logo

ҳуқуқ

САРҲАД: 15 ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ШАШ МОҲ

Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 маротиба даргирии мусаллаҳона ба амал омада, марзбонони тоҷик аз ҳафт мавриди кӯшиши убури ғайриқонунии марз пешгирӣ карданд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, масъули Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки зимни амалиёт, 13 қочоқчӣ дастгир, 7 марзшикан нобуд ва ду тан захмӣ шуданд. Дар ҳамин ҳол, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамдастӣ бо дигар сохторҳои қудратии кишвар беш аз 695 килограмм маводи нашъаоварро аз қочоқчиёни афғон мусодира, 363 494 бех ниҳоли банги ҳиндиро ошкор ва нобуд карданд.
Дар ин давра ба далели вайрон кардани сарҳади давлатӣ 151 нафар боздошт шуд, ки аз ин шумора 108 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистонанд. Ҳамчунин, марзбонон 19 адад яроқи оташфишон, 415 номгӯи лавозимоти ҷангӣ, 297 килограмм маводи тарканда дарёфт ва мусодира намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҷаласае оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Қӯшунҳои сарҳадӣ камбудиҳои мавҷударо баррасӣ ва бо таваҷҷуҳ ба вазъи сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамкории бештар бо сарҳадчиёни ин кишвари ҳамсояро афзалиятнок донистанд. Таъкид шудааст, ки бо назардошти вазъи мураккаб ва босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва авзои ноороми минтақа дар таҳкими ҳифзи сарҳад чораҳои бетаъхир андешида шаванд.
Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таъмини амният, суботу оромии ҷомеа, роҳ надодани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ба хоки Тоҷикистон рисолати асливу фаъолияти меҳварии марзбонон арзёбӣ гардид. Дар ҳамин ҳол, Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таҳкими бештари ҳифзи сарҳад, бахусус бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ба роҳбарият, фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҷумҳуриҳои Қирғизистону Ӯзбекистон дар маҷмӯъ беш аз 4000 километр марзи муштарак дорад. Дар айни замон, нуқтаи ҳассоси сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки тақрибан 1400 километр марзи муштаракро ташкил медиҳад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2016    №: 143    Мутолиа карданд: 467

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед