logo

иқтисод

ДИЁРИ ҲАМБОЛИ ИСТИҚЛОЛ

АЛИЗОДА Ҳусейн,
 раиси ноҳияи Тоҷикобод

Биступанҷ сол муқаддам миллати тоҷик ба бузургтарин дастовард - Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, ки ҳоло тамоми мардуми ватандӯсту меҳанпарасти кишварамон ба таҷлили бошукӯҳи он омодагии ҷиддӣ мегиранд. Бемуҳобот, метавон гуфт, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод корҳои созандагиву бунёдкорӣ равнақ гирифта, симои он ба куллӣ дигаргун шуд.

Сокинони сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони истиқлолият дар татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, ки меҳвари асосии онро рушди бонизоми Ватани маҳбубамон ташкил медиҳад, камари ҳиммат бастаанд. Ин аст, ки дар доираи ҳидоятҳои Сарвари муаззами кишвар нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия сол ба сол афзун гашта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст. Масалан, соли гузашта буҷети ноҳия ба 21,8 миллион сомонӣ расид, ки назар ба соли 1992 - ум  444 маротиба зиёд мебошад. Маблағгузории соҳаи маориф бошад, дар соли 2015 нисбат ба соли 1992 - ум 290 маротиба зиёд шудааст. Дар ҳамин давраҳо маблағгузории соҳаи тандурустӣ мутаносибан 115 ва 6 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар ноҳия аз соли 1992 то 2015 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 152 иншооти ҳаётан муҳим ба маблағи 41 миллиону 599 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар ҳамин давра 22 бинои мактаби нав бунёд ва 24 муассисаи таълимӣ навсозӣ гардид. Ҳамзамон, 12 бунгоҳи тиббӣ, ду беморхонаи минтақавӣ, бинои шуъбаи ҷарроҳӣ дар назди беморхонаи марказӣ, шуъбаи амрози занона ва таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Нӯшор, 17 хати оби нӯшиданӣ, шаш канал бо дарозии 36 километр, шаш неругоҳи хурди барқи обӣ, се бинои бонк, ёздаҳ пули мошингузар, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва 4 бинои ҷамоат мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 180 иншооти тиҷоратӣ ва маишӣ бунёд гардид. Соли 2011 дар деҳаи Нӯшори Боло якумин корхонаи саноатӣ - заводи хишт бо иқтидори 2,5 миллион дона дар як сол бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки беш аз 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Айни замон, дар ноҳия даҳ корхонаи хурди истеҳсолӣ фаъолият намуда истодааст.
Кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки ноҳия ба шумор меравад. Соли сипаришуда истеҳсоли картошка ба 21 ҳазору 116 тонна расонда шуд, ки нисбат ба соли 1992 - ум 12 ҳазору 612 тонна бештар аст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 600 гектар боғҳои нав бунёд ёфтанд. Шумораи оилаҳои занбӯри асал аз 600 ба 5050 оила расид.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома доранд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар даҳ иншоот ба маблағи 2 миллиону 330 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 869 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Сохтмони меҳмонхона барои 50 ҷой, ҳаммом, ду мағозаи тиҷоратӣ, се муассисаи таълимӣ дар арафаи анҷомёбист. Бо маблағгузории фонди Оғохон сохтмони хати оби нӯшиданӣ ба маблағи 684807 сомонӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба маблағи 326 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Файзбор анҷом ёфт. Аз ҳисоби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи таъмири канали Сари Пул - Зарафшон ба маблағи 215 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, ки барои обёрии зиёда аз 1000 гектар замин шароити мусоид фароҳам овард.
Бо вуҷуди номусоид омадани баҳори имсола маъракаи киштукори баҳорӣ бо натиҷаи хуб ҷамъбаст гардид. Ҳоло дараву кӯфтани майдони 2184 гектар ғаллазор идома дорад. Майдони кишти картошка ба 958 гектар расонда шуд, ки назар ба соли гузашта 50 гектар зиёд аст. Ҳосилнокии майдони сабзавот ва боғоту оилаҳои занбӯри асал низ хуб буда, кишоварзон дар соли ҷашнӣ барои рӯёндани ҳосили фаровон талош доранд.
Метавонем аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш далелҳои зиёд орем. Дар қиёси равнақи корҳои фарҳангӣ бо ҳамин иктифо намуданием, ки дар ҳамаи фестивал - озмунҳои ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб» ҳунармандони ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои фахрӣ мегарданд. Имсол низ даври аввали озмун бобарор гузашта, ҳунармандон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Хулоса, он дастовардҳое, ки ба гунаи мисол зикрашон рафт, маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ насиби мардуми заҳматкаши ноҳияи Тоҷикобод гардидааст. Мо бо азму талоши ватандӯстона раванди корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, ба ҳамин васила дар пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро мегузорем.    
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2016    №: 144-145    Мутолиа карданд: 401

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед