logo

иҷтимоиёт

САТҲИ БЕМОРИҲОИ ДИЛУ РАГҲОИ ХУНГАРД АФЗУДААСТ. ЧӢ БОЯД КАРД?

Солҳои охир дар аксар кишварҳои ҷаҳон сатҳи болоравии гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард мушоҳида мешавад, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ истисно нест. Бино ба таҳлили худи коршиносон дар давоми 5 - 6 соли охир он тахминан 39 дарсад зиёд гардидааст, ки хеле нигаронкунанда аст. Қариб 40 дарсади ин ҳолатҳо сабаби марги беморон мегарданд.

Тошпӯлод  Гулмуродов, корманди илмии Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард иброз дошт, ки ин бемориҳо миёни бемориҳои сабаби марги инсоншаванда ҷойи аввалро мегиранд.
 «Бемориҳои мазкур сабук ба назар расанд ҳам, ба ҳаёти инсон хавфи калон доранд. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бештар аз 30 дарсади беморони мазкурро метавон ба таври пурра бо истифода аз технологияҳои гуногуни инноватсионии ҷарроҳӣ ва эндоваскулярӣ муолиҷа намуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон миқдори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард дар соли 2014 нисбат ба соли 2000 - ум 39,2  дарсад  зиёд гардидааст.  Дар ин сол фавт дар заминаи бемории ишемияи дил дар байни мардони сини 40 – 46 - сола 194,4 нафар ба 100 000 аҳолӣ баробар шуд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии кишвар ҳамасола дар ҷумҳурӣ беш аз 1700 нафар кӯдакон бо нуқсони модарзодии дил таваллуд шуда, 75 дарсади онҳо бинобар нагирифтани табобати махсусгардонидашуда бармаҳал мефавтанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин  иттилоъ медиҳад, ки барои коҳиш додани хавфи бемории мазкур дар баробари тайёр кардани табибони соҳаи ҷарроҳии дил, инчунин таҷҳизоти зарурии соҳа низ дастрас карда шудааст. Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вобаста ба ин масъала изҳор дошт, ки амалиётҳои ҷарроҳии дил дар кишвар натиҷаи мусбат дода истодаанд.
«Солҳои пеш шаҳрвандони мо барои ҷарроҳӣ, ё табобат бо харҷи маблағҳои зиёд ба хориҷи кишвар мерафтанд. Ҳоло чунин имконият дар кишвар фароҳам оварда шудааст. Солона теъдоди мушаххаси кӯдакони гирифтори бемории дил аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ мешаванд.
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои хунгарди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» - и назди ҶСП «Дили солим» дар маҷмӯъ соле беш аз 1000 амалиёти ҷарроҳӣ дилу рагҳои хунгард, аз ҷумла  амалиётҳои мураккаб дил гузаронда мешавад, - иброз дошт Нусратулло Салимзода.
Ҳ. САНГОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 438

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед