logo

иҷтимоиёт

ОМОР. САФИ БОНУВОНИ ФАЪОЛ МЕАФЗОЯД

Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ омори  шумораи хизматчиёни давлатиро аз ҳисоби занон пешниҳод намуд, ки аз фаъол гардидани онҳо дарак медиҳад.

Тибқи омори мазкур, агар дар соли 2008 - 3915 нафар зан дар хизмати давлатӣ бошад, ин рақам дар соли  2015  - 4214  нафарро ташкил дод. Ҳамзамон, тибқи таҳлили мазкур дар соли 2005 занон 7, 6 дарсади ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8, 1 дарсади кормандони вазорат ва кумитаҳои давлатӣ, 13, 8 дарсади ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишварро занон ташкил медоданд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас мақом ва миқдори занони ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалбшуда боло рафт. Аз ҷумла, дар мақомоти судии кишвар шумораи занон зиёд шуда истодааст. Дар судҳои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, судҳои ҳарбӣ ва иқтисодии вилоятӣ ва суди иқтисодии шаҳри  Душанбе  390 судя фаъолият доранд. Аз шумораи умумии онҳо 75 нафар ё 19 дарсадро занон ташкил медиҳанд. Аз ин 10 нафар ба ҳайси раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд. 
Дар Суди конститутсионӣ, айни ҳол, баробар бо мардон 11 нафар занон кору фаъолият доранд. 1 нафар дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ ва 1 нафар ба ҳайси сардори шуъба кор мекунад. Дар Суди Олӣ ҷамъ 119 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 25 нафарашон зан ҳастанд. Ин миқдор 23, 4 дарсадро ташкил медиҳад. Аз 3 нафар муовини раис 1 вазифаи онро зан иҷро мекунад.
Дар Вазорати корҳои дохилӣ  барои такмили ихтисоси занон имкониятҳои баробар муҳайё шудаанд. Айни ҳол, дар ин мақомот 1652  занон фаъолият доранд. Аз ҷумла, 648 зан дар вазифаҳои ҳайати миёна ва калони роҳбарикунанда, 1004 дар ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда ва 73 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намуда истодаанд.
Дар Прокуратураи генералӣ  намояндагии занон дар байни кадрҳои роҳбарикунанда 7 нафарро ташкил медиҳад:  1 нафар cардори раёсат, 2  сардори шуъба, 2 муовини сардори раёсатҳо, 1 ёрдамчии калони прокурори вилоят, 1 муовини прокурори шаҳр. Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент  32 нафар, ё 7 дарсадро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 3 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда мебошанд. Теъдоди занон - кормандони  соҳаи дипломатӣ ва намояндагӣ дар атташе 2 нафар, дипломат 45 нафарро ташкил додааст.  
Ширкати занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ низ назаррас гардида истодааст. Барои мисол, теъдоди занони узви ҲХДТ ба 192 ҳазор нафар расидааст, ки 44 дарсадро ташкил медиҳад.
Шарти муҳими пешравии занон дар сиёсат ин баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсии онҳост. “Аз ин лиҳоз, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии занон ҷиҳати зоҳир намудани таваҷҷуҳи дучанд ба тарбияи кадрҳои баландихтисосу соҳибмаълумот, дорои ҷаҳонбинӣ ва донишҳои амиқи касбию сиёсӣ, интихоб намудани занону духтарони лаёқатманду соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо дастгирии Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо машғулиятҳои омӯзишии «Занони роҳбар» доир карда мешаванд”, - тавзеҳ дод раиси кумитаи мазкур Идигул Қосимзода.
Ҳ. САНГОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2016    №: 144-145    Мутолиа карданд: 402

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед