logo

сиёсат

АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ЭЪМОРИ ҶОМЕАИ ИНСОНСОЛОРӢ

Аслан андешаи миллии мо, мардумони ориётабор, андешаи созгор ва созанда буда, дар эъмори ҷомеаи инсонсолорӣ ҳазорсолаҳо хидмати арзанда намудааст. Гузаштагони дунёи фарҳанг ва ҳунар, файласуфону сиёсатшиносони мутақаддими форс - тоҷик дар таҳти ғояҳои бихрадонаи милливу инсондӯстӣ саҳми бузурги хешро дар нигоҳ доштани ҷомеаи башарӣ гузоштаанд.

Нахуст нишонаҳои истиқлолияти миллӣ ба замони Каёниён мансубият дошта, нишонаҳои шинохти миллат ва давлат низ аз он сарчашма мегиранд. Шуарои бузурги миллати тоҷик аз замони Каёниёни бузург то ба Сомониёни далер, дар садҳо достону қасида васфи истиқлолияти кишвари хешро намудаанд.
Истиқлолияте, ки садҳо, ҳатто ҳазорҳо маротиба дар набардҳои хунин дар муқовимат бо ғосибону ваҳшиҳои биёбонӣ дар баҳои хуни фарзандони хеш нигоҳ доштаанд.
Ва ин истиқлолияте, ки ҳамакнун чорякасрии навини онро бо тантанаҳои хеле бузург ҷашн хоҳем гирифт, даврони нав, даврони шукуфоӣ ва бедориву шинохти миллист. Ҳанӯз соли 1991 кишвари биҳиштмаъвои Тоҷикистон гомҳои нахустини хешро дар остонаи истиқлолияти миллӣ ва давлатӣ гузошта, умед ба фардои дурахшон намуда буд, ки иддае аз кӯрдилон ва носипосон, ки бозичаи дасти ҳасудони миллат гардида буданд, фазои сиёсии кишварро хатарзо намуда, амният ва осудагии мардуми онро ноором сохтанд. Ҳамин тавр сангарҳои бухлу ҳасад ва кинаву ниқор ба миён омаданд. Хуршеди истиқлолиятро меғҳои чун дили кинатузи ҳасуд сиёҳ печонида, нуру сафо ва фардои дурахшонро миёни вартаи ҳалокат қарор дода буданд. Ҳама фарзандони фарзонаи миллат дар таҳлука афтода, дар гирдбоди раҳгумӣ ва сарсониву саргардонӣ ҷӯёи роҳи наҷот буданд. Ҳама ҷо садои имдод ва иттиҳод наҷвое аз қалбҳои заҳрандуди сокинони диёр шунида мешуд. Миёни галаи гургон оҳуи рамидаи орзуву омол дар таҳлука уфтода, аз Яздони пок мадад мехост.
Ниҳоят Яздони пок дасти имдод ба сӯи ӯ дароз кард. Дасти муҳаббат, садоқат, бародарӣ, баробарӣ, хештаншиносӣ ва мардумсолорӣ.
Истиқлолият аз нав тавлид шуд. Истиқлолият соҳиб ва пуштибони воқеии хешро дарёфт. Бо матонат ва бурдбориву қаҳрамонӣ ҷавонмарде аз дудаи Сомониён, наваи Сосониён, нишони тобдоре аз Каёниёни бузург рӯи саҳнаи сиёсат омад. Ин мақдами муборак ва некбину некрой, нексиришт, дар киштаҳои армони миллат тухми садоқат, матонат ва имону ихлоси ватандориву ватанхоҳиро кишт.
Ҳосили аввали ин кишта, бори сабр, таҳаммул, иттиҳод, сулҳ ва якпорчагиро ба бор овард. Ҳама қолабҳоро шикаст. Бо дид ва нигоҳи нав даст бар эъмори бинои нави ормонҳои миллат гузошт. Ӯ аввалин Раҳбари сиёсии кишвар аз замони шӯравӣ то ин замон буд, ки бо мардум пайваст. Вохӯриҳои мунтазам бо мардуми одӣ, гӯш кардани садои қалби ҳазини дардманди заҳматкаши кишвар, муҳаббат ба садоқати бепоёнашро  миёни мардум даҳчанду садчанд намуд.
Ғамхорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми бенаво ва дардманду муҳтоҷ ӯро ба сифати Сарвари воқеии кишвар соҳиби иззату обрӯи зиёд гардонид. Иддае аз кӯрдилон, ки бозичаи дасти душманони марзу буми тоҷик буданд, аз пушти сангарҳои душманӣ, суханҳои носазо ва овозаву буҳтонҳои пур аз ғарази хешро миёни мардум паҳн мекарданд. Ҳасудони сиёсиаш бошанд, иддае аз гумраҳонро атрофи хеш ҷамъ намуда, пайт меҷустанд, ки сару садоҳои  иғвоангезеро баланд намоянду ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бигӯянд, ки Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва собиқ қаламрави шӯравӣ хатарзо буда, идораи сиёсии он бояд аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ бурда шавад. Ин ҳама талошҳои душманонаи онҳо баръабас рафт.
Роҳбари ҷавон ва тозаинтихоби кишвар бо неруи нави созанда, андешаи созандаи миллӣ ва садоқат бар халқу Ватани хеш ҷомеаи башариро бовар сохт, ки миллати тоҷик, миллати хештаншинос ва созанда буда, ба соири миллату халқҳои ҷаҳон паҳлу ба паҳлу бародарвор зиндагӣ менамояд ва саҳми бузурги худро дар эъмори ҷомеаи башарӣ хоҳад гузошт.
Таърих, адабиёт ва фарҳанги беш аз ҳазорсолаҳои тоҷик ба ҷаҳониён собит намудаанд, ки фарзандони фарзонаи ин миллат, аз қабили Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрав, Шайх Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Мавлоно Ҷалолиддини Балхиву даҳҳои дигар чароғҳои равшани ҷаҳониён мебошанд. Нури хиради онҳо торикистони соири миллатҳо ва халқҳои ҷаҳонро новобаста аз мансубияти миллию қавмӣ ва динию сиёсӣ баробар рӯшноӣ мебахшад.
Аввалин кору пайкори ин абармарди таърихи сиёсат  ва фарҳанги миллӣ соли 1994 таҷлил намудани ҷашни 680 - солагии шоир ва файласуфи бузурги Машриқзамин Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ  дар қалби Хатлонзамин, Кӯлоби бостон мебошад. Маҳз ҳамин ҷашни пуршукӯҳ  ба ҷаҳониён нишон дод, ки роҳбарияти сиёсии кишвари Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои сиёсии хеш Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори сулҳу ягонагии кишвар буда, заминаи бунёди сулҳи саросарии тоҷиконро дар сурати Анҷумани ҷаҳонии тоҷикони ақсои олам гузошт. Забони ҷанг бурида шуд. Ливои сулҳ ва дӯстиву бародарӣ дар саросари кишвар парафшон гашт. Эътибор ва шаъну шарафи Президенти кишвар, Роҳбари сиёсии тоҷикони ҷаҳон  мушти маҳкаме бар даҳони ҳарзагӯёни кӯрдил ва ҳасудони сиёсии ӯ буд. Ба ибораи дигар, ӯ Тоҷикистонро аз нав сохт, пораҳоро ҷамъ кард, ҷамъҳоро шамъ кард ва ба қалбҳои хаставу ҳазин  тобу тавон бахшид. Ва ҷаҳониён ӯро ҳамчун муассиси Тоҷикистони нав дар арсаи сиёсатҳои ҷаҳонӣ шинохтанд. Аввалин Роҳбари сиёсӣ аз кишварҳои тозаистиқлоли ҷаҳон буд, ки аз минбари баланди СММ аз дину фарҳанги хеш дифоъ намуд. Аз ҷомеаи башарии олам даъват ба амал овард, ки дини мубини ислом бо террорист ва терроризм ҳеҷ иртиботе надорад. Худи террорист мансубияти динӣ ва милливу қавмӣ надошта, бар амнияти ҷомеаи башарӣ хатарбор аст.
Раҳбари муаззами кишвар борҳо ба таъкид аз мардуми хеш ва раҳбариятҳои сохторҳои қудратӣ даъват намуд, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, марзу буми хешро дар баҳои ҷони худ дифоъ намоянд. Аммо бо таассуф метавон гуфт, ки баъзе аз гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ зери ниқоби дини мубини ислом бо амри хоҷагонашон миёни мардум таблиғоти хатарзои мазҳабӣ мебаранд, ки оқибати онҳо фоҷиабор мебошад.
Ин ҷо ҳақ ҷониби Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад, ки хеле хуб фармудаанд:
Як кафш бувад  барои як пой,
Як дил нашавад ду меҳрро ҷой.
Сиёсати пешгирифтаи Роҳбари хирадманди тоҷик омили асили сулҳ ва истиқлолияти комили давлатӣ буда, ҳамин омил маҳаки пешрафти иқтисод, фарҳанг, маърифат, маориф ва иқтидори низомии кишвар будаву ҳаст. Бунёди даҳҳо иншооти азими саноатӣ, бунёди инфрасохтори нави иқтисодии кишвар, бунёди роҳҳо ва нақбҳои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, иншооти таълимӣ ва фарҳангу маориф хидматҳои пурарзише мебошанд, ки дар корномаи миллат бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт хоҳанд гардид.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 497

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед