logo

қонунҳои ҶТ

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 30 апрели соли 2016, № 207 - 7, ш. Душанбе Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд;
- иҷрои Тартиби мазкурро аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва истифодабарандагони хизмати алоқаи барқӣ таъмин намояд.
3. Азнавбақайдгирии симкортҳо дар давоми 1 (як) сол баъд аз мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур гузаронида шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН   

 

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2016, № 207 - 7 тасдиқ шудааст
Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо мақсади  танзими пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ таҳия гардидааст.
2. Риояи талаботи Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳатмӣ мебошад.

2. Пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ
3. Тартиби омода намудани симкортҳо:
– симкортҳо мувофиқи рақамгузории ҷудокардашуда, аз ҷониби дорандаи иҷозати истифодабарии рақамгузорӣ омода карда мешаванд;
- рақамгузории симкортҳо ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба роҳ монда мешавад.
4. Фаъолияти нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо мувофиқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба роҳ монда мешавад.
5. Талаботи асосӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ:
- фурӯши симкортҳо аз ҷониби операторони хизмати алоқаи барқӣ бевосита ва ё якҷоя бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, мувофиқи шартномаҳои ба имзо расонидашуда амалӣ карда мешавад;
- пайвасткунии муштариён танҳо дар объекту иншоотҳои алоқаи барқӣ, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
6. Пайвасткунии симкортҳои корпоративӣ танҳо бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ва ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, бо дарназардошти талаботи банди 5 Тартиби мазкур ва иштироки бевоситаи ҳар як корманди шахси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба расмият дароварда мешавад.
7. Пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии бидуни симкорт, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи маҳаллӣ ва хизматрасонии интернет бо риояи талаботи банди 5 Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
8. Бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки беэътиборанд, ё бидуни қайди маҳали зисти шахси воқеӣ ё маҳали буду боши шахси ҳуқуқӣ мебошанд, хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ манъ аст.
9. Пайвасткунии  шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, ки маҳали истиқомати доимиашон Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, вобаста ба муҳлати иҷозати буду боши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ махзани ягонаи симкортҳоро ташкил намуда, маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ дар махзани мазкур нигоҳ медорад.

3. Азнавбақайдгирии симкортҳо
11. Азнавбақайдгирии симкортҳо расмиёти бақайдгирии иловагии симкортҳо буда, бо мақсади таъмини пайвастшавии дуруст, санҷиш ва назорати дурусти истифодабарии онҳо ба роҳ монда мешавад.
12. Азнавбақайдгирии симкортҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани Тартиби мазкур ба муштариён барои истифода дода шудаанд, аз ҷониби операторони хизмати алоқаи барқӣ гузаронида шуда, назорати давлатии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ таъмин менамояд.
13. Бо мақсади гузаронидани азнав-бақайдгирии симкортҳо:
а) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ вазифадор аст;
- назорати таъмини иҷрои талаботи Тартиби мазкурро амалӣ намояд;
- раванди иҷрои азнавбақайдгириро назорат кунад;
- ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи операторони хизмати алоқаи барқиро таҳлил намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод кунад;
- корхона, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва шаҳрвандонро 1 моҳ пеш аз оғози азнавбақайдгирӣ тавассути воситаҳои ахбори омма хабардор намояд;
б) операторони хизмати алоқаи барқӣ уҳдадоранд:
- хизматрасонии симкортҳоеро, ки бе риояи талаботи Тартиби мазкур мавриди истифодабарӣ қарор доранд, дар рафти азнавбақайдгирӣ қатъ намоянд;
- азнавбақайдгирии симкортҳоро бо иштироки бевоситаи ҳар як муштарӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) бо қайди маҳали зисти шаҳрванд ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ бо зикри маҳали бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ба таври ройгон гузаронанд;
- азнавбақайдгирии симкортҳоро танҳо дар марказҳои хизматрасонии расмии худ гузаронанд;
- истифодабарандагони симкортҳоро тавассути имкониятҳои техникии худ (смс, занги телефонӣ, сомона) 1 моҳ пеш аз оғози азнавбақайдгирӣ хабардор намоянд;
- аз натиҷаи гузаронидани азнавбақайдгирӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи дахлдорро пешниҳод намоянд.

4. Гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён)
14. Тартиби ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштарӣ) гузаронидани маблағ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- гузаронидани маблағ танҳо тавассути кортҳо, терминалҳои хурд ва калон (таҷҳизоти дигар), ки ҳамчун воситаҳои алоқаи барқӣ тибқи талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» мавриди сертификатсия қарор мегиранд, сурат мегирад;
- маблағи супоридашуда бояд фавран ба тавозуни истифодабаранда гузаронида шавад;
- фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад.
15. Пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ вазифадоранд:
- шартномаи оммавиро байни худ ва муштариён дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ё дар дохили терминал ҷойгир намоянд;
- ҳар семоҳа ҳисоботи шакли муқарраршударо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи даҳуми моҳи баъдина пешниҳод намоянд.
16. Шакли ҳисобот бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи барқӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд
17. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳангоми пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ:
- бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои пешниҳоди хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳо ва ба шабакаи алоқаи барқӣ пайваст намудани муштариён шартномаи дахлдор ба имзо расонанд;
- назорати дохилии риояи талаботи Тартиби мазкурро мунтазам ба роҳ монанд;
- пайвасткунии муштариёнро ба шабакаи худ танҳо бо талаби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, иштироки бевоситаи соҳибони онҳо ва баъди ба расмият даровардани фурӯши симкортҳо ба амал бароранд;
- хариду фурӯши симкортҳоро танҳо дар объекту иншоотҳои соҳаи алоқа ба роҳ монанд;
- маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ дар махзани маълумот нигоҳ доранд;
- маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ пешниҳод намояд;
- ҳангоми аз ҷониби дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро ба амал мебароранд, риоя нашудани талаботи Тартиби мазкур, шартномаи бо онҳо ба имзо расонидашударо бекор намоянд;
- ҳангоми муроҷиати муштарӣ (дар ҳолати  гум ё корношоям шудани симкорт) хизматрасонии симкортро фавран қатъ намояд;
- ҳангоми ошкоркунии ҳолатҳои риоя нашудани талаботи Тартиби мазкур, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ва мақомоти амнияти миллӣ маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд;
- дар ҳолати ба итмом расидани муҳлати иҷозати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ (шахсони бешаҳрвандӣ, ки маҳали истиқомати доимиашон Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд), хизматрасонии симкортҳои ҷудошударо қатъ намоянд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи шакли муқарраршударо пешниҳод намоянд.
18. Уҳдадориҳои дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд:
- хариду фурӯши симкортҳоро бо риояи талаботи сархатҳои якум ва дуюми банди 5 Тартиби мазкур ба роҳ монанд;
- дар нуқтаҳои фурӯши симкорт навиштаҷотҳои огоҳкунандаро оид ба пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ  ҷойгир намоянд;
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи фурӯши симкортҳо ҷамъовардашударо ба операторони хизмати алоқаи барқӣ ҷиҳати ворид намудан ба махзани маълумот пешниҳод намоянд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи шакли муқарраршударо пешниҳод намоянд.

6. Ҳуқуқ ва  уҳдадориҳои истифодабарандагони симкортҳо
19. Истифодабарандагони симкортҳо дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин мебошанд:
- бо операторони алоқаи барқӣ шартнома ба имзо расонанд;
- симкортро бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ соҳиб шаванд;
- дар ҳолати гум кардан ё корношоям шудани симкорт фавран оператори алоқаи барқии дахлдорро хабардор намоянд;
- симкортро ба дигар шахс барои истифода надиҳанд;
20. Падару модар ва шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, метавонанд симкортро барои истифодабарии фарзандони ноболиғ дастрас намоянд. Падару модар ва шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ назорат мебаранд. Ба шахсони маъюб ва шахсони маҳдудияти фаъолияти ҳаётидошта, намояндагони қонунии онҳо симкортро барои истифодабарии онҳо назорат менамоянд.

7. Муқаррароти хотимавӣ
21. Дигар талаботе, ки дар Тартиби мазкур муқаррар нагардидааст, бо шартномае, ки байни операторони хизмати алоқаи барқӣ ва пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои зикргардида ба имзо расонида мешаванд, ба танзим дароварда мешавад.
22. Барои риоя накардани Тартиби мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2016    №: 138    Мутолиа карданд: 6882

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед