logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. БА РУШДИ ОН ДАР НОҲИЯИ САНГВОР ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕДИҲАНД

Дар ноҳияи Сангвор ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ  ба 11 миллиону 651 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба шаш моҳаи соли гузашта 1 миллиону 151 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тайи солҳои охир сокинони ноҳия ба картошкапарварию боғдорӣ ва чорводорию занбӯриасалпарварӣ бештар рӯ оварда истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ,  ҳафтод дарсади аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият доранд.
Ба гуфтаи Маҳмадзода Қурбон Раҷаб, муовини якуми раиси ноҳия,  баҳори соли равон  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 2435 гектар, аз ҷумла 1648 гектар ғалладона (гандум, ҷав, лӯбиёӣ ва ҷуворимакка), 122 гектар сабзавот, 630 гектар картошка ва  35 гектар зироати хӯроки чорво  кишт шуда, 28,7 гектар боғи нав бунёд гардидааст.
- Роҳбарияти ноҳия ва масъулони идораҳои дахлдор ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 500 гектар заминҳои кишоварзиро обёрӣ кардааст. Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия имсол дар майдони 23  гектар ба миқдори 2 ҳазору 300 бех  ниҳоли мевадиҳанда ва сояафкан шинонда, 7 гектар боғи куҳнаро  барқарор карданд. Филиали дар ноҳия будаи Боғи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва дигар муассисаҳои дахлдор ҷиҳати аз сӯхтор эмин нигоҳ дош-тани ҷангалзор, пешгирии нестшавии ҳайвонҳои нодир ва риояи реҷаи ҳудудҳои  табиии махсус муҳофизатшаванда суҳбату вохӯрӣ  ва корҳои фаҳмодадиҳиро дар байни аҳолии ин минтақа ба роҳ мондааст, - гуфт Маҳмадзода Қурбон Раҷаб.

Худодод ЗАЙНИДДИН, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 512

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед