logo

иқтисод

СОҲИБКОРӢ. РУШДИ ОН РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛИСТ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд  мавзӯи «Мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва дастгирии соҳа дар шароити имрӯза» мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт.

Муовини якуми раиси вилояти Суғд, ваколатдори раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ Раҳматзода Рустам Мирзо зикр кард, ки рушди соҳибкорӣ пеш аз ҳама ба ғанӣ гардидани буҷаи давлат ва беҳбудӣ бахшидан ба дараҷаи зисту зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадшариф Бобошоҳзода зимни суханронии худ мавзӯи ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиро муҳим арзёбӣ карда, гуфт, ки то имрӯз аз ҷониби фонди сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳисоби буҷаи давлат 124 лоиҳа ба маблағи 109,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфта, дар ин замина ҷойҳои зиёди корӣ таъсис дода шудаанд. Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 - 2020» таҳия ва қабул гардид, ки он бешак, барои пешрафти соҳаи соҳибкорӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Рустам Раҳматзода зикр намуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии вилояти Суғд эҳёи ҳунару анъанаҳои миллӣ ва инчунин, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилоят ба роҳ монда шуд, ки он барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон мусоидат кард. Инчунин, дар ин самт мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои вусъат бахшидани фаъолияти соҳибкорон шароити мусоид  фароҳам оварда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Айни замон, дар вилоят 29 ҳазор нафар соҳибкор бо патент ва 64 ҳазор нафар бо шаҳодатнома кор мекунанд.
Тавре котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии ҷумҳурӣ Нуралӣ Саидов иброз дошт, нақши Шӯрои ҷамъиятӣ дар боло бурдани ҳисси ватандӯстии сокинон, мусоидат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва мушкилоти дигар хеле назаррас мебошад. Айни ҳол дар кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ заминаи мусоиду боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шудааст.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2016    №: 143    Мутолиа карданд: 510

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед