад. Солҳои шӯравӣ адибони маъруфу намоёни мо ва аҳли илму фарҳанг тез-тез ба назди мардуми заҳматкаш, бахусус мактабиён мерафтанд. Аз осори худ пораҳо қироат мекарданд. Мактабиён низ ин гуна адибонро дӯст медоштанд. Ва интизор мешуданд асарҳои тоза ба тозаашонро. Акнун ин амал қариб, ки аз байн рафтааст. Аз ин хотир, ба маъмурияту сарварони макотиби кишвар зарур аст, ки иқдому ташаббус нишон дода, шоиру нависандагонро ба вохӯрию мулоқот бо хонандагони таълимгоҳашон даъват намоянд.
Дар мутолиа ва омӯзиши доимии фарзандон саҳми волидон бағоят калон аст. Ба касе пӯшида нест, ки имрӯзҳо ҳар як хонадони тоҷик бештари вақти пурқимати худро ба тамошои филмҳои силсилавии туркию ҳиндӣ сарф мекунад. Ҳароина, ин машғулиятро касе ҳуқуқи манъ кардан надорад, вале тамоми вақти шомгоҳии фарзандонро ба ин кор масраф кардан ва ин равандро ба ҳадди ифрот расондан аз рӯи инсофу масъулият нест. Бояд ба китоб - сарчашмаи маърифат, ахлоқи баланд ва воситаи донишафзункунии фарзандон рӯ биёварем.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 473

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед