сиёсат
ПАРЛАМЕНТИ КАСБӢ – ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Мардуми шариф ва сарбаланди Тоҷикистон 9 - уми сентябри соли равон 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ - бузургтарин дастоварди миллиро дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд. Бояд зикр кард, ки таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо аз соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон маншаъ мегиранд.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуд. Дар асоси ин тағйиру иловаҳо дар кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда таъсис ёфт. 27 феврали соли 2000 - ум дар 41 ҳавзаи якмандатӣ ва 1 ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дар маҷмӯъ 63 нафар аз ҳизбҳои расман фаъолиятдошта вакили парламенти касбӣ интихоб шуданд.
1 марти соли 2015 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар сатҳи баланди ташкилӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъоли интихобкунандагон доир гардид. Дар интихобот 285 номзад, аз ҷумла 80 нафар ба тариқи худпешбарӣ ба таври озод ширкат варзид. Дар ин маъракаи сиёсӣ 3 миллиону 791 ҳазору 827 нафар ё 87,7 дарсади шаҳрвандони кишвар, ки дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд, фаъолона иштирок карданд. Дар фазои озоду демократӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ, ки аз ҷониби намояндагони тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва нозирони милливу байналмилалӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид, бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки халқи соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва эътимоди комил ба ояндаи неки давлати Тоҷикистон ва бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ дар ин чорабинии муҳим иштирок намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини фаъолияти муътадили ҳокимияти қонунгузор, яъне парламенти мамлакат тамоми чораҳои заруриро меандешанд. Айни замон парламенти касбӣ ба сифати як шохаи мустақили ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи навин ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар нақши муҳимро иҷро менамояд.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва малакаву маҳорати касбии худро ба он равона карда истодаанд, ки қонунҳои қабулнамуда таҳкимбахши заминаҳои ҳуқуқии кишвар ва пойдории асосҳои демократии онҳо бошанд, ба густариши минбаъдаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2016 №: 141 Мутолиа карданд: 533