logo

иқтисод

ВАНҶ. БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Давлатбибӣ РАҶАБОВА,
раиси ноҳияи Ванҷ

Мардуми шарафманду меҳнатқарини ноҳияи Ванҷ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистанд, ки аз вартаи нобасомониҳои ибтидои солҳои 90 - уми асри гузашта баромада, бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар шукуфоии Ватани азизамон саҳм бигиранд ва диёри хешро ба гӯшаи ободи Тоҷикистон табдил диҳанд.

Пас аз касби соҳибистиқлолӣ ноҳия таҳти таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, амну субот таъмин ва ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи он рушд намуд. Бунёди пулу неругоҳҳои барқи обӣ, макотибу муассисаҳои тиббӣ, варзишгоҳу қасри фарҳанг, бинои идораю муассисаҳо ва дигар иншооти инфрасохторию аҳамияти иҷтимоидошта, аз зумраи он иқдомҳое мебошанд, ки тавассути дастгирии ҳаматарафаи Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гаштаанд.
Таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Ватани маҳбубро мо дар мисоли ноҳияи Ванҷ бармало мушоҳида менамоем. Кӯшишҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия комилан дигар шуд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Президенти мамлакат чандин маротиба ба ноҳияи мо ташриф оварданд ва тибқи дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати рушди иқтисодӣ - иҷтимоии ноҳия як қатор корҳои нек амалӣ гардид. Дар ин замина, оид ба азхуд намудани заминҳои нав ва идоракунии захираҳои об, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ шуданд. 250 гектар боғи нав бунёд гардида, 500 гектар боғи куҳна барқарор шуд.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ноҳия аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра баромад. Пули мошингарди байни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Тоҷикистон ба маблағи 11 миллиону 460 ҳазор сомонӣ бунёд ва бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Рӯйдоди муҳими дигаре, ки дар соли сипаригардида дар ноҳияи Ванҷ ба амал омад, ин мавриди истифода қарор гирифтани пули боҳашамати мавзеи Сурхсангов аз болои дарёи Ванҷоб бо дарозии 146 метр, тавоноии 100 тонна ва ба арзиши 27 миллион сомонӣ мебошад. Ин пул Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад.
Дар расми ифтитоҳи пул Президенти кишвар иштирок намуда, бо сокинони ноҳия вохӯрии судманд анҷом доданд. Дар ин давра пулҳои мошингарди деҳаҳои Хаспо, Техарв, Бунай, Гишхун пурра таъмир гардида, пули мошингарди Дуршер ба маблағи 7 миллиону 905 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат се неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 760 кВт соат бунёд ва НБО - и «ВАНҶ- 2» ба маблағи 5 миллиону 755 ҳазор сомонӣ, бо иқтидори 900 кВт соат, мавриди истифода қарор гирифт. Ин аст, ки имрӯз дар ноҳия барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ гомҳои устувор гузошта мешаванд. Дар ин замина, имконияти бунёди корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати кӯҳӣ ба миён омад. Танҳо дар соли гузашта панҷ корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд гардид, ки ин нахустин қадами устувори ноҳия дар роҳи рушди соҳаи саноат мебошад. Бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, аз қабили корхонаи истеҳсоли равғани ангат, маҷмааи сайёҳӣ, фермаи шириву гӯштии ҶДММ «РУХОМ», корхонаи коркарди мева ва сабзавоти ҶДММ «Зиёратшо», корхонаҳои дӯзандагии «Нури Бахт» ва истеҳсоли булӯр дар деҳаи Пои Мазор, ба фаъолияти муқаррарӣ пардохтани корхонаи санги мармари Ванҷ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим заминагузори воқеии рушди боэътимоди хоҷагии халқи ноҳия гардиданд.
Раванди корҳои ободонию созандагӣ чун дигар минтақаҳои кишвар дар ноҳияи Ванҷ дар даҳсолаи дуюми соҳибистиқлолии кишвар, баъди таъмин гардидани сулҳу субот дар ҷомеа, оғоз гардид. Дар тӯли 25 сол дар ноҳия зиёда аз 241 иншооти соҳаҳои гуногун ба маблағи 149 914 685 сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои маориф 42 иншоот ба маблағи 14 343 980 сомонӣ, тандурустӣ 43 ба маблағи 4 934 205 сомонӣ, роҳ ва роҳдорӣ 16 ба маблағи 49 534 000 сомонӣ, сохтмон 28 ба маблағи 40 920 000 сомонӣ, иҷтимоӣ - хати интиқоли оби нӯшиданӣ ба маблағи 2 100 500 сомонӣ, обёрии заминҳо 18 ба маблағи 5 232 000 сомонӣ, саноат - соҳибкорӣ 62 ба маблағи 21 078 000 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳоло сохтмони Кохи фарҳанг, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мактаби замонавӣ дар маркази ноҳия барои 640 ҷойи нишаст оғоз гардида, бунёди бинои шуъбаи маориф, нотариуси давлатӣ ва САҲШ дар назар аст. Сохтмони филиали «Агроинвестбонк» ва чандин мағозаву марказҳои савдо дар арафаи анҷомёбист. Неругоҳи барқи обии деҳаи Мотравни Ҷамоати деҳоти Язгулом ба маблағи 6 миллиону 877 ҳазор сомонӣ то охири сол ба истифода дода мешавад.
Хулоса, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи комил дар ноҳияи Ванҷ корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба хотири фардои боз ҳам зебову дурахшони сокинони ин гӯшаи диёри маҳбуб, идома доранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 824

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед