logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ ОН БАРОИ ҲАР ФАРДИ ХУДОГОҲ ҚАРЗ АСТ

Почохон ЗАРИФЗОДА,
раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини  Шоҳин бо татбиқи саривақтии барномаҳои давлатӣ, дурнамои рушди ноҳия, дастгирии бахши воқеии иқтисод, соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ба натиҷаҳои назаррас муваффақ гардид. 

Айни ҳол дар ноҳия  се лоиҳаи сармоягузорӣ - сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи  Шӯрообод - Шоҳон ба маблағи 508 миллион сомонӣ, беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон барои солҳои 2011 - 2016, бо фарогирии 41 деҳа, ба маблағи 6 миллиону    451 ҳазор    сомонӣ ва «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо дар давраи солҳои 2012-2019»,  бо фарогирии 62 деҳа, ба маблағи 18 миллиону 712 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ,  таъсиси ҷойҳои нави корӣ  ва ба шуғл бештар фаро гирифтани аҳолӣ дар давоми шаш моҳи сипаригардида панҷ ярмаркаи ҷойҳои кории  холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда шуда,  даҳҳо нафар, аз ҷумла занҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.  Ҳамзамон, дар ин муддат 100 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб гашт, ки бист нафарашро занон ташкил медиҳанд.  Дар ин давра 200 нафар дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба курсҳои гуногуни омӯзишӣ, аз қабилӣ дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, муҳосибӣ ва  компютер фаро гирифта шуданд.
 Айни ҳол дар ноҳия чордаҳ корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи охир ба 5 миллиону 875 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 296 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондод асосан аз ҳисоби фаъолияти пурсамари Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Баракати Истиқлол” ба даст омадааст. Корхона дар ин давра ба маблағи 5 миллиону 448 ҳазор сомонӣ тилло истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 966 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соҳаи сохтмони асосӣ  аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 29 миллиону 454 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ азхуд карда шуд.  Ба маблағи 27 миллиону 386 ҳазор  сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ ва ба маблағи 425 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ  ба анҷом расида, 33  манзили истиқоматӣ бунёд гардид. Инчунин,  ба маблағи 5 миллиону 858 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ азхуд шуда, сохтмони 36 иншооти муҳим,  аз ҷумла нуҳ муассисаи таълимӣ барои 1632 ҷойи нишаст,  се фарҳангӣ, ду тиббӣ, ҳашт муҳандисӣ, ду нуқтаи хизматрасонӣ, шаш бинои маъмурӣ, як бинои истиқоматӣ-хизматӣ, ду бинои давлатӣ - ҷамъиятӣ идома дорад. Бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Пистамазори Ҷамоати деҳоти Саричашма барои 120 ҷойи нишаст, кашидани хати интиқоли барқ дар деҳаҳои Яхшо, Оҳангарон ва Новои  Ҷамоати деҳоти Лангардара ва ду хонаи истиқоматӣ ба зарардидагони офати табиат дар деҳаи Бобо Носирови Ҷамоати деҳоти Саричашма ба маблағи умумии 3 миллиону 183 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд.   
Дар соҳаи кишоварзии ноҳия  низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд.  Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  ба 30 миллиону 652 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиону 769  ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз маблағи умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 8 миллиону 231 ҳазор сомонӣ ба соҳаи рустанипарварӣ ва 22 миллиону 421 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Иқлим ва табиати нодири ноҳия имкон медиҳад, ки соҳаи занбӯриасалпарварӣ  афзоиш ёбад. Ҳоло дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шумораи оилаи занбӯри асал ба 3290 расонда шуда, истеҳсоли асал  14,2 тоннаро ташкил дод.
  Дар мавсими кабудизоркунии имсола  22 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла 18000 бех ниҳоли мевадиҳандаю  сояафкан ва 4000  ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд. Ҳамзамон, дар ин давра дар майдони 41 гектар боғ, аз ҷумла 37 гектар себ, 6 гектар зардолу, 2 гектар чормағз, 2 гектар бодом ва 2 гектар боғи гелос бунёд гардид.  Дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳия низ корҳои муайяне ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, дар хоҷагии ҷангали “Шӯрообод” 11 гектар ҷангал бунёд гардида, 20,5 гектари дигар барқарор  шуд.  Дар хоҷагии ҷангали “Даштиҷум” бошад,  дар майдони 17 гектар ҷангал, 10 гектар боғи анор, 4 гектар себ, 3 гектар бодом ва дар майдони 0,44 га ниҳолхона бунёд гардида, 25,35 гектар ҷангал барқарор гашт.
  Айни ҳол як маркази саломатии ноҳиявӣ, 15 маркази саломатӣ дар деҳот ва 16 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар давоми  шаш моҳи соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба маблағи 32300 сомонӣ шуъбаи ёрии таъҷилӣ, таҳлилгоҳ, як ҳуҷраи шуъбаи занона ва ду ҳуҷраи шуъбаи эҳёгарӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, ба маблағи 87000 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шуд.  
Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини   Шоҳин ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, пеш бурдани сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати мамлакат, иҷрои фармонҳо ва дастуру супоришҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   бо мақсади таъмини иҷрои дурнамои истеҳсолӣ,  баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода менамояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 1276

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед