logo

иқтисод

ОБУ ОБОДӢ. СУХАН ДАР БОРАИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН МЕРАВАД

Дар деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар як сония 7 литр об мебарорад. Ин миқдор об кифоя аст, ки эҳтиёҷоти ба об доштаи чорвои 100 оилаи деҳа бароварда шавад.
- Дар Ҷамоати деҳоти Чагам 2 ҳазор сар чорвои калон ва зиёда аз 12 ҳазор сар моли майда нигоҳубин карда мешавад, - мегӯяд Сайҳомид Саидов, раиси он. – Чорвои мавҷуда пештар аз оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашид. Аз рӯйи барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоат 2 чоҳи амудӣ канда шуд. Аз чоҳи деҳаи Раҳмонобод об баромад ва танқисии ба об доштаи чорво бартараф гашт. Ҳамчунин як чоҳ дар деҳаи Чагами Поён канда шудааст, ки то ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар Ҷамоати деҳоти Чагам мардум ба чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғу токпарварӣ шуғл меварзанд. Ҳоло кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосили ғалла машғуланд.
- Дар деҳоти мо аҳолӣ бештар ба кишти нахӯд, наск, зағир ва полизӣ сару кор доранд, - мегӯяд Сайҳомид Саидов. – Аз кишти ин зироатҳо даромади хуб мегиранд. Баъди қабули Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016 – 2020 барқарорсозии боғу токзори куҳна оғоз ёфт. Дар деҳоти Чагам, Чагами Поён, Назарбойӣ, Раҳмонобод ва дигарҳо 132 гектар парвариш мекунанд.
Деҳоти кӯҳистон дар солҳои Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ хеле обод шуд ва рушд кард. Имсол дар ҳудуди ҷамоат ду мағоза, се нуқтаи хидматрасонӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Сохтмони бунгоҳи тиббӣ, беморхонаи қитъавӣ барои 15 ҷой ва мактаб низ оғоз ёфт.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 351

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед