сиёсат
ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва масъули сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи мамлакат таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифзода Абдукарим Абдураҳим муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни шаҳрҳои Кӯлобу Истаравшан ва ноҳияи Шаҳринав бо сабаби ба анҷом расидани муҳлати хизмат рухсат гардида, ба ин вазифаҳо кадрҳои ҷавону корозмуда таъйин шуданд.
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД сурат гирифта, сардорони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, ноҳияҳои Фирдавсӣ, Нуробод, Роғун, Шаҳринав, Шуғнон, Ишкошим, Ванҷ, Ҷайҳун, Муъминобод, Темурмалик ва Носири Хусрав иваз карда шуданд.
Дар дастгоҳи марказӣ ва ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал омад. Ҳайати якчанд раёсат ва роҳбарии қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа аз ҳисоби кадрҳое, ки донишгоҳу донишкадаҳои ҳарбии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимоти низомиро дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон хатм карда, дар ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат таҷрибаи корӣ андӯхтаанд, мукаммал гардонида шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарӣ таъйингардидаро ба хизмати содиқона, садоқат ба давлату миллат, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муқовимат бо коррупсия таъкид намуд.
Дар иртибот ба авзои ноороми баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Пешвои миллат таъкид кард, ки манфиатҳои давлату миллат- бахусус ҳаёти осоишта ва суботу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2016 №: 143 Мутолиа карданд: 600