logo

иҷтимоиёт

«ҲОЛИ ЗОР ДАР ПАРТОВГОҲИ КӮЛОБ»

Шоистаи таҳсин аст, ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар бартараф кардани нуқсу камбудиҳои  дар ҷомеа ҷойдошта, хусусан дар рӯзҳое, ки пиру барнои мамлакат барои истиқболи сазовори  ҷашни бузурги умумимиллиамон 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ камар баста, ба созандагию ободонӣ, сабзкорию тозакорӣ ва намуди идона бахшидан ба ҳусни Тоҷикистон машғуланд, бо корхонаю муассисаҳо ва шаҳру деҳоти кишвар дар ҷараёни  ин омодагиҳо ҳамкории доимӣ дорад.Корхонаи  фаръии давлатии «Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳри Кӯлоб аз  нашрияи шинохтаю маҳбуби кишвар басо минатдор аст, ки мушкилиҳои доғи  рӯзро ошкор ва рафъи онҳоро  пайгирӣ менамояд. Журналист Ёқуби Содиқ дар матлаби танқидии «Ҳоли зор дар партовгоҳи Кӯлоб» («Ҷумҳурият», № 119, 20 июни соли 2016) камбудиҳои дар партовгоҳи марказии Кӯлоб ҷойдоштаро «рӯи об» бароварда, шарҳи  нишонрас додааст.
Матлаби «Ҳоли зор дар партовгоҳи Кӯлоб» дар ҷаласаҳои  якҷоя ва алоҳидаи маъмурият ва  тамоми кормандони «Хоҷагии коммуналӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Ҳамчунин, «Нақшаи чорабиниҳо оид ба  бартараф намудани камбудию норасоиҳое, ки дар мақолаи «Ҳоли зор дар партовгоҳи Кӯлоб» зикр  шудаанд» тартиб дода, рӯи кор гирифта шудааст (нусхаи онро ба шумо манзур медорем). Айни ҳол аксари камбудиҳои  дар матлаб зикрёфта бартараф гардида, кор дар ин самт идома дорад.
Иброз медорем, ки ҳамаи факту рақамҳои дар мақола овардашуда комилан дурустанд ва мутаассифона, мушкилиҳои дар кори  мо ҷойдошта, хусусан дар масъалаи фарсудаю корношоям гардидани  таҷҳизоту нақлиёт ва харобии пойгоҳи моддӣ – техникиамон ҳатто бештар аз онанд, ки журналист Ёқуби Содиқ баён кардааст. Ташаккур ба роҳбарони ширкати  боэътимоди «Билол – Б» - и Кӯлобшаҳр, ки 3 адад техникаи тавонои худро (боркаши «Дулан», худҳаракати васеъҳаҷми «Мехлопата» ва экскватори «Хундай») тариқи ройгон ба хизмати корхонаи мо вомегузорад. Як қатор техникаҳои мероси замони шӯравиро дигар бо ягон қисми эҳтиётии ҳозиразамон гардон карда ҳам  намешаваду андешаи таъмири минбаъдаи онҳо низ комилан ғалат ва хароҷоти зиёдатист.
Ёрию дахолати таъҷилии мутахассисони идораи болоиамон – корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – и Тоҷикистон зарур аст, то ки санадҳои моро дар бораи  корношоям будани ин техникаҳо зудтар тасдиқ кунанду мо онҳоро аз ҳисобҳои ҳуҷҷатӣ барорем ва аммортизатсияҳои хароҷотиашон беҳуда зам шудан нагиранд.
Масъалаи хеле нозук, ҳамчунин мушкили дигарро низ баён месозем. Камбудиҳои дар матлаб зикршуда ба партовгоҳи марказии (асосии) Кӯлоб дахл доранд. Чанд сол пеш партовгоҳ аз ҳудуди маҳалҳои аҳолинишини шаҳр ба андозаи  муқарраршуда дур ва барои  ҳамон замон мувофиқ буд. Тадриҷан дар гирду атрофи партовгоҳ (ҳоло мавзеи Чаманзор ном дорад) хонаҳои истиқоматӣ пайдо шуданд ва  маҳаллаи калон бунёд ёфт. Ҳамаи сокинони маҳалла бо иҷозат, розигӣ ва дар асоси хулосаи техникию муҳитизистии сохторҳои гуногун (Ҷамоати деҳоти «Кӯлоб», шуъбаи меъморию шаҳрсозӣ, Кумитаи заминсозии шаҳри Кӯлоб ва ғайра) бо назардошти  зиёд шудани аҳолӣ ва афзудани ниёз ба манзили истиқоматӣ қитъаи замин гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол иброз медорем, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди (атрофи) партовгоҳ тақсим кардани замин манъ аст. Имрӯз сокинони маҳаллаи Чаманзор комилан ҳақ ҳастанд, ки шароити  арзандаи зиндагӣ талаб менамоянд. Роҳи асосию ягонаи ҳалли ин мушкил ба мавзеи нав кӯчондани партовгоҳ аст. Дар ин бора, ғайр аз муроҷиатҳои пайвастаи  шифоҳӣ, мо бо номаи алоҳида (№ 262, аз 21 августи соли 2015) ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда будем. Умед аст, дар ояндаи наздик мақомоти  роҳбарии шаҳр ва сохторҳои  таркибии он барои  партовгоҳи нави марказӣ  макони нав меёбанду санадҳои даркориро тартиб медиҳанд ва  ин мушкилоти мардуми маҳалла, балки тамоми шаҳрро  осон менамоянд.
Аз «Ҷумҳурият» барои ба  таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ вогузор намудани проблемаҳои доғи ҷамъият, ки ҳалли саривақтию дурусти онҳо ба манфиати рушду шукуфоии саросари Тоҷикистони азиз  аст, сипосгузорем.

Б. БОБОКАЛОНОВ,
директори корхонаи
фаръии давлатии
«Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳри Кӯлоб

АЗ ИДОРА:
 Камбудиҳои  дар матлаби журналист Ёқуби Содиқ «Ҳоли зор дар партовгоҳи Кӯлоб» номбаргардида, чуноне аз ҷавоби директори корхона (нома  мухтасар чоп шудааст) низ бармеояд, дар ҳақиқат, танҳо ба идораи «Хоҷагии коммуналӣ» - и шаҳри Кӯлоб марбут нестанд. Дар ин ҷода ҳамкории тамоми сокинони шаҳр, дар навбати аввал масъулони соҳа зарур аст. Рӯзнома дар ин рӯзҳои қаблазҷашнӣ посухи идораҳои дигари масъул, аз ҷумла «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - и кишвар ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлобро дар ин бора интизор аст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 443

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед