logo

сиёсат

МУСОБИҚА. ДАР РАШТ ҒОЛИБОН БА МАРҲАЛАИ СЕЮМ РОҲ ЁФТАНД

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 феврали соли 2016, АП 688, бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ ҷашн гирифтани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси ноҳияи Рашт «Дар бораи баргузории мусобиқаи ноҳиявӣ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои муайян намудани шаҳраку деҳоти беҳтарин, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ ба тасвиб расид.

Зумрад Лоиқова, муовини раиси ноҳия, зимни суҳбати телефонӣ иброз дошт, ки бо ибтикори комиссияи босалоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо мақсади ошно сохтани мардум  бо шартҳои озмун ҳашт ҷаласа дар сатҳи ноҳия, бистучор ҷаласа дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва чор маҷлиси васеи назди раиси ноҳия доир карда шуд. Раванди баргузории озмун нишон дод, ки дар шаҳраки Ғарм корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд. Аз ҷумла, дар доираи мусобиқа навсозии майдони варзишӣ, боғи фарҳангӣ, таъмири асосии бинои бахши  фарҳанг, сохтмони бинои таълимӣ дар кӯчаи ба номи Э. Муҳиддин, сохтмони толори варзишӣ барои 800 ҷойи нишаст бо тамоми таҷҳизоти варзишӣ дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, бинои нави таълимӣ ва хобгоҳи сеошёнаи коллеҷи тиббӣ,   меҳмонхонаи «Соҳили Сурхоб» бо харҷи 40 миллион сомонӣ анҷом гирифтанд.
Дар шаҳраки Ғарм қисмати берунии беш аз 40 муассисаи давлатӣ ва хонаҳои шахсии шаҳрвандон таъмир гардид. Ин амал  барои ноил гаштани шаҳраки Ғарм ба беҳтарин шаҳрак мусоидат намуд ва Ҷамоати шаҳраки Ғарм аз беҳтаринҳо дониста шуд. Дар деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти  Ҳоит, ки дар соҳили рӯди Обикабуд ҷо гирифтааасту манзараҳои дилфиреб дорад, дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо иншооти маъмуриву марказҳои тиҷоратӣ бунёд ёфтанд. Биноҳои дуошёнаи ҷамоати деҳот ва шуъбаи корҳои дохилӣ, чойхона - фароғатгоҳҳо, роҳҳои мумфаршу ба талабот ҷавобгӯ, боис гаштанд, ки Ҳоит дар байни дигар деҳаҳои ноҳия аз беҳтаринҳо ҳисобида шавад.
Сокинони ноҳияи Рашт бо меҳнати ҳалолу созанда ва дар фазои орому осоишта шароити зисту зиндагиашонро беҳтар намуда, барои худ ва фарзандон хонаҳои наву замонавӣ месозанд. Сокини деҳаи Ҳалқарфи Ҷамоати деҳоти Навдӣ Саидҷон Азизов аз ҷумлаи онҳост. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ тавонист, ки манзили зисти замонавӣ бо тамоми шароитҳои маданию маишӣ бунёд намояд. Манзили истиқоматии навбунёдаш ғолиби озмуни хонаи беҳтарин гардид. Оилаи Ҳоҷӣ Шарифов аз деҳаи Чашмаи Қозии Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум аз оилаҳои соҳибмаърифат ва намунавӣ ба шумор меравад. Панҷ фарзандаш дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия ёфта, чор нафар соҳиби маълумоти олӣ ва як нафар маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд. Тибқи хулосаи комиссияи ноҳиявӣ оилаи намунавӣ оилаи Ҳоҷӣ Шарифов дониста шуд. Ғолибони марҳалаи якуму дуюм - хона ва оилаи намунавӣ, деҳа, маҳалла, деҳот, шаҳраки беҳтарин ба марҳалаи сеюм роҳ ёфтанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.07.2016    №: 141    Мутолиа карданд: 499

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед