logo

иҷтимоиёт

БУНЁДИ МУАССИСАҲОИ НАВИ ТИББӢ ДАР ДАРВОЗ

Тибқи иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Дарвоз Фозилшо Шодиев дар ин минтақа дар даврони 25 - соли  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи нигаҳдории тандурустӣ диққати калон дода мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони шӯравӣ  бисёр муассисаҳои тиббӣ дар деҳоти ноҳияи Дарвоз  дар хонаҳои шахсӣ ва хона - вагонҳо ҷойгир буданд. Дар деҳаи Рузвайи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, дар шафати  шоҳроҳи автомобилгарди байналхалқии  Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма вагончаи чӯбини ҳоло ба анбор табдилдодае мавҷуд аст, ки он солҳо ҳамчун бунгоҳи тиббӣ  истифода бурда мешуд. Танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тавассути ғамхорӣ ва дастгириҳои  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва табобатгоҳҳои бисёре сохта шудаанд. Дар ин давра  15   маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта, азнавсозии  беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз дар шаҳраки Қалъаи Хумб бо сифати баланд ба ҷо оварда шуд.
Дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сангевни Ҷамоати деҳоти Нулванд ба ҷои иморати куҳна ва фарсудаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта бинои беморхонаи минтақавии ҷавобгӯи тамоми  талаботҳои меъморӣ бунёд гашта, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар сохтмони ин иншоот 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ  маблағ сарф шудааст.
Акнун сокинони рустоҳои Яхчисор, Зиғар, Хостав, Сангевн, Ушхарв, Ёгеду Ширговад  ва Пунишори Ҷамоати деҳоти Нулванд, инчунин ронандагону мусофирон ва ҷаҳонгардони хориҷӣ шароит ва имконият пайдо карданд, ки саломатии худро дар ҳамин муассисаи навбунёд, ки дорои таҷҳизоти нави нодири ташхис ва табобат мебошад,  барқарор намоянд. Ҳамаи ин дигаргуниҳоро мардуми Дарвоз  аз файзу баракати даврони истиқлолият медонанд.
 Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2016    №: 139    Мутолиа карданд: 418

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед