logo

ҳуқуқ

ЭКСТРЕМИЗМ. ХАТАРЕ, КИ БЕШТАР БА ҶАВОНОН ТАҲДИД МЕКУНАД

Зимни баррасии ин ё он падидаи иҷтимоӣ мо ба моҳият ва аломатҳои фарқкунандаи як қатор зуҳуроти дигар, аз ҷумла  экстремизм, мароқ зоҳир мекунем. Он вожаи лотинии «extremus» буда, канорагирӣ, мансубият ба ақидаҳои ифротӣ, чорабиниҳо дар сиёсатро мефаҳмонад. Ба ин чорабиниҳо иғво, бетартибиҳои ҷамъиятӣ, амалҳои террористӣ дохил мешаванд.

Гурӯҳҳои радикалии экстремистӣ ба ягон созиш, мувофиқа ва шартҳо майл намекунанд. Сабабҳо ва омилҳои экстремизмро дар ҷомеа олимон дар буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, камбизоатӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, холигии фазои идеологӣ мебинанд. Мувофиқи ақидаи танзимгари ҳаракати байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи халқҳои дунё В. Д. Трофимов «Экстремизм идеологияи дастрасии иҷрои чорабиниҳои қатъӣ, рафтори экстремистии иҷтимоӣ барои ба даст овардани самараи дилхоҳ мебошад».
Дар Конвенсияи Шанхай «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм», аз 15 июни соли 2001, дар банди 3, қисми 1, моддаи 1 чунин омадааст: «Экстремизм ягон намуди амал барои бо роҳи зӯрӣ гирифтан ва нигоҳ доштани ҳокимият, иҷборан тағйир додани сохти конститутсионии давлат, суиқасд ба амнияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ташкили дастаҳои ҳарбии ғайриқонунӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва иштирок дар онҳо ба шумор меравад, ки аз нигоҳи тартиби ҷиноятӣ дар қонунгузории миллӣ таъқиб карда мешавад».
Омилҳои бавуҷудорандаи экстремизм, бахусус баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар расида, пеш аз ҳама, ба заиф гаштани вазъи амниятӣ, коҳиши сатҳи иқтисодӣ - иҷтимоӣ, кушодашавии сарҳадҳо барои тиҷорат, ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодӣ, муҳоҷирати меҳнатии беназорат, афзудани шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои фаромиллӣ вобастагии зич доранд.
Яке аз омилҳои муҳими паҳншавии экстремизмро олимон дар душвориҳои раванди иҷтимоишавии ҷавонон дар муносибатҳои бозори ҷаҳонӣ медонанд, ки дар он сармоя (капитал) ҳамчун меҳвари асосӣ баромад мекунад. Гурӯҳҳои экстремистӣ, ҳамчун таблиғкунандаи «роҳи адолату ҳақиқат» ҷавононро ба худ ҷалб карда истодаанд. Дар «гешталпсихология» шахсияти экстремист ҳамчун дарки фаъолияти образноки айниятшудаи этникӣ, динӣ, сиёсӣ баромад мекунад, ки гӯё рафтору кирдори вай комилан дуруст аст. Дар ин ҷода пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки кайҳо боз мафҳуми экстремизм хусусияти стратегӣ гирифтааст.
Паҳншавии идеологияи экстремизми динӣ дар ҷаҳон солҳои 70-уми асри XX оғоз гашт. Зуҳуроти гуногуни экстремизм, аз қабили экстремизми динӣ, миллӣ, этникӣ ва сиёсӣ дар Қафқози Шимолӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоили афзоиш пайдо кард. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки экстремизми стратегӣ зиддиятҳои зеринро фаро мегирад: динӣ ва мазҳабӣ, этникӣ ва фарҳангӣ-этникӣ, сиёсӣ (байни қувваҳои сиёсӣ барои ҳокимият), байналмилалӣ, байнисинфӣ, иқтисодӣ-бозорӣ ва зиддиятҳои идеологӣ.
Созмонҳои экстремистиро ба се намуд ҷудо менамоянд:
1. Ҳаракатҳои экстремистӣ, ки мақсади содир намудани ҷиноятро доранд, инчунин коркарди нақша ва шароитҳои содиршавии онҳо.
2. Иттиҳодияи экстремистӣ, барои содир намудани ҷиноятҳои таъсирашон хурд  ва миёна ба ҷомеа.
3. Ҳаракатҳои экстремистӣ, ки бо мақсади тайёр намудани гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар асоси бадбинии идеологӣ, нажодӣ, сиёсӣ, динӣ ва миллӣ бунёд мегарданд.
Чорабиниҳои пешгирикунандаи экстремизм дар байни ҷавонон ҷанбаҳои педагогӣ, психологӣ ва амалӣ доранд, ки айни замон онҳо бояд мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҷумла, пешгирии экстремизм дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, таҳлили фалсафӣ, таърихӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ки дар байни ҷавонон ба вуҷуд меоянд, таҳияи барномаҳои мушаххаси давлатӣ дар муқовимат бо экстремизм, таҳаммулпазирӣ, гузарондани тадбирҳои варзишӣ ва фароғативу маишӣ, ба вуҷуд овардани муҳити созандаи муоширати байни миллатҳо ва дину оини мухталиф барои аз назари сиёсӣ зираку ҳушёр намудани ҷавонон мусоидат менамоянд.

Нигина ШОЙМАРДОНОВА,
устоди Донишкадаи
соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 498

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед