logo

иҷтимоиёт

САЛАФИҲО ХАВОРИҶИ АСРАНД

Пайвастани наврасону ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Тибқи омори расмӣ танҳо аз минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон шахсияти 45 ҷавон муайян шудааст, ки ба гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд. Нисбат ба бархеи онҳо бар асоси моддаи 401- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.

Кушта шудани 146 нафар дар шаҳри Кубонии Сурия ва сар буридани ду зан дар ин кишвар аз ҷониби гурӯҳи «Давлати исломӣ» бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро такон дод. Куштори сокинони осоишта дар як қатор мамлакатҳо, бахусус амали террористии ахири шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса, мавҷи маҳкумиятҳоро ба бор овард. Тақрибан ҳар рӯз дар расонаҳои хабарӣ гузориш ё хабари даҳшатафкании гурӯҳҳои террористӣ пахш мешавад. Раванди ҳодисаҳо нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ торафт хусусияти фаромиллӣ касб карда, ба мушкилоти ҷиддии глобалӣ табдил ёфтааст. Тавре маълум аст, чунин зуҳуроти хатарнок дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи ҷаҳон доман зада, таҳдид ба амнияти сокинони сайёраро дорад.
Ғояи асосии равияи салафия - ҳамон тавре ки пайравонашон даъво мекунанд, гӯё зинда кардани суннати набавӣ ва бознигарии ояҳои Қуръони Карим мебошад. Онҳо ба аҳодис ва оятҳо нигоҳи сатҳӣ намуда, имомҳои чаҳоргонаи исломро зери шубҳа қарор додаанд. Ин амал, бешубҳа, насли наврасро аз фарҳанги ниёгони худ дур хоҳад кард. Маҳз бо ҳамин роҳ ҷавононе, ки дониши кофӣ надоранд ва ё аз асосҳои динӣ бехабаранд, бо ҳар роҳу васила барои фарогирии ақидаҳои салафӣ ҷалб карда мешаванд. Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ақидаҳои равияи салафиро ҳатто дар майдони набард пиёда карда истодааст. Салафиҳо бошанд, танҳо худро шахсони покиза ва бегуноҳ ҳисобида, рехтани хуни ҳазорҳо одамони бегуноҳро ҷиҳод меноманд. Саркардагони ин равия ҳаводорони худро одатан аз кишварҳои ҷангзада ва ё кишварҳое, ки дар онҳо сатҳи зиндагии мардум баланд нест, ҷалб мекунанд. Онҳоро бо раводиди сайёҳӣ ба Миср даъват намуда, сипас барои гирифтани иҷозаи иқомат ба Донишгоҳи Ал - Азҳар мефиристанд.
Донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм доранд, бояд аз пайравону таблиғгарони ҷараёни салафия ва дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ худро канор бигиранд. Зеро, тавре борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд. Онҳо хатари воқеӣ ба амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Аз ин рӯ, барои решакан кардани гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгарое, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом ба қатлу куштор даст мезананду суботи ҷомеаи башариро халалдор месозанд, муборизаи дастаҷамъона ва оштинопазир бояд бурд.

Ҷамолиддин ТИЛЛОЕВ,
корманди ШКД ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2016    №: 139    Мутолиа карданд: 341

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед