logo

иқтисод

РАҚОБАТ БОЯД СОЛИМ БОШАД

 Солҳои охир шароити зиндагии мардуми кишвар беҳтар гаштаасту онҳо рӯ ба ободию созандагӣ овардаанд. Дар шаҳру деҳот ҳама аз масолеҳи замонавӣ истифода бурда, тарҳҳои беҳтаринро бунёд мекунанд. Ҳоло навъҳои гуногуни бомпӯшҳо, дару тирезаҳои чӯбин, пластикӣ, алюминий ва асбобҳои сантехникӣ мавриди истифода қарор дорад. Агар қаблан яке аз масолеҳҳои асосии сохтмонӣ – семент бештар аз Покистон ворид мешуд,  онро масолеҳи хушсифату арзони маҳаллӣ иваз намудааст. Корхонаҳои азими сементбарорӣ, аз қабили «Хуаксин Ғаюр семент», «Тоҷиксемент», «Ёқутсемент» ва «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» эҳтиёҷоти ба семент доштаи ҷумҳуриро таъмин намуда, як қисми маҳсулот ба хориҷа содир карда мешавад. Ҳамчунин навъҳои гуногуни тахтасангҳо, рангҳо, зардеворҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ истеҳсол мешаванд, муштариёни зиёд пайдо кардааст.
Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ Зафарҷон Музаффаров  дар шаҳри Турсунзода нахустин корхона барои истеҳсоли пенопластироли ороишӣ бунёд шуд, ки ҳоло маҳсулоташ харидори зиёд дорад. Маҳсулоте, ки аз пенопластироли маҳаллӣ сохта мешавад, арзон буда, васлаш хеле осон аст. Корхона маҳсулоташро на танҳо дар фурӯшгоҳҳои ҷумҳурӣ, балки ба кишварҳои ҳамсоя содирот мекунад.
Ба гуфтаи фурӯшанда Фаррух Қобилов, пештар рангҳои молиданиро аз Русия,  Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид мекарданду арзиши як қуттии 20 килограммаи он 140 - 150  сомонӣ буд. Баъди дар ҷумҳурӣ бунёд гардидани чунин корхонаҳо нархи як қуттӣ бо ҳамон вазн ду баробар коҳиш ёфтааст.
Маъруф  Равшанов, соҳибкори тоҷик, ки машғули истеҳсоли рангҳои молиданӣ аст, аз он нигаронӣ кард, ки бо вуҷуди босифат будани маҳсулоти ватанӣ ҳанӯз ҳам бархе ба маҳсулоти воридотӣ рӯ меоранд. Ҳол он ки маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонааш рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон аст.

Ҳасан ШОКИРЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 481

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед