logo

иҷтимоиёт

КАСБОМӮЗӢ БАРОИ ҶАВОНДУХТАРОН МУҲИМТАР АСТ

Дар корхонаи хурди хусусии “Баҳор”- и ноҳияи Шуғнон   ниёзи мардум ба маҳсулоти хушсифати  бофандагиву  дӯзандагӣ бароварда мешавад. Бахусус, ба намадҳои  хуштарҳи аҷдодӣ талабот зиёд мебошад. Муштариён  метавонанд  мувофиқи  табъу  завқ  намадҳои  ҳархела  ва  гуногунранг  харид  намоянд  ё  фармоиш диҳанд.
Ба  гуфтаи  Баҳор  Худоназарова, роҳбари корхона, “Баҳор”  зодаи   даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  аст. Солҳои   навадуми  асри  гузашта  мавҷи  хусусигардонӣ  кишварро фаро  гирифт  ва  дар  ин  ҷараён ба филиали  фабрикаи  дӯзандагии  шаҳри  Хоруғ дар  деҳаи   Поршневи  ноҳияи  Шуғнон  низ  хатари  азбайнравӣ  таҳдид  кард. Он  вақт  ин зани кордону пурғайрат сардори  сех  буд. Қаблан дар ин ҷо кор дар  ду  баст  идома ёфта, 300  нафар  дӯзанда  фаъолият дошт.   Буҳрони  шадиди  иқтисодӣ ба ин ҷо низ таъсири манфӣ расонд. Баҳор  Худоназарова  аз хавфи он ки бинои  сехро  ба  анборхона  ва  ё  хонаи  истиқоматӣ табдил  надиҳанд, онро барои ҳамчун коргоҳи дӯзандагӣ истифода бурдан хусусӣ  гардонд. Бо   дастгирии  молиявии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти  давлатии ноҳия  ва  Барномаи    инкишофи  манотиқи  кӯҳистони  Бунёди  Оғохон  ба фаъолият шурӯъ намуд. Барои  хариди бино ва таҷҳизот аз маблағҳои  андӯхтаи  оила истифода бурд.
- Ҳоло  вазъ  дигар  аст. На  танҳо  сехи  дӯзандагиро  ба кор дароварда тавонистем, балки  истеҳсоли маҳсулоти  бофандагиро низ роҳандозӣ  намудем.  Маҳсулоти корхонаамон  рақобатпазир аст. Мо  онро  ба  бозор набароварда, пешкаши муштариён  гардонда истодаем. Мизоҷон худашон ба  корхона  омада, мувофиқи  табъ  маҳсулоти  даркориашонро  харид  менамоянд. Махсусан,  намад харидори зиёд дорад. Маҳсулоти дигари хушхарид сарулибоси  арӯсӣ ва ҷиҳози тӯй мебошад. Чеварони мо  барои  арӯсон  тамоми  намуди  сарулибос  ва  рахти  хоб  тайёр  мекунанд.  Дар оянда ният дорем, ки дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ва дигар нуқтаҳо  фурӯши  маҳсулоти  корхонаро  роҳандозӣ намоем, - мегӯяд Баҳор Худоназарова.  
Имсол   лоиҳаи  пешниҳодкардаи  корхонаи хурди истеҳсолии “Баҳор”  дар  самти  рушди ҳунарҳои  мардумӣ  аз  ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  дастгирӣ  ёфт.  Соҳибкор Баҳор Худоназарова ба  гирифтани Гранти  президентӣ  комёб  гардид. Дар назди  корхона  маркази  омӯзиши   ҳунарҳои  мардумӣ  амал  мекунад, ки  дар  он  ҷавондухтарон  ба   касбомӯзӣ  фаро  гирифта шудаанд. Баъди омӯзиш онҳо  дар  “Баҳор”  бо  кори  доимӣ  таъмин  мегарданд ё ба соҳибкории инфиродӣ машғул шуда, ба мардум хизмат мерасонанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2016    №: 139    Мутолиа карданд: 426

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед