logo

ҳуқуқ

ИСТИҚЛОЛ: ДУ АСЛИ БУНЁДӢ

Агар ба 25 соли пеш назар андозем, ҳамзамон бо эълони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми нави давлатдорӣ, фазои билкул аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ фарқкунандаи ҳуқуқӣ, ки ба заминаи тозаи қонунгузории миллӣ асос ёфта буд, ташаккул ёфт. Истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар  соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ  ҳаёти ҷамъиятиро  дигаргунӣ бахшид, ки ин ҳама  дастоварду  музаффариятҳо  арзиши  ҳуқуқии  истиқлолро  аён месозад.

Пӯшида нест, ки пешрафти ҳама соҳаву бахшҳои ҷомеа ба заминаи қонунӣ ва асосҳои ташкилӣ - ҳуқуқӣ устувор мебошад. Аз ин нигоҳ, ба роҳбарияти олии мамлакат лозим омад, ки барои бунёди ҷомеаи навини шаҳрвандӣ ва давлати қудратманди демократӣ дар қадами аввал заминаҳои қонунӣ ва фазои мусоиди ҳуқуқиро ба вуҷуд орад. Дар ин самт кишвари мо дар солҳои аввали истиқлолият ба чандин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, мисли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ниҳодҳои сиёсиву ҳуқуқии муътабари байналмилалӣ аъзо гардид. Барои таъмини шинохти пурра ва муаррифии Тоҷикистон ба сифати узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар харитаи сиёсии дунё ҳамчун кишвари мустақилу соҳибихтиёр зуҳур намуд, лозим омад чандин конвенсия ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонад.
Аммо дар ин раванд оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ маҷрои иқдомҳои ҷиддиро дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои қонунӣ ва ҳуқуқии давлатдории навини мустақилу комилҳуқуқ халалдор намуд. Чуноне ки ҳамагон медоданд маҳз иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ, роҳбарияти нави сиёсии кишвар, ки дар рафти он интихоб шуданд ва қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, тавонистанд умеди сартосариро ба зиндагии оянда мустаҳкам созанд. Роҳбарияти тозаинтихоб ба кор шурӯъ намуда, тадриҷан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои интизомию қудратӣ ба таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эҷоди фазои суботу осоиштагӣ камар бастанд. Дар ҷодаи қонунгузорӣ қадамҳои аввалин, вале устувор баҳри эҷоду қабули заминаҳои қонуниву ҳуқуқии пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ асос гузошта шуд. Як фазои ҳуқуқӣ ва муҳити созгори сиёсию дастгоҳи идоракунии давлатӣ шакл гирифт, ки тавонист заминасози ислоҳи вазъ ва беҳбуд бахшидани авзои соҳаҳои гуногун, инчунин бартараф сохтани мушкилоти доғ гардад.
Дар он вазъияти ноорому барои ҷумҳурӣ ҳассос ба ғайр аз анҷом додани фаъолиятҳои хоси касбиву тахассусӣ дар назди бархе аз вазорату кумитаҳо аз ҷониби роҳбарияти давлат дигар вазифагузориҳои муҳим низ сурат гирифтанд, ки аз чигунагии иҷрои онҳо таъмини амнияти ҷомеа, фароҳам сохтани шароити созгори зиндагии мардуми одӣ ва нигоҳдории набзи муътадили кори хадамоти иҷтимоӣ вобастагии зиёд дошт. Аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ва сарнавиштсоз таҳия ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани нахустин конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Маҳз Конститутсия, ки қувваи олии қонунӣ дорад, асосҳои ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, тартиби фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатӣ дар соҳаи таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, аз қабили суду прокуратураро мушаххас сохт.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олии ҳуқуқӣ, ки онро Конститутсия муқаррар кардааст, риоя, таъмин ва ҳифз шуда истодааст, волоияти қонун пойдор мебошад. Хилофи ҳамаи талошҳои душманони миллат кохи истиқлолияти мо сол ба сол устувор гашта, тоҷику тоҷикистониёнро ба фардои дурахшон, зиндагиву рӯзгори боз ҳам шоиста ва сазовор  хоҳад  расонд.  Дар ин роҳ  ду асли бунёдии истиқлол - қонун  ва  ҳуқуқ   заминасоз, ҳидоятгар  ва  роҳнамоянд.

Суҳроб РӮШАНЗОДА,
муовини якуми раиси суди
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2016    №: 139    Мутолиа карданд: 459

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед