logo

фарҳанг

АМНИЯТИ ФАРҲАНГӢ ВА РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ. ҶАНБАЪҲОИ МУСБАТ ВА МАНФИИ ОН

(Ба озмун)
Дар шароити кунунӣ ҳеҷ як кишвар, қишри иҷтимоӣ ва фарди алоҳидае аз ҳамбастагии умумӣ ва робитаҳои ҷаҳонӣ барканор буда наметавонад. Равобиту ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои миёни халқу миллатҳо, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва кишварҳо қонунияти асосии раванди ҷаҳонишавӣ ҳисобида мешавад.

Имрӯз ҷаҳон ба хотири барканор сохтани мушкилоти минтақаҳо, давлатҳо, халқу миллатҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки садди пешрафту шукуфоиянд, муттаҳид мегардад. Таҳмили меъёрҳои барои қавму миллатҳои кӯчак ва қафомонда хатарнокро низ дар муҳити ҷаҳонишавӣ нодида гирифтан нашояд. Зеро ин ҳолат ба нестшавӣ ва ё барканор мондани арзишҳои фарҳангию маънавии барои тамоми халқҳои ҷаҳон манфиатовар, ки зодаи ин ё он қавму миллат ва ё гурӯҳи алоҳидаи иҷтимоӣ мебошанд, мерасонад. Дар ин миён фарҳанг ҳамчун аслиҳаи зоҳиршавии кишварҳо, халқҳо, нажоду миллатҳо мақоми арзишманд касб мекунад.
Чуноне ки маълум аст фарҳанг – ин маҷмӯи неъматҳои моддӣ ва ғайримоддиест, ки тӯли таърих инсон тавлид сохтааст ва минбаъд тавлид месозад. Ин арзишҳо тарзи рафтору кирдори писандгардидаи тамоми ҷомеа буда, аз насл ба насл ба мерос мегузаранд. Фарҳанг омилест, ки инсонро аз кулли зуҳуротҳои ғайр фарқ месозад, муносибати онро бо олами атроф танзим менамояд ва ягона воситаи худмуаррифии эҷодии он мебошад.
Фарҳангҳо дар тезонидани равандҳои тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми арзишманд доранд ва ҳар кадоме дар он таъсири амиқи худро боқӣ гузоштаанд. Бо вуҷуди он ки роҷеъ ба равандҳои ҷаҳонишавӣ солҳои 90 – уми асри гузашта баҳсу талошҳо шурӯъ шуданд, бо дарки таърихии зуҳуроти фарҳангӣ метавон гуфт, ки он таърихи тӯлонитар ва бештаре дорад. Таърих гувоҳ аст, ки дар натиҷаи забткориҳои миёни давлатҳо, ақвому миллатҳо ва нажодҳо омезишҳои фарҳангӣ ҷой доштанд ва маҳз ин аҳвол тезутунд гардидани равандҳои ҷаҳонишавии муосирро поягузор мебошад. Ягон фарҳанге бидуни ғизогирӣ аз фарҳанги ғайр дар ҳоли рушд буда наметавонад. Тибби Абуалӣ Сино, фалсафаи Абурайҳони Берунӣ, шеъру достонҳои ҷовидонаи Абуабдуллоҳи Рӯдакию Абулқосим Фирдавсӣ, мероси илмию эҷодӣ ва фалсафии Арасту, Суқрот, Гёте, Шекспир ва муҳаққиқони дигари Ғарбу Шарқ кайҳост, ки фазои ягонаи тамаддуни ҷаҳониро бо ҳам рӯшан месозанд.
Инсон вобаста ба табиати худ ва ниёзҳояш дар раванди истеҳсоли арзишҳои моддию маънавӣ масъул буда, ба хотири рушди минбаъдаи худ арзишҳои фарҳангиро истеҳсол менамояд. Арзишҳои фарҳангӣ аз ҳамоиши гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, қавму миллат, нажодҳо ва давлатҳо берун буда наметавонанд. Маҳз гурӯҳҳои иҷтимоӣ, халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо офарандагони зуҳуротҳои фарҳанги моддию маънавӣ мебошанд. Миллат офаридгор ва ҳифзкунандаи фарҳанги миллӣ буда, ба ин васила ҳуқуқҳои худро миёни миллатҳои ғайр эмин нигоҳ медорад.
Аз ҷониби дигар, ҳифзи махсусиятҳои фарҳанги миллӣ ва тақвияти ғановати он танҳо дар сурати ҳамбастагии халқҳо, давлатҳо ва фарҳангҳо побарҷо буда метавонад.
Беҳдошти ҳолати фарҳанги миллӣ аз чигунагии фаъолнокии неруҳои дохилии кишвар вобастагии ногусастанӣ дорад. Эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳанги миллӣ, пос доштани он, истифодаи ҳамарӯзаи он дар ҳаёти шахсӣ метавонанд равандҳои шукуфоии зуҳуроти фарҳанги миллиро таъмин намояд.
Дар ин миён меъёрҳо ва арзишҳои ахлоқиро ҳамчун зуҳуроти фарҳанги миллӣ дар муҳити ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта, аз он ба хотири беҳтошти фарҳангии кулли ҷомеаи инсонӣ истифода намудан мувофиқи мақсад мебошад. Бедории миллӣ, ки дар воқеияти имрӯза бештар эҳсос мешавад, метавонад ба ҳайси неруи бузург аз фарҳанги миллӣ, арзишҳо ва меъёрҳои ахлоқии он ҳимоят ва раванди омезиши фарҳангҳоро ба манфиати кулли ҷомеаи инсонӣ ҳал намояд. Худшиносии миллӣ зодаи табиати инсон буда, он зуҳуротест, ки муҳити солими амнияти фарҳангиро дар ҳоли ҷаҳонишавӣ таъмин мекунад. Пас, месазад ҷиҳати тақвияти худшиносии миллӣ чораҳои мушаххас андешида, онро ба хотири беҳдошти фарҳанги миллӣ мавриди истифода қарор бидиҳем.
Миллат ягонагии худро дар арзишҳои фарҳангии худ, аз қабили забон, расму оин, ҳунар, адабиёт ва дин дармеёбад ва косташавии яке аз ин арзишҳо ба таназзули миллат оварда мерасонад. Ҷаҳонишавӣ ногузир аст ва ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ дар ин раванд масъулияти якояки узви ҷомеаро талаб менамояд. Аз нигоҳи мо муносибат ба зуҳуротҳои фарҳангии ғайр бояд таваҷҷуҳи молики фарҳанги миллиро ба фарҳанги хеш бештар созад. Таҳқири миллат дар шакли барканорсозии фарҳанги миллиаш, таҳқири аъзои миллат маҳсуб меёбад. Бо дарки ин мушкилот аъзои миллат бояд дар ҳифзу амнияти фарҳанги миллӣ масъулияти бештаре ба дӯш дошта бошад. Аз ҷониби дигар, пешравиҳо дар фарҳанги миллӣ боиси ифтихори ҳам миллат ва ҳам аъзои он маҳсуб мегардад.

Муборак ТУРСУНОВА,
Фазлиддин ҚОДИРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2016    №: 143    Мутолиа карданд: 1668

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед