logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. НУҚТАҲОИ СӮЗИШВОРӢ Ё ХАТАРИ НУҲУФТА?

9 - уми июли соли ҷорӣ дар нуқтаи сӯзишвории гази моеи ҶДММ «Кафолат - Садбарг», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар, сӯхтор, андак пас дар натиҷаи он таркиш ба амал омад. 1 нафар ҳалок ва 17 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, муҷиби асосии сар задани ҳодиса вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор вақти холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти газкаши тамғаи «Дулан» ба зарфи нигоҳдории гази нуқтаи сӯзишворӣ мебошад. Дар як навори интернетӣ як шаҳрванд, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, бояд НФС (нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ) аз мавзеи сераҳолӣ дур бошад. Воқеан, ин сухан ҷон дорад.
Алҳол дар шаҳри Кӯлоб кор то ҳадде расидааст, ки соҳибкорон дар миёни хонаҳои истиқоматӣ, назди бозор ва ҷойҳои гаштугузори анбӯҳи одамон сохтмону ташкили НФС - ро роҳандозӣ намудан доранд. Масалан, 2 сол мешавад, ки нуқтаи фурӯши сӯзишвории мутааллиқ ба ширкати «Умед-88» дар пешорӯи терминали мусофиркашонӣ, шафати комбинати орди Кӯлоб, 100 - 150 метр болотар аз бозори «Саховат» фаъолият мекунад. Гарчанде дар бобати ба амнияти атрофиён таҳдид доштани ин нуқта дар расонаҳои хабарӣ мақолаҳо нашр гардида бошанд ҳам, мутаассифона, ба масъулон ҳеҷ таъсири мусбат нарасонданд. Танҳо рӯи коғази «безабон», «беҳаракат» монданду бас.
Гузашта аз ин, метавон НФС-и ширкати «К-Нафтрасон» - ро дар паҳлуи литсейи касбӣ – техникии №32-и шаҳр, воқеъ дар маҳаллаи Борбад, далел овард. Қаблан дар ин замин ҳавлиҳои истиқоматӣ мавҷуд буданд. «К-Нафтрасон», ки аз ширкатҳои маъруфу муваффақ дар самти тиҷорати маводҳои сӯзишворист, ба ҷуз як ҳавлӣ, боқимондаашро харидорӣ намуда, дар ҷояшон НФС - и худро ташкил кард. Кунун ин хонаи истиқоматӣ ҳамагӣ 20 - 25 метр дуртар аз нуқтаи савдо ҷойгир аст. Албатта, то вақте сокинони он ҳавлӣ бо НФС «ҳамсоя» - анд, хавфу хатар низ бо онҳост. Литсейи касбӣ низ аз ин таҳдид эмин нест, чунки миёни НФС - у литсей ҳамагӣ як девор аст. Мутасаддиён бошанд, мегӯянд, дар ҳолати ба вуқӯъ пайвастани ягон ҳодиса дар НФС ҳеҷ зараре ба таълимгоҳ намерасад. Ин дар ҳолест, ки садҳо нафар дар литсей таълиму касбомӯзӣ доранд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки масъулони литсей бояд такя ба ин девор кунанду худро комилан дар амон донанд?
Вақти ба ду нуқтаи тозабунёди фурӯши гази моеъ дар паҳлуи бозори ба номи Исмоили Сомонӣ назар кардан кас дар ҳайрат мемонад. Яке аз дигаре ҳамагӣ 20-25 метр фосила дорад. Атрофашонро дукону марокизи савдо, манзили зист фаро гирифтааст. Ҷойи сераҳолӣ ба ҳисоб меравад, дар рӯ ба рӯяш маҳаллаи 1-май ҷойгир мебошад. Мудом рафтуомади нақлиёт асту сокинон. Наход масъулон то ин ҳад бепарво шуда, ҳамаи ихтиёрро бар дасти соҳибкорон дода бошанд? Ё ба фикри онҳо, ин ҳар ду ҳам ба муҳити атрофу ҷамъият, хусусан амнияти шаҳрвандон, хатару таҳдид надоранд?
- То вақте ин нуқтаҳои савдои газу бензин дар назди мо ҷойгиранд, хавотирем. Дар ҳеҷ ваҷҳ наметавон бепарво буд. Ҳар рӯз садҳо мошинро аз гази моеъ пур мекунанд. Худо нишон надиҳад, ягон тасодуф биафтад, ҷилавгирӣ карданаш басо муҳол мешавад. Ба наворҳои оташу таркиши даҳшатноку ваҳшатовари НФС - и Бохтар як бор назар кунед, аз бомб дида сахттар метаркад. Худ хулоса бароред, ки чӣ тавр газ оташ мегираду чӣ гуна сӯхторнишонон дар наздаш оҷиз мемонанд, - изҳор кард як сокини маҳалла.
Қариб сад метр болотар аз бозори фавқуззикр ширкати «Муҳаммад» бо тарҳи муосир НФС сохтааст. Имрӯз ё фардо ба фаъолият мепардозад. Дар пушташ маҳаллаи аҳолинишин мустақар аст. Ҳудудашро бошад, сохтусози марказҳои савдою маишӣ иҳота кардааст. Сохтмони чунин як нуқтаи дигарро метавон дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Кӯлоб мувоҷеҳ шуд. Рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад. Дар лаби роҳ ва байни хонаҳои деҳа қомат афрохтааст.
Баҳри дарки то чӣ андоза ба талаботи бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ будани нуқоти савдои маводи сӯзишворӣ бо Саймудассир Раҳматов, сардори Қисми мустақили 33 - юми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба ҳифзи шаҳри Кӯлоб, мусоҳиб шудем.
- Қариб гирди ҳамаи нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар шаҳр бо саддҳои зиддисӯхторӣ иҳота гардидаанд. Аксаран дар сохтмони саддҳо хиштҳои бетонӣ истифода мешавад. Хадамот вақти хулоса додан барои бунёди НФС, аз рӯи бандҳои қоидаҳои сохтмонӣ амал карда, тамоми паҳлуҳои бехатариро месанҷад. Дуруст аст, ки дар бари НФС - и «К-Нафтрасон», воқеъ дар маҳаллаи Борбад, манзили истиқоматӣ ҷой дорад. Ҳарчанд соҳибкор кӯшиши харидорӣ намудану чаппа кардани ҳавлии мазкурро кард, вале соҳибхона барои фурӯхтану кӯч бастанаш розӣ нашуд. НФС - и «Муҳаммад» бошад, бо тамоми таҷҳизоти ҷадиди лозимӣ муҷаҳҳазонида шудааст. Ҳарорати газ дар фасли тобистон аз таъсири гармӣ боло меравад, дар назди ҳар як зарфҳои нигоҳдории гази моеъ асбобҳои махсуси пошдиҳандаи об насб гардидаанд. Онҳо ҳароратро муътадил нигоҳ дошта, баландшавӣ намемонанд.
- Масоҳати зарфҳои захиравии гази моеи нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Чорбоғ, аз ҷойи асосии газпуркунӣ дур аст. Ду ҳавлии дар атрофаш бударо соҳибкор харидорӣ намуда, онҳоро ба заминҳои нуқтаи савдо ҳамроҳ мекунад. Сокинони деҳа дар ин бобат даъво надоранд, - гуфт С. Раҳматов. – Феълан, ба хотири таъмини бехатарӣ дар ҳамаи НФС - ҳои шаҳр, барои холӣ кардани бензину гази моеъ дар зарфҳои калони захиравӣ, соати муайянро муқаррар намудаем. Ғайр аз ин, то анҷоми холикунии маводҳо, муваққатан хизматрасонӣ дар нуқтаҳо қатъ мегардад.
Ба ҳар василае набошад, коршиносон ташкилу бунёди НФС, бахусус гази моеъро дар ҷойҳои ҷамъиятию сераҳолӣ хатар арзёбӣ мекунанд. Возеҳ аст, ки газ маводи зудоташгиранда аст. Расидани оҳан ба оҳан ва паридани шарорае метавонад онро даргиронад.
- Қоидаҳои корбарӣ бо гази моеъ, ки даврони Иттиҳоди Шӯравӣ таълиф шудаанд, вақти будубоши нақлиёти газкашонро дар байни хонаҳои баландошёна, на бештар аз як соат муқаррар кардааст. Алъон дар хиёбону маҳаллаҳои аҳолинишин маркази савдои газ месозанд. Баҳона танҳо як аст: «Ана, дар давлатҳои хориҷа дар зери хонаҳои баландошёна НФС месозанд». Ҳақиқатан чунин ҳолат ҳаст, вале онҳо ба тақозои стандарти ҷаҳонӣ бунёд ёфтаанд. Ба зилзилаю дигар ҳодисоти табиӣ тобоваранд. Дорои дастгоҳҳои пешгирию оташхомӯшкунии автоматианд. Арзиши як дастгоҳашон қариб як миллион долларро ташкил мекунад. Тамоми НФС - и шаҳрро рафта бинед, ки кадоме аз онҳо соҳиби чунин таҷҳизоти гаронарзишанд, - иброз намуд С. Ашӯров, мутахассиси соҳа. – Мувофиқи талабот, бояд ҳар семоҳа шлангҳои газпуркуниро аз санҷиш гузаронанд. Мутаассифона, бархе як сол як шлангро истифода мебаранду онро ташхис намекунанд, ки оё ба талаботи истифодабарӣ ҷавобгӯ ҳаст ё хайр. Зарфҳои калони захиравии гази моеъ низ бояд чаҳор сол пас аз ташхис гузаронда шаванд. Зеро бо мурури замон металл қобилияту қувватнокии худро гум мекунад. Бештари онҳо дар замони СССР истеҳсол шудаанд.
Аз ҳама нигаронкунанда ин аст, ки дар бисёри НФС – ҳо ба танзимгарӣ афроди бетаҷрибаю ноозмудакор қабул карда мешаванд. Иддае аз онҳо дар бораи тарзу усули кор бо газ ва риояи бехавфии он ҳатто тасаввурот надоранд. Танҳо шлангро дар мошин насбу холӣ кардани газро мефаҳманду халос. Танзимгар қабл аз шурӯи фаъолият бояд муддати 72 соат дар таълимгоҳҳои марбут ба соҳа, курси кӯтоҳмуддат гузарад ва соҳиби шаҳодатнома гардад. Бе омӯхтани нозукиҳои соҳа кор кардан дар НФС таҳдиди ошкоро ба ҷони худу атрофиён аст.
Чанд сол қабл дар тамоми гӯшаю канори шаҳр фурӯш ва рехтани бензин тариқи зарфи шишагӣ (банка) роҳандозӣ гардида буд. Сари ҳар қадам чунин вазъ дучор мешуд. Маъмурони хадамоти давлатии оташнишонии шаҳр ба хотири таъмини амният назоратро дар ин самт пурзӯр намуда, тавонистанд, аз чунин амали бензинфурӯшон ҷилавгирӣ кунанд. Ва қариб ҳамаи нуқтаҳои савдои бензин фаъолиятро бо дастгоҳҳои замонавӣ амалӣ намуданд. Вале рӯзҳои охир, дубора зинда гардидани ин «анъана»-и аз «даст»-рафтаи бензинфурӯшон бо «ташаббус» - и намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб эҳсос мешавад. Мошинҳои бензинкаши агентӣ дар ду нуқтаи сермошини шаҳр «хайма» задаю озодона бо банка ба савдои бензин пойбанданд.
- Мувофиқи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бо истифодаи ҳар гуна зарф ба мошин рехтани бензин мамнӯъ мебошад. Мусаллам аст, ки чунин нуқтаҳо як зарфи калони дигарро алоҳида аз бензин пур карда, барои рехтан ба мошин аз он истифода менамоянд. Бензин маводест, ки монанди газ зуд оташ мегирад. Ҳангоми рехтан ба мошин агар мабодо оташ гирад, осон метавонад, ба зарфҳои сӯзишвории захиравии дар ҳудудашбуда бичаспад. Нозирони ҚМ 33-юми ҲХДО дар шаҳр, борҳо масъулони агентиро барои ин амалашон ҷарима кардаанд, - гуфт сардори қисм.
Таҳқиқ собит кард, ки раёсату идороти дахлдори шаҳр (шояд аз рӯи хотирбинӣ бошад) барои соҳибкорони НФС - соз, имзою хулосаи худро «дареғ» намедоранд. Ҳар куҷоеро, ки тоҷир интихоб кард, бе таваққуфу таъхир розигӣ медиҳанд. Вақти он расидааст, ки вазорату кумитаҳои зирабти болоӣ дар шаҳр то чӣ андоза риоя шудани меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ, бехатарии экологию сӯхторнишонӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро зери тафтишу санҷиши амиқ қарор диҳанд. Албатта, ободию зебоии ин гӯшаи диёр барои ҳар як сокин ифтихор аст, вале ҳаёту амнияти шаҳрвандон арзиши олӣ дошта, дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумату давлат қарор дорад. Илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд ҷуст.

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 19.07.2016    №: 139    Мутолиа карданд: 512

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед