logo

фарҳанг

ЛИБОСИ МИЛЛӢ НАБОЯД БО УНСУРҲОИ БЕГОНА МАХЛУТ БОШАД!

Либоси миллӣ муаррифгари  фарҳанги воло, тахайюлоти бадеӣ ва ҷаҳонбинии ҳар халқу давлат мебошад. Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ,  расидан ба қадри офаридаҳои ниёгон, аз ҷумла либоси миллӣ идомаи раванди тамаддунофарӣ ба шумор меравад. Мардуми мо ҳамеша кӯшиш менамояд, ки арзишҳои маънавии хешро беолоиш нигоҳ дошта, онҳоро равнақу ривоҷ диҳад. Вале, баъзан беэътиноӣ ба ин ганҷи бебаҳо моро ба ташвиш меорад. Аз ҷумла, фарҳанги  либоспӯшии мо, алалхусус занону духтарон, рӯзҳои охир мавриди нигаронии аҳли ҷомеа қарор гирифтааст, ки бесабаб ҳам нест.
Дар ҳоле, ки мо фарҳанги ғании худро дорем, тақлиди кӯр – кӯрона ба тарзи либоспӯшии кишварҳои дигар бисёр нанговар аст. Баъзан мебинем, ки занҳои синну солашон ба ҷое расида ба тарзи либоспӯшии ҷавонон тақлид менамоянд. Ин тақлидкорӣ на танҳо анъанаҳои миллии моро аз байн мебарад, балки ба ҷаҳонбинии мо низ латма ворид месозад. Ёд дорам, ки бо гузашти солҳо занон навъи матоъ ва гулпардозиҳои хосро интихоб мекарданд. Дар ҷавонӣ ба рангҳои сурху зарду гулобӣ майл дошта бошанд, бо гузашти солҳо ба рангҳои сабзу малла рӯй меоварданд. Пироҳани занҳои ҷавонро гулҳои баргу буттаҳояшон калон  - калон оро диҳад, занони солхӯрда гулҳои хурди тоқа – тоқаро дӯст медоштанд. Аз рӯйи либоспӯшӣ метавонистед синну соли занонро муайян намоед, вале ҳоло чӣ?
Чи тавре, ки Нусратулло Зокиров, сардори шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорад, либоси миллат бояд ба шароити ҷуғрофии минтақаи зисти он мувофиқ бошад ва мутобиқи фарҳангаш интихоб ва татбиқ гардад. 
"Дар ислом, аз ҷумла дар ояти 31 сураи «Ан - Нур» сухан дар бораи сатри аврат рафтааст, на дар бораи пӯшидани либоси сиёҳ ва сатри арабӣ, ки мероси анъанаҳои замони ҷоҳилия буда, он дар шароит ва муҳити ҷуғрофии араб барои аз чангу ғубор ва қуми биёбон ҳифз кардан бисёр қулай аст. Баъди густариши ислом ҳам муҳити ҷуғрофии араб тағйир наёфта, ҳамон сатр дар шаклу муҳтавои нав ҳамчун воситаи ҳифз аз чангу қум то имрӯз боқӣ мондааст ва аслан зодаи ҳаёти воқеии табиӣ - иҷтимоии араб аст.
Албатта, яке аз аломатҳои зоҳирие, ки мусулмононро аз пайравони дигар дину оинҳо фарқ мекунад, ин сару либос мебошад. Шариати исломӣ бевосита ягон шакли муайян ва стандарти либоси диниро барои мусулмонон таъйин накардааст, балки пӯшонидани нуқтаҳои муайяни баданро, ки бештар ҷанбаи ахлоқӣ - иффатӣ дорад, баён намудааст.      
Мусулмонони кишварҳои мухталиф либоси шаръиро мувофиқи минтақаи ҷуғрофӣ ва мутобиқи фарҳангҳояшон интихоб ва татбиқ намудаанд", - таъкид менамояд Н. Зокиров.   
Дар вилояти Хатлон низ ба масъалаи риояи одобу тарзи либоспӯшии миллӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Таҳти роҳбарии Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Он ба  ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа сафар намуда,  бо занон ва ҷавонон вохӯриҳо гузаронида истодааст. Дар ин вохӯриҳо аксаран ҷавондухтарон, аз ҷумла донишҷӯёни донишкадаҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо ва занони фаъоли вилоят  иштирок намуда, тарзи ҳаёти солим ва риояи суннатҳои миллиро тарғиб менамоянд. 
Ҷамолиддин ТИЛЛОЕВ,
корманди ШКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2016    №: 139    Мутолиа карданд: 1467

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед