logo

иҷтимоиёт

БЕТАРАФ НАБОШЕМ. БОЗ ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СИЛ

Борҳо гуфтаем, ки сил бемории сироятист ва беэътиноӣ ба он барои дилхоҳ ҷомеа хатарзост. Бо назардошти ин ва бо мақсади пешгирӣ, ошкор ва табобат кардани бемории сил бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2003 - 2010 қабул гардид, ки ҳадафи он ҳамоҳангсозии фаъолияти идораву ташкилот дар ин самт ба шумор мерафт.

Ҳоло ду навъи басо маъмули сили вобаста ба бемории шуш муайян гардидааст. Якум, бемории сили эҳсосӣ, ки бемор дар муддати 6 моҳ табобат меёбад ва дувум, бемории сили ба дорувориҳои гуногун тобоваранда, ки табобати ин навъи беморӣ аз 24 то 36 моҳ тӯл мекашад. Ин навъи сил вазнин буда, ба организми инсон аксари дорувориҳои зиддисилӣ таъсир наменамояд.
Ҳангоми сулфа, атса ва гап задани бемори гирифтори сил қатраҳои хурдтарини балғам, ки барангезандаи беморӣ доранд, ба ҳаво паҳн мегарданд ва дигаронро сироят мекунанд. Аз ҳама бештар, мардум ба бемории сили шуш гирифтор мешаванд, вале намудҳои дигари он низ, ба монанди сили гурда, сутунмуҳра, устухон вомехӯранд. 
Бемории сили шуши микробхориҷкунанда барои атрофиён хатарнок  аст. Микробхориҷкунии бемории силро ба воситаи ташхиси балғам дар озмоишгоҳ муайян мекунанд.
Ҳангоми муроҷиати беморон аз рӯи нишонаҳои бемории гуногун новобаста аз он ки бемор аз шуъбаи қабул ба кадом шуъба бистарӣ мегардад, ӯ бояд аз ташхиси рентгении қафаси сина гузаронда шавад (агар бемор дар давоми шаш моҳи охир ташхиси рентгенӣ накарда бошад). Ҳамаи беморони роҳҳои нафас бояд аз ташхиси балғам  аз рӯи нишонаи микроби барангезандаи сил гузаронда шаванд.  
Дар сурати дарёфтани нишонаҳои бемории сили шуш, ё мавҷудияти шубҳа аз рӯи ин беморӣ бояд балғам мувофиқи талаботи барномаи DOTS гирифта шавад.
Пешгирии бемории сил ба мо имкон медиҳад, ки дар бемор чунин оризаҳоро ба монанди хунравии шушҳо, ковокшавии онҳо,  норасогии вазифаҳои он, фасоднокии пардаи шуш ва фавти беморро пешгирӣ намоем.  Аз табибон дархост мешавад, ки на оби даҳон, балки балғамро ба зарфи махсус ҷамъ намоянд.  Набояд фаромӯш сохт, ки ташхиси балғам барои муайян кардани беморӣ комилан ройгон сурат мегирад. 
Вазъи кунунии ҷомеа аз мо тақозо менамояд, ки барои татбиқи ҳамаҷонибаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди сил саъю кӯшиш намоем. Вақти он фаро расидааст, ки ба ин масъала ягон мутахассиси соҳаи тандурустӣ бетараф набошад, зеро беэътиноиву бепарвоии ҳатто як нафар боиси хуруҷ ва паҳншавии он  мегардад.

Аҳруллоҷон ДӮСТМАТОВ,
табиби Беморхонаи клиникии
№ 1 шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 1213

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед