logo

фарҳанг

ХОҶА МАШҲАД - НИШОНЕ АЗ ФАРҲАНГИ ВОЛОИ НИЁГОН

Ёдгории  таърихии Хоҷа Машҳад  аз нимаи дуюми асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Соли 1947 аз ҷониби Академияи илмҳои кишвар экспедитсияи бостоншиносии Суғду Тоҷикистон таҳти роҳбарии академик А. Ю. Якубовский ба деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуз фиристода шуд, то мадрасаи Хоҷа Машҳадро мавриди омӯзиш қарор диҳад.

Мадрасаи мазкур дар асрҳои 9 - 12 сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта сохташудаи ба ҳам пайваста боқӣ мондааст. Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ буда, сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонҳоро, ки аз хишти моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории ҳамон давра меҳисобанд. Ба андешаи А. Л. Литвинский  дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори мунаққаше илова гардидааст. Дар ду гӯшаи биноҳо гулдастаҳои на чандон калон сохтаанд. Дар тарафи муқобил, ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон пӯшида шудааст, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат дорад. Бинои мазкур дар тӯли асрҳо вайрону валангор гардида, аз байн рафтааст. Чунин андеша ҳам роиҷ аст, ки шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоиашро дар ҳамин мадраса гирифтааст.
Аз омӯзишу шиносоӣ бо таҳқиқоти дар иртибот бо мадрасаи Хоҷа Машҳад гузаронидашуда маълум мегардад, ки  аз ҷониби муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Онҳо дар муайян намудани паҳлуҳои норавшани таърихи пайдоиш, бунёду сохтмони ин ёдгории фарҳангӣ ва муаррифии он ба ҷаҳониён саҳми арзандаю босазо гузоштаанд. Дар ин миён, месазад аз хизматҳои арзишманди муарриху бостоншиноси маъруф  Сергей Хмелнитский, ки беш аз 40 сол  гурӯҳҳои махсуси ҳафриётию бостоншиносиро роҳбарӣ карда, дар мадрасаи Хоҷа Машҳад корҳои зиёди илмию таҳқиқотӣ бурдааст, ёдовар шавем.
Маҳз  таҳти роҳбари бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида дар ибтидои солҳои 60 - уми асри гузашта  корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Қабл аз ҳама, исбот гардид, ки  биноҳои ёдгории зикргардида дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун  бо ҳам пайваст шудаанд. Ҳамзамон, муайян гардид, ки 54 гӯри дар дохили ҳар ду бинои ёдгории мазкур мавҷудбуда на дар асрҳои 9 - 12, балки баъдтар, ҳангоми  истилои Осиёи Миёна аз ҷониби чингизиён  пайдо шудаанд. Дар рафти ковишҳои археологӣ  аз замини зери бино ва атрофи он зарфҳои гуногуни сафолӣ, шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо шуд, ки ҳоло бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду бино ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар дохили бинои дуюм 13 адад хишти даври гунбаз  ба назар намерасад. Мутаваллӣ ё худ масъули  мадрасаи Хоҷа Машҳад Маҳмадюсуф Азимов  зимни суҳбат иброз дошт, ки хиштҳои кандашуда гӯё бо навиштаҷоти арабиасоси зарҳалонидашуда дар даврони шӯравӣ бо тавсияи С. Хмелнитский барои таҳқиқу омӯзиш ба Осорхонаи шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия интиқол  дода шудаанд ва  сабаби то ҳол баргардонида нашудани онҳо барояш муаммост.
То расидан ба сулҳу субот ва таъмини ваҳдати миллӣ бисёр ёдгориҳои таърихӣ, аз  ҷумла мадрасаи Хоҷа Машҳад то андозае аз мадди назар дур монданд. Бо фарорасии сулҳу субот дар кишвар аз сари нав ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Роҳбари лоиҳаи тармими мадрасаи Хоҷа Машҳад, мутахассиси Муассисаи ҷумҳуриявии  илмӣ - истеҳсолӣ  оид ба таъмиру тармими ёдгориҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматҷон Саломов ба муаллифи ин сатрҳо иброз дошта буд, ки Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  аз соли 2005 то 2009 барои лоиҳаи номбурда 116370 доллари амрикоӣ ҷудо кардааст. Маблағи мазкур барои тоза кардани 5 километр заҳбури обпарто (ҷиҳати паст кардани обҳои зеризаминии атрофи мақбара), бо таҳпояи бетонӣ мустаҳкам кардани таҳкурсии мадраса, кӯчонидани  қабрҳои баъдина аз масҷиди мадраса ба бинои шафати он, ҷалби устоҳо   ва сохтани хумдонҳои хиштпазӣ, харидории маводи сӯхт, истеҳсоли хишти қадима, тармими пурраи мадраса ва амсоли ин масраф шудааст.
Р. Саломов барои ободонии гирду атрофи мадрасаи Хоҷа Машҳад лоиҳаи ҷадидеро рӯи даст дорад. Дар сурати пайдо кардани маблағгузор он татбиқи амалии хешро пайдо намуда, якчанд нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои кори доимию мавсимӣ таъмин мегарданд. Дар ин лоиҳа насби дарвоза, сохтани  парки мошинҳою роҳравҳо, кабудизоркунии нишастгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонию фароғатӣ тарҳрезӣ шудааст.

Азизи ФАТТОҲ,
 рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 1452

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед