logo

иқтисод

МАЪРИФАТИ МОЛИЯВИЮ ПУЛӢ

ТАШАККУЛИ ОН ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Костагии дониши тахассусии қисме аз кормандони соҳаи бонкдорӣ оид ба хизматрасониҳои бонкӣ ва маърифати пасти молиявию пулии аҳолӣ бегонагии байни бонк ва мизоҷро  ба миён оварда, боиси нобоварию беэътимодии мардум ба муассисаҳои молиявию пулӣ мегардад. Барои тақвият додани донишҳои иқтисодӣ ва наздиктар  кардани мардум ба бонкҳо, бо мақсади ба даст овардани боварии онҳо, ташкилотҳои молиявӣ метавонанд  мунтазам оид ба хизматрасониҳо, сифати маҳсулот, амалиётҳои бонкӣ  ва дигар масъалаҳо, бахусус  бо  ҳайати кормандон ва соҳибкорону тоҷирони навкор,  тренинг - омӯзишҳо  гузаронанд.

Яке аз воситаҳои қаробати мизоҷ ба бонк  гӯш додани корманди бонк ба андешаи мизоҷ аст. Назарсанҷиҳое, ки оид ба фаъолияти бонкҳо ва хизматрасонии онҳо ба мизоҷон гузаронда, сатҳи фаъолияти ташкилоти молиявӣ ё қарзӣ дар онҳо баҳогузорӣ мешавад, дар доираи маҳдуд  доир   мегарданд. Дар ин назарсанҷиҳо бештар ба андешаи шаҳрвандони пойтахт, ки шумораи хеле маҳдудро фаро мегиранд, такя мекунанд. Қисмати бештари мизоҷон аз деҳоти кишваранд. Низомҳои интиқоли пул ва хизматрасониҳои бонкиро дар  музофот бояд ташкилоти молиявӣ ба таври реклама, насби эълонҳо дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ, бозор, муассисаҳо  ва ҷойҳои назаррас амалӣ  намоянд. Тренинг – омӯзишҳо, ки  дар байни кормандони худи ташкилоти молиявӣ  гузаронда мешаванд, бояд эҷодкунандаи як фазои ҳамоҳангии мутақобилаи байни аҳолӣ ва ниҳоди молиявӣ бошанд. Дарсҳои тренингӣ бояд  хусусияти равонии касбӣ дошта, вижагии  касби бонкдориро ҳамчун идоракунандаи бозори иттилооти бонкӣ, ташаббускор, бомаърифат ва  дигар сифатҳо  чеҳракушоӣ намоянд.
Василаи дигари гӯш додан ба андешаи мизоҷ ташкил намудан ва пурра ба роҳ мондани марказҳои тамос бо мизоҷон дар ташкилоти қарзӣ ё бонкҳо мебошад. Тавассути телефонҳои фаъоли марказҳои тамос мизоҷон метавонанд ҳамарӯза суолу пешниҳодоти хешро ба бонк ворид намоянд, ки ин гуна фаъолият барои  ҳалли масоили гуногуни бавуҷудомада  миёни мизоҷ ва бонк пуле (воситае) шуда метавонад. Яъне формулаи доимоамалкунандаи Мизоҷ -  Бонк - Мизоҷ бояд пайваста фаъол бошад.
Агар имрӯз миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар мағзи аксари онҳо фақат андешаи гирифтани ҳаққи заҳмату интиқол додани он ба ақрабои худ чарх мезанад, бо суоли «Депозит ё амонат чист?»  пурсиш гузаронем, боварӣ дорам, ки танҳо шумораи ками онҳо ва бо тасаввуроти ночиз ба савол посух гуфта метавонанд. Агар лоақал як ҳиссаи маблағҳои интиқолии шаҳрвандон дар бонкҳо пасандоз мегашту пурра ба дасти ақрабои онҳо  намерасид, аз ин ҳам интиқолкунанда манфиат мебардошт ва ҳам   интиқолгиранда.
Ёдрас намудан хеле бамаврид аст, ки яку якбора гирифтан ва исрофкорона харҷ кардани маблағҳои интиқолӣ аз ҷониби шаҳрвандон маънии эҳтиром нагузоштан ба меҳнати сангини шавҳар, писар, падар, бародар ва ғайраро дорад.
Агар шаҳрвандони мо аз хизматрасонии хеле муфиди пасандози бонкӣ ба хубӣ истифода баранд ва тартиби истифодаи онро риоя намоянд, мушкилоти бемаблағ мондани аҳолӣ низ хеле кам рух медиҳад ва амонати бонкии маблағгузорон ҳам ба манфиати мизоҷон - муҳоҷирону хешу табори онҳо  ва ҳам бонку ҷомеа хидмат («кор») мекунад.
Паст будани маърифати молиявию пулии аҳолӣ мавриди таваҷҷуҳи олимони иқтисодшинос низ гардидааст. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки қисмати бештари аҳолии деҳот то ҳол оид ба моҳияти хизматрасониҳои бонкӣ маълумоти пурра надоранд. Аз ин лиҳоз,  нисбат ба бонкҳо дар хона нигоҳ доштани бештари пулҳои равонкардаи муҳоҷирон ва маблағҳои дигарро (фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ, тиҷорати хурд, маош ва ғайра) афзалтар медонанд. Аз ин рӯ, барои ба боварии мизоҷ сазовор гаштани ташкилоти молиявӣ пеш аз ҳама якчанд омилҳои заминагузорандаи мизоҷӣ, назири; а) интишор ва дастрас намудани варақаҳои депозитие, ки дар онҳо ҳама намуди  амалиётҳои депозитӣ ба таври муфассал  ифода  ёфтаанд; б) нақши депозит дар танзими сармоя ва буҷети оила; в) моҳияти депозит ва танзими   хароҷоти зиёди  пулие, ки дар пасандозҳои хонагии аҳолӣ дар ҳолати рукуд қарор доранд; г) депозит - кафили боэътимоди молиявии мизоҷ дар зиндагиро бояд мавриди омӯзишу амал қарор диҳанд, то ки пардаи хавфу ҳарос аз байн бардошта шавад.
Бонки мобилӣ аз хизматрасониҳои  навтарини бонкии асри навин  ба шумор рафта, бо ривоҷ ёфтани шабакаи интернетӣ дар ҳудуди мамлакат аз воситаҳои осонсозӣ ва қарингардонии алоқа ва кори мизоҷ нисбат ба бонкҳо буда метавонад. Он СМС - хизматрасонии сода ва хеле мусоидест, ки тавассути он мизоҷон метавонанд тамоми маълумотро оид ба кортҳо, амалӣ намудани пардохтҳо,  интиқоли маблағ ва амалиёти дигар ба воситаи телефони мобилӣ ё  компютери хонагӣ дар вақти дилхоҳ амалӣ намоянд. Пардохти фаврии бонки мобилӣ метавонад, ҳамагӣ тавассути паёмак - хабарҳо фосилаи дурии  мизоҷу бонкро аз миён бардорад. Мизоҷ метавонад аз хона ё ҷойи кори худ набаромада, амалиёти барояш заруриро фаъол гардонад.  Роҳандозии хизматрасонии фосилавии бонкӣ бозгӯи он аст, ки соҳаи бонкдории кишвари мо низ имрӯзҳо  роҳу воситаҳои гуногунеро таҳия намуда, пешниҳоди мизоҷони худ мегардонад, ки  иқдоми хеле назаррас ва осонгардонандаи мушкилоти мухталифи сарзананда дар ин самти хеле муҳими ҷамъият мебошад.
Аз ин лиҳоз,  мардуми моро низ зарур аст, ки фориғболӣ накарда, аз роҳу васоити хеле  қулайи  истифодабарии  технологияҳои гуногуни соҳаи бонкдорӣ ва маблағҳои бо заҳмат андӯхтаашон оқилона баҳра бардоранд. 

Абдулазиз АШӮРОВ,
коршиноси масоили иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 569

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед