logo

иҷтимоиёт

21 СОЛ БО «ҶУМҲУРИЯТ»

ТУРДИАЛӢ БОЙБОБОЕВ БА СИФАТИ ХАБАРНИГОРИ ҚАТОРӢ БА КОР ОМАДА БУД...
«Дар ҷавонӣ дар сари санг ҳам хоб мебарад, кас аз давлати пирӣ бенасиб намонад», - мегӯянд миёни мардум. Воқеан ҳам бисёр дидаам, ки мардум ба худ аз давлати пирӣ бенасиб намонданро орзу ва дар ин бобат дуо ҳам кардаанд…
Бо қомати расо ва қадаммониҳои бардам бо поғундаҳои маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» боло баромадани марди танумандеро аз пас назора карда, ба ӯ ҳавасам меояд. Чун бо каси нахустин рӯ ба рӯ мешаваду лаб ба сухан мекушояд, овози марғуладораш тамоми роҳравро пур мекунад. Ин марди қоматбаланду сарбаландро дар ин даргоҳ ҳама мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ӯ Турдиалӣ Бойбобоев аст, ки зиёда аз 50 соли ҳаёти босамари худро сарфи коғазу қалам намудааст.

Нахустин навиштаҳояш ҳангоми дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Ленинобод таҳсил карданаш дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» рӯйи чопро дидаанд. Аз лавҳаҳои равону одӣ сар карда, то очеркҳои мураккаби доманадор силсилаи симоҳои қаҳрамонони ҷабҳаи меҳнатро офаридааст, ки ҳар кадоме тақдири худро бо дасти хеш офаридаанд. Ин буд, ки ҳини тақсимот низ аз ҳайати комиссия хоҳиш кард, ки ӯро ба Душанбе, ба идораи ягон рӯзнома ба кор фиристанд. Дили ҷавонро нашикаста ӯро ба Душанбе нею ба Қӯрғонтеппа мефиристанд. Онҷо бо Пиримқул Сатторӣ вохӯрда, бо кумаки ӯ дар рӯзномаи «Ифтихори Вахш» ба кор оғоз мекунад.
Сипас, қаламаш муаррифгари ҳунараш гардида, бо пешниҳоди Мутеулло Наҷмиддинов ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва аз он ҷо бо дархости роҳбарияти «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба ин нашрия ба кор мегузарад. Дар ин рӯзнома 21 сол, аввал ба сифати хабарнигорӣ қаторӣ ва минбаъд дар вазифаи мудири шуъбаи кишоварзӣ, ифои вазифа менамояд.
Тақдири минбаъдаи ӯ бо маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» сахт марбут аст. Ӯ аз соли 1993 то соли 2012 дар вазифаҳои муҳаррири шуъба ва сардабири маҷалла хизмат кардааст.
Ӯро бо супоришҳои махсус ба гӯшаву канори ҷумҳурӣ мефиристоданд. Агар касеро таъриф мекард, зуд обрӯ меёфт, пеш мерафт, касеро, ки танқид кунад, сояи гумону шубҳа то дер гоҳ аз пасаш мегашт.
Т. Бойбобоев дар нигоштани очерк маҳорати хоса дорад. Исмаш низ дар таърихи журналистикаи тоҷик чун яке аз очеркнависони чирадаст сабт гардидааст. Панҷоҳ очерки беҳтаринашро зери ҷилди як китоб гирд ҳам овардааст. Ҳар як очерк бозгӯ аз маҳорати касбии муаллифаш мебошад. Қаҳрамонҳои очеркҳояш мардони майдони меҳнат ҳастанд. «Мо онҳоро ҳамчун намуна барои дигарон нишон медодем», - мегӯяд худи Турдиалӣ Бойбобоев.
Чакидаҳои хомааш дар 17 китоб гирд омадаанд. Ба ғайр аз очерк, ҳикоя ҳаҷвияҳои хубе низ иншо мекунад, ки мухлисони зиёде низ доранд. Китобҳои «Қулла», «Теғи шифо» ва «Ангушти шашум» - ашро ихлосмандони эҷодаш ҳамчун намунаи хуби осори бадеӣ муаррифӣ менамоянд.
Муҳимтар аз ҳама, самимият ва одамияти ӯст, ки ҷозибааш ҳар хонанда, бинанда ва шунавандаро ба худ ҷалб мекунад. Дар суҳбат озод аст. Ба ҳамсуҳбаташ фишор намеорад, фикрашро бо далелҳои раднашаванда баён менамояд. Аз ин ҷост, ки бо ӯ ҳамсуҳбат шудан ба ҳар кас хушоянд аст.
Ҷавононро хеле дӯст медорад. Мехоҳад бо онҳо ҳамдаму ҳамнафас ва маслиҳатгару раҳнамо бошад. Умри бобаракати 80 – солаашро сарфи некиву накукорӣ кардааст. Аз ин рӯ, шабҳо бо оромӣ ба хоб мераваду субҳгоҳон бо умеди дидору воқеаҳои нек чашм мекушояд. Давлату сарвати ягонаи ӯ ҳамин давлати пирӣ аст. Инро бо ҳама дидан мехоҳаду ба ҳама ҳаминро орзу дорад.

М. ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 389

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед