logo

сиёсат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016 баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба ин масъала вазири рушди иқтисод ва савдо Ҳикматуллозода Неъматулло, вазири молия Абдусалом Қурбониён ва дигар роҳбарони сохторҳои давлатӣ ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2016, бо вуҷуди таъсири омилҳои берунӣ, бахусус коҳишёбии суръати рушди иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратӣ, ноустувории вазъи савдои хориҷӣ ва фаъол набудани истеъмолкунандагон бинобар коҳишёбии ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ, тамоюли мусбати рушд дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуд. Дар ин давра устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла рушди иқтисодии кишвар 6,6 фоиз ва таваррум дар сатҳи хеле паст, яъне 3,1 фоиз таъмин гашт.
Рушди воқеии иқтисодиёт асосан аз ҳисоби афзоиш ёфтани соҳаи саноат 12,1 фоиз, кишоварзӣ 9,9 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,9 фоиз ва гардиши савдои чакана 3,4 фоиз таъмин гардид. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ иҷрои қисми умумии даромади Буҷети давлатӣ дар сатҳи 99,4 фоиз иҷро гардид, ки аз фаъолияти ғайрисамараноки як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо шаҳодат медиҳад.
Иҷрои нақшаи даромади буҷет аз ҳисоби Кумитаи андоз 104,8 фоиз таъмин гардид, вале аз ҳисоби Хадамоти гумрук нақша ҳамагӣ 86,4 фоиз иҷро шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет нисбат ба нақша 267 миллион сомонӣ кам ворид гашт.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарфи назар аз дастовардҳои ноилшуда на ҳама имконоту захираҳои мавҷуда ба таври пурра истифода гардиданд. Бинобар ин, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтиву пурраи нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти мамлакат, Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016, супоришҳо дар ҷараёни сафарҳои Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳо, нақшаи чорабиниҳо оид ба бунбасти коммуникатсионӣ ва барномаву нақшаҳои қабулгардида, истифодаи самараноки тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, сари вақт ва босифат аз худ намудани маблағҳои барои иншооту лоиҳаҳо аз тамоми манбаъҳо ҷудогардида, чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Баъди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016 аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлисро баррасӣ карданд.
Дар маҷлис Нақшаи стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи намунаҳои саноатӣ” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ихтироъ”- ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти калонсолон” низ пешниҳод шуд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016 - 2018, дар бораи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ва дар бораи нақшаи генералии маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохторҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири нишондиҳандаҳои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 143    Мутолиа карданд: 476

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед