logo

ҳуқуқ

САЛАФИҲО РАВОНАИ ЗИНДОН ШУДАНД

Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Манучеҳр Хоҷаев, Зоирҷон Ёров, Азиз Юнусов, Хуршедҷон Бозоров ва Фирӯз Бойматов аз рӯи қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристод.
Моҳияти айбдорӣ аз он иборат аст, ки Манучеҳр Хоҷаев соли 2006 аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, дар он ҷо бо Абдураҳмон ном шахс шинос ва аз ӯ таълимоти равияи экстремистии динии «Салафия»- ро омӯхтааст. Номбурда аз ҳамон вақт ҳамчун аъзои фаъоли ин равия кӯшиш намудааст, ки наврасону ҷавононро ба доми фиребаш дароварда, корҳои таблиғотиву ташвиқотиро мувофиқи дастури хоҷагонаш роҳандозӣ намояд. Аз ҷумла, ин салафӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади паҳн намудани равияи «Салафия» бо шаҳрвандон З. Ёров,  А. Юнусов, Х. Бозоров  ва Ф. Бойматов  якчанд маротиба дар қурутобхонаи «Ҳасан», воқеъ дар маҳаллаи 101, вохӯрда, дар бораи ҷалб намудани онҳо ба ин равия ташвиқот бурдааст.
Се нафари охир бошанд, бо мақсади сайқал додани дониши худ тавассути телефонҳои мобилиашон ба сомонаи интернетии барномаи «Вотсап» даромада, ба гурӯҳи «Ҳикмат - 14»  аъзо шудаанд. Онҳо дарсҳои равияи экстремистии «Салафия» - ро азхуд намуда, ба ташвиқу тарғиб ва пайравии таълимоти равияи мазкур машғул гардидаанд. Манучеҳр Хоҷаев баъди пайвастан ба ин равия, ки фаъолияташ дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 8 декабри соли 2014, ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ эътироф ва манъ шудааст, дар масҷидҳои шаҳри Душанбе ва манзили истиқоматиаш намозро мувофиқи аҳкоми равияи «Салафия» ба ҷо меовардааст.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони номбурда бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз 5 июли соли 2016, гунаҳгор дониста шуда, ба ҳар кадомашон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъйин гардидааст.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 461

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед