logo

фарҳанг

БОСТОНШИНОСОН ДАР САРАЗМ

Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 11 то 17 июл дар Саразм -  мероси фарҳангии  ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки таърихи зиёда аз 5500 - сола дорад, мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои ИДМ - ро баргузор намуд.

Дар маросими ифтитоҳи мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуда, ба бостоншиносони ҷавон комёбӣ орзу намуданд.
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи сеюм аст, ки мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавони кишварҳои узви ИДМ - ро баргузор менамояд ва олимони ҷавони кишварҳои ИДМ ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Дар мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавон олимони варзидаи Тоҷикистон баромад намуда, аз таҷрибаи кории худ ва дастовардҳои бостоншиносони тоҷик суҳбатҳо оростанд.
Дар кори мактаби байналмилалӣ 26 олими ҷавони ИДМ, аз ҷумла 5 нафар аз Федератсияи Русия, 5 нафар аз Ҷумҳурии Молдова, 5 нафар аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Арманистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Беларус, 3 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон ва 11 нафар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ёдгории таърихии қадимаи Саразм, Панҷакенти қадим ва ёдгории Санҷаршоҳи шаҳри Панҷакент таҷрибаи корӣ омӯхтанд.
Меҳмонон дар баробари ёдгории таърихии қадимаи Саразм аз Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихии ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оромгоҳи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ, воқеъ дар деҳаи зебоманзари Панҷрӯд, оромгоҳи Муҳаммад Башоро ва осорхонаи таърихии Лоиқ Шералӣ, ки дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ аст, боздид намуданд.
Мақсади баргузор намудани мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон шиносоӣ бо таҷрибаи бостоншиносони тоҷик дар минтақаҳои кӯҳсор, усули ҳифз намудани мавзеъҳои таҳқиқи бостоншиносӣ дар мисоли ёдгории таърихии қадимаи Саразм, ошноӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Зарафшон ва ҷараёни ҳафриёти ёдгории таърихии Саразм ба ҳисоб мерафт.
Дар доираи чорабинии мазкур барои олимони ҷавон машғулиятҳои амалӣ доир гардид. Дар фарҷом ба олимони ҷавони бостоншинос сертификати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
Шервони УМРИДДИН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 1300

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед