logo

иҷтимоиёт

ПОЧТА. ХОНАНДА НИГАРОН АСТ, ЧАРО?

Мавриди интиқоди шадид қарор гирифтани фаъолияти почта дар ҳамаи манотиқи кишвар бесабаб нест. Зеро ниҳоди мазкур бо вазъи феълии иқтисодиву молиявӣ ва неруи техникиаш ба талаботи рӯз ҷавоб намедиҳад.

Ин ҳолат дар Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд бармало ба чашм мерасад. Дар вилоят 18 маркази алоқаи почтавии шаҳру навоҳӣ ва 166 шуъбаи алоқа фаъолият дошта бошанд ҳам, корашон чандон назаррас нест. То соли 1990 идора дар маҷмӯъ 24 техника дошт, ки баъди хизматрасонии тӯлонӣ ва аз меъёр зиёд  фарсудаву корношоям гаштаанд. Теъдоди кормандон низ агар дар даврони шӯравӣ беш аз 1,5 ҳазор нафар бошад, ҳоло ҳамагӣ 360 нафарро ташкил медиҳад, ки  аксарияташон дар синни нафақа ва ё наздик ба нафақа мебошанд.
Бино ба иттилои Ҷамила Аҳмадова, сармуҳосиби «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд, музди миёнаи маоши кормандон 350 сомонист. - Маҳз бо ҳамин сабаб корҷӯён ба мо кам муроҷиат мекунанд, - мегӯяд ӯ.    
Тибқи иттилои Абдуманнон Юсупов, сардори Корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд, соли равон корхонаву идора ва шахсони алоҳида ба 78 ҳазору 748 нусха рӯзнома ва беш аз 16 ҳазор нусха маҷаллаи ҷумҳуриявӣ, 43 ҳазору 713 нусха вилоятӣ ва 33 ҳазору 500 нусха шаҳриву ноҳиявӣ обуна шудаанд. Шикояти мардум дар бораи сифати пасти хизматрасонӣ ва дер дастрас шудани нашрияҳо амри воқеист. Охир онҳо пул дода обуна шудаанд ва ҳақ доранд, аз масъулон талаб намоянд, ки рӯзномаҳоро сари вақт расонанд.
Эгамназар Соҳибназаров, рӯзноманигор аз ноҳияи Деваштич, тавассути телефон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро аз 9 июли соли равон, № 133, шонздаҳуми июл гирифтааст. Ҳусейнбой Зокиров, раиси Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов низ аз кори номураттаби шуъбаи алоқаи ноҳия шикоят кард.   Корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон» дар шаҳри Панҷакент ва ҶДММ «Корхонаи кӯҳӣ - саноатӣ» дар шаҳраки Зарнисор ва Тоҷикистону Канада «Апрелевка» - и шаҳри Гулистон ҳамасола дар маъракаи обуна фаъолона иштирок мекунанд. Дар маҷмӯъ ин корхонаҳо соли равон ба зиёда аз 600 нусха нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» обуна шудаанд, вале дастрасии рӯзнома боиси нигаронӣ гардидааст. Агар дар шаҳри Панҷакент кормандони почта ҳафтае як маротиба рӯзномаҳоро ба КМ «Зарафшон» дастрас кунанд, ба шаҳраки Зарнисор баъди ду - се ҳафта мерасонанд.
- Тақрибан 20 сол мешавад, ки масъулияти муташаккилона гузарондани маъракаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба зиммаи ман гузошта шудааст, - мегӯяд Тӯйчибой Муҳаммадиев, корманди корхонаи муштараки «Зарафшон». - Аз роҳбарияти корхона сар карда, то коргари одӣ  муҳимияти ин маъракаро дарк мекунанд. Аммо ба таъхир афтодани дастрасии рӯзномаҳо аз ҷониби маркази алоқаи почтаи шаҳр солҳои охир боиси ташвиши ҷиддӣ гардидааст. Охир, мусаллам аст, ки мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо нахуст дастрасӣ ба иттилооти амиқу воқеӣ бошад, баъдан ин маърифат, ташаккули ҷаҳонбинии инсон маҳсуб меёбад.
- Бинобар набудани имконияти техникӣ рӯзномаву маҷаллаҳо ба Ҷамоати шаҳраки Навгарзани шаҳри Гулистон пас аз се ҳафта ва ё як моҳ мерасанд. Аз муроҷиатҳои зиёди мо суде нест, ягон чора намеандешанд, - мегӯяд Ӯткурбой Раҳимов, сардори комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоати мазкур. Ҷамоати деҳоти Ашти ноҳияи Ашт, ки аҳолиаш аз 20 ҳазор зиёд аст, қариб бист сол боз на хаткашон дораду на дуконҳои рӯзномафурӯшӣ. Рӯзномаву маҷаллаҳо ҳафтаҳо дар бинои ҷамоати деҳот нигоҳ дошта мешаванд. Вазъият дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ боиси нигаронист. 
Ба гуфтаи Абдуманнон Юсупов, то имрӯз 18 шуъбаи алоқаро дар навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ бинобар таҷдиди хоҷагиҳо хусусӣ кардаанд ва ё ба дигар мақсадҳо истифода мебаранд. Аз суханони ӯ метавон ба чунин хулоса омад, ки ба иҷора гирифтани нақлиёти соҳибкорон ва ё харидани дучархаҳо дар мисоли шаҳри Исфара, роҳи халосӣ аз ин мушкилот нест.
Дар баробари ин, миёни 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд нисбат ба фаъолияти маркази алоқаи почтаи шаҳри Исфара, ки ба он Сабо Ҳусейнова сарварӣ дорад, метавон суханҳои хуб гуфт. Дар ноҳия ба 24 ҳазор нусха рӯзномаву маҷалла обуна шудаанду кормандони почта рисолати худро мувофиқи имконоти мавҷуда ба иҷро мерасонанд. Дар ноҳия 16 шуъбаи алоқа фаъолият дошта, 26 нафар дар хизмати почта мебошад. Дар ин миён нафароне мисли Абдулҳай Ризвонов, Саодатхон Маҳмудова ва Майрамхон Аъзамова фидоии касби худ буда, сарфи назар аз мушкиливу камии маош вазифаи худро сарбаландона иҷро мекунанд.
     Ба назари мо, камбудиҳо ислоҳпазиранд, ба шарте ки дил сӯзаду масъулият ҳис карда шавад. Масъулони корхонаи фаръии КВД «Почтаи тоҷик» дар вилояти Суғд бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд.
                                                                                                       
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2016    №: 140    Мутолиа карданд: 604

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед