logo

иқтисод

ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. ОМОДАГӢ БА ОН ДАР ВМКБ ҒАЙРИҚАНОАТБАХШ АРЗЁБӢ ШУД

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоятро ба маъракаи зимистонгузаронӣ ғайриқаноатбахш унвон кард. Дар ин бора дар ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016 - 2017 сухан рафт.
Бино ба иттилои сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилоят Латиф Шоҳзодаев, дар назди мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ситодҳои доимоамалкунанда созмон дода шуда бошанд ҳам, фаъолияти онҳо, аз ҷумла ситоди вилоятӣ, самарабахш нест. Идораву муассисаҳо бошанд, дар самти омодагӣ ба ин маъракаи муҳим камҳавсалагӣ зоҳир мекунанд.
 Ба гуфтаи Латиф Шоҳзодаев, соли равон аз буҷаи давлат ҷиҳати хариди ангишту ҳезум барои муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва фарҳанг 8 миллиону 453,1 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин дар муқоиса ба соли пеш 456,7 ҳазор сомонӣ ё 5,7 дарсад зиёд аст. Вале то ба ҳол хароҷоти ин маблағҳо дар соҳаи маориф 16,8, тандурустӣ 32,3 ва фарҳанг ҳамагӣ 4,7 дарсадро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ то 12 июл дар вилоят харҷи маблағҳои пешбинигардида ба 18,4 дарсад баробар аст.
Дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон бошад, то ҳол аз маблағҳои барои хариди ангишту ҳезум ҷудогардида ягон дирам сарф нашудааст. Яъне дар ноҳияҳои номбурда дар ин самт ягон корро анҷом надодаанд. Муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ин ноҳияҳо ба намояндагии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вилоят оид ба хариди ҳезуму ангишт дархост ҳам пешниҳод накардаанд.
 Аммо, тавре аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд, талаботи муассисаҳои ин соҳа ба ангишт дар давраи зимистони имсола 5577 тоннаро ташкил медиҳад. Мутаассифона, дар ин муассисаҳо ягон тонна ангишт харид нашуда, фақат дар чанд муассисаи таҳсилоти ҳамагонии ноҳияҳои Ванҷу Ишкошим аз захираи порсола дар маҷмӯъ 130 тонна ангишт боқӣ мондааст. Дар муассисаҳои тандурустӣ ва фарҳанги вилоят низ айни ҳол ба ин кор даст назадаанд. Кай дар ин муассисаҳо ба омодагӣ ба зимистон шурӯъ мекунанд, маълум нест.
Раиси вилоят дар ҷараёни баррасии масъала аз фаъолияти сусти мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ изҳори нигаронӣ кард.
- Солҳои пеш дар таъхир ёфтани корҳои омодагӣ ба тирамоҳу зимистон сари вақт ҷудо нагардидани маблағро баҳона мекарданд, вале имсол, ки маблағҳо сари вақт ҷудо шудаанд, масъулин чӣ баҳона пеш меоранд? Чаро ин маблағҳо сари вақт ва мақсаднок истифода бурда намешаванд? Имсол ҳам ба тараҳҳуми табиат умед мебандем? - гуфт ӯ.
Шодихон Ҷамшед боз аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар ин самт дар идораву муассисаҳо ҳисобу китоби аниқ нест. Маълумот дар бораи нуқтаҳои фурӯши ангишту гази моеъ дар шаҳру ноҳияҳо ба ҳақиқат мувофиқат намекунад. Раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, ҷамъияти матлубот, Сарраёсати Агентии омор дар вилоят ва дигар сохторҳои марбута ҳамасола талаботи аҳолиро дар давраи тирамоҳу зимистон бо маводи озуқа, аз ҷумла орд, ғалла, картошка, биринҷ, аниқ муайян намекунанд.
Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ, бахусус раёсатҳои маорифу тандурустӣ, шуъбаи фарҳанг ва муассисаҳое, ки фаъолияти самарабахши дигар сохторҳо дар давраи зимистон ба онҳо алоқаманд аст, супориш дод, ки дар давоми як моҳ камбудиҳои мавҷударо бартараф намоянд.   
 
 Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 480

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед