logo

иқтисод

ХАРҶ КАМУ ДАХЛ ЗИЁД

СУХАН АЗ БОБИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ МЕРАВАД
Соҳаи занбӯриасалпарварӣ   дар  Тоҷикистон  яке  аз  соҳаҳои  камхарҷ ва  сердаромад  ба  ҳисоб  меравад.  Зеро  93  дарсади  масоҳати ҷумҳуриро   кӯҳҳо   ташкил   дода,   захираҳои   мавҷудаи   рустаниҳои шаҳддиҳанда имконият медиҳанд,  ки миқдори оилаҳои занбӯр  ва истеҳсоли  асал  сол  то сол зиёд карда шавад. Ҳамчунин, истеҳсоли асал  ҷиҳати афзун намудани содироти маҳсулоти ватанӣ, дармонбахшии садҳо дард ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии заҳматкашон мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, солҳои охир барои рушди ин соҳа тадбирҳои зиёд андешида мешаванд.
Барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябри соли 2010 таҳти № 418 «Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016» қабул гардида буд. Мақсад аз қабули барнома зиёд намудани миқдори оилаҳои занбӯр  ва  истеҳсоли асал,  иҷрои  Барномаи  озуқавории  мамлакат,  бо маводи зарурӣ таъмин намудани эҳтиёҷоти занбӯриасалпарварон, новобаста аз шакли  моликият  мебошад.
Парвариши занбӯри асал  барои  зиёд  шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ низ таъсири мусбат  мерасонад.  Таҷрибаҳои  илмию  истеҳсолӣ нишон медиҳанд,  ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили пахта,  боғот,  офтобпараст ва дигар рустаниҳо аз 30 то 50 дарсад меафзояд.
Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 213 ҳазору 452 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Истеҳсоли асал то 1-уми июли соли ҷорӣ 525 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1 тонна зиёд аст.
Бино ба иттилои Адолат Каримова, сардори маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, ҷиҳати рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ тибқи барномаи соҳавӣ соли ҷорӣ 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва аз ин ҳисоб, занбӯрпарварони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Лахш, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ, бо асбобу анҷоми зарурӣ ва доруворӣ таъмин карда шуданд.
Ҳанӯз солҳои 70 - 80- уми асри гузашта дар Тоҷикистон тараққиёти занбӯриасалпарварӣ ба сатҳи баланди иқтисодӣ расида буд. Маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ дар соҳаҳои гуногуни техника, хӯрокворӣ, тиб ва ороишӣ васеъ истифода бурда мешуд. Солҳои шӯравӣ ба хориҷ аз кишвар содир гардидани асали Тоҷикистон далели равшан ва мавҷудияти захираю имконоти фаровон барои инкишофу тавсеаи занбӯриасалпарварӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
 Ҳарчанд баъд аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози солҳои  90 - уми асри гузашта рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ боздошташуд, вале замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ин соҳа аз нав эҳё шуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ҳоло 1 кг асали хушсифат дар бозорҳои пойтахт аз 30 то 45 сомонӣ арзиш дорад.  Асали Тоҷикистон бинобар сифати баланд ва хусусияти зиёди шифобахшӣ доштанаш дар давлатҳои хориҷӣ серхаридор аст.
Рушди минбаъдаи   соҳаи   занбӯриасалпарварӣ   дар   таъмини   амнияти озуқавории мамлакат низ мавқеи намоён дорад. Зеро ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал  (асал,  мум,  муми  варақӣ,  гарди  гул,  шири модарзанбӯр,  заҳри  занбӯр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд ва беҳтар  шудани  сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2016    №: 139    Мутолиа карданд: 450

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед