logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ташриф овард.
Боздиди кории навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо шукӯҳи хоса ва самимияти беандоза оғоз ёфт. Мардуми сарбаланди ин диёри файзбор раҳнамои худ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ ва бо иҷрои муқаррароти меҳмоннавозии сатҳи олии тоҷикона дар фурудгоҳи ноҳия истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари навбатии кории худ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хати нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия иштирок кард.
Дар даромадгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти оби ноҳия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» муаррифӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гардиш додани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба сокинони ин ноҳия боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ овард.
Хати нави оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани ҳолати таъмини оби нӯшокии марказ ва зиёда аз 20 деҳаи ноҳия пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи иншооти лоиҳа бо риояи технологияи пармакунӣ бунёд гардида, ба шартҳои техникии иҷрои корҳои зеризаминии таъминоти об ҷавобгӯй мебошад. Оби хати мазкур аз чуқурии беш аз 100 метр тавассути чоҳҳои амудӣ дастрас карда мешавад, ки аз ҷиҳати меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва экологӣ дар ҷаҳон беҳамто аст.
Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби саҳми ҷониби Тоҷикистон дар деҳаҳои ҳафт ҷамоати ноҳия 20 чоҳи амудӣ бунёд шуда, дар маҷмӯъ дар ҳама марҳилаҳои татбиқи лоиҳа аз нисф зиёди аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шудаанд. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 16 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, он аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти Ҳукумати Ҷопон мавриди иҷро қарор дода шудааст.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ айни замон бо ҳамин маблағ корҳои лоиҳакашию омодасозӣ, таҳвили таҷҳизот ва мошину механизмҳои грантӣ, омӯзиши истифодабарии онҳо ва сохтмону васлкунии таҷҳизоти иншоот ба итмом расонда шудаанд.
Лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои калонтарини грантии таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ буда, саҳми ҷониби Ҷопон дар лоиҳа корҳои барқарорсозӣ, таҷдид, сохтмони иншооту хатҳои обгузари системаи обтаъминкунии маркази ноҳия - шаҳраки «Москва», деҳаҳои Гулобод ва Навободи  Ҷамоати деҳоти Меҳнатободро дар бар мегирад.
Дар доираи ин лоиҳа 66,7 километр хатҳои обгузар, зиёда аз 20 чоҳи амудӣ, чор манораи обтаъминкунӣ, 2 иншооти безараргардонии оби нӯшокӣ ва ду маркази идоракунии таҷҳизоти барқӣ, хатҳои баландшиддати барқӣ дар масофаи 1175 метр, 2 истгоҳи барқӣ ва 4671 метр роҳ барои истифодаи иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо анҷоми ин лоиҳаи афзалиятнок маҷмӯан обтаъминкунии аз нисф зиёди аҳолии ноҳия ё тахминан ҳар як дуюмин сокини он, ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳа талаб намуд, ки пайваста дар беҳтар гардондани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолии ноҳия тадбирҳои бетаъхир андешида, корҳои фаҳмондадиҳии вобаста ба фарҳанги волои истифодабарии оби мусаффои ошомиданиро дар миёни сокинон тақвият бахшанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки бо дастур ва супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи апрели соли 2008 оғоз гардида, корҳои асосӣ аз марҳилаҳои таҳвили техникаю таҷҳизот дар соли 2009, сохтмони чоҳҳои амудӣ дар соли 2011 ва оғози корҳои сохтмони асосӣ дар соли 2013 иборат мебошад.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаббускории бузургтарин чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ дар соҳаи об масъалаи дастрасии бемамониаи аҳолии мамлакатро бо оби тозаи нӯшокӣ дар меҳвари сиёсати башардӯстонаи худ қарор додааст. Маҳз бо талош ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат имрӯз шароити обрасонии наздик ба 70 ҳазор сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беҳтару хубтар гардида, имконияти рушду пешрафт ва ободонию сабзу хуррамгардонии ноҳия ба пуррагӣ фароҳам оварда шудааст.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия
Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2013 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Маблағи умумии бунёди бинои шуъбаи маориф, ки аз 3 ошёна иборат аст, дар маҷмӯъ 2 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби буҷаи ноҳия 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.
Илова ба маблағҳои сохтмон барои хариди таҷҳизот, мизу курсӣ, 20 адад компютер ва дигар ҷиҳози зарурии корӣ бошад, 206 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар шуъбаи маорифи ноҳия 22 нафар кор мекунад. Дар 50 мактаби ноҳия 1650 омӯзгор ба тарбияи фарзандон машғул мебошанд.
Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиёни асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер сохтмон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Манораи Лоиқ” мебошанд.
Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар шуъбаи маориф Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори сохт-мончиён баҳои арзанда дод.
Дар бинои шуъбаи маориф ба ғайр аз 12 утоқи корӣ, китобхона, инчунин дар ошёнаи 3 - юм барои кормандони соҳа ва омӯзгороне, ки аз мактабҳои дурдаст ба маркази ноҳия меоянд, меҳмонхона бо 3 ҳуҷраю 6 ҷойи хоб бо шароити хубу мусоид сохта шудааст.
Бинои наву муосири шуъбаи маориф туҳфаи арзандаи Сарвари маорифпарвар Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар арафаи Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳандозии бинои нави нозироти андоз
Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бинои нави нозироти андози ноҳияро расман ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз буридани лентаи рамзӣ бунёди бинои навро ба кормандони соҳаи андози ноҳия табрик намуда, онҳоро ба меҳнати садоқатмандона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард.
Кормандони нозироти андоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ то имрӯз дар бинои куҳна ва шароити начандон хуб фаъолият карда, аз норасоии ҳуҷраҳои корӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири соҳавӣ танқисӣ мекашиданд.
Бинои нав бошад, аз ду ошёна ва 8 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст, таҳхона, ошхона ва идораи бойгонӣ иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст. Он  бо муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Фармоишгар Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Орзу» буда, корҳои сохтмонӣ соли 2014 оғоз гардида буд. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созанда 2012» анҷом додааст.
Бино бо маблағи умумии 3 миллиону 265 ҳазор сомонӣ сохта шуда, аз он 3 миллиону 189 ҳазор сомонӣ барои корҳои сохтмонию васлкунӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии бино 1 ҳазору 20 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар ошёнаи якуми бино толори алоҳида бо компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб дода, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд. Инчунин, дар ин бинои замонавӣ соҳибкорон бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат дар бахши андоз шинос мешаванд.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун карда, ба беҳдошти кори кормандони соҳа ва осон кардани ҳуҷҷатгузории соҳибкорон мусоидат менамояд.

Шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашон
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо рафти корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашони ноҳия шинос шуд.
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 68 дарсади аҳолӣ бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Иттилоъ дода шуд, ки имсол аз ҳар як гектар замини обӣ деҳқонон аз 35 то 37 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёнидаанд. Айни ҳол, дар заминҳои ҷамоат кишти такрорӣ бомаром идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин хоҷагӣ иброз доштанд, ки заминҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳосилхезанд ва ҳар як ваҷаби он бояд самаранок истифода шавад. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сокинонро ба кишти такрорӣ ҷалб намуд, зеро ба ҳамин восита таъмини пурраи бозори истеъмолӣ имконпазир хоҳад шуд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,  инчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Дилшоди Шариф" шинос гардид. Дар хоҷагӣ, ки 18 гектар заминро дар ихтиёр дорад, асосан пахтаи навъи 65 - 30 кишт шудааст. Ин тухмӣ ба иқлими ноҳия хеле мувофиқ буда, ҳоло нашъунамои хуб дорад. Тавре иттилоъ доданд, дар 854 хоҷагии деҳқонии Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 1100 гектар пахта кишт шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ дар ҳамин ҷо ҳамзамон намоиши дастовардҳои деҳқонони ноҳия баргузор гардид. Дар соли равон деҳқонони ноҳия аз маҳсулоти полизӣ даромади хуб ба даст оварданд. Маҳсулоти дастранҷи кишоварзон на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад, балки берун аз кишвар низ содир мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои намоишгоҳи дастранҷи меҳнаткашон ба онҳо барору комёбӣ ва дар кори пуршарафи ризқофарӣ комёбиҳо орзу намуд.

Ифтитоҳи мактаб барои 624 хонанда
Дар Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 - ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуд.
Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим моҳи июни соли 2015 оғоз гардида, дар рӯзи сафари навбатии кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия аз тарафи Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мактаби нав дар паҳлуи бинои пешинаи муассисаи таълимӣ сохта шудааст. Тибқи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон собиқ бинои мактаб баъди таъмиру тармим ҳамчун боғчаи бачагон истифода карда мешавад, ки ин ҳам як ғамхории Сарвари давлат нисбат ба насли оянда мебошад.
Барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар мактаби нав 23 синфхонаи барҳаво, лаборатория, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, толори маҷлис бо 260 ҷойи нишаст, толори варзиш ва ошхона бо 200 ҷой муҳайё гардидааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 аз тарафи сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” бо 2 миллиону 350 ҳазор доллар маблағҳои Бонки исломии рушд бунёд шудааст.
Илова ба маблағи сохтмони мактаб баҳри таъмини таҷҳизоти хониш ва дигар ашёҳои зарурӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Мактаб ҳамчунин бо 20 адад компютер ва 10 адад принтер таъмин гардидааст.
Дар рафти бунёди мактаб роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” 150 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карданд. Сохтмончиён корро дар се баст ба роҳ монда, иншоотро пеш аз муҳлат бо сифати ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо бунёд намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳо бо хонандагон суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии нозукиҳои технологияи компютерӣ ҳидоят намуд.
Омӯзгорону хонандагон барои тамоми ғамхориҳо ва фароҳам овардани шароити арзандаи донишомӯзӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолон
Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми заҳматкаши ноҳия барои саҳми арзандаашон баҳри ободию пешрафти ин гӯшаи зебои диёр ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, сокинони ноҳияро бо ҷашни бузургу муқаддаси умуммиллии дарпешистода - 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таб-рику таҳният гуфт.
Зимни таҳлилу баррасии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумат ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар давоми 25 сол бо мақсади рушди иқтисодии ноҳия ва беҳтар гардондани сатҳи некуаҳволии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қариб як миллиард сомонӣ, аз ҷумла 600 миллион сомонӣ аз Буҷети давлатӣ равона шудааст. Дар ин давра аз Буҷети давлатӣ танҳо барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои мошингард 10 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Сарвари давлат махсус таъкид намуд, ки ба хотири таъмини зиндагии сазовор «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои солҳои 2011 - 2015» қабул гардида, дар доираи он 77 лоиҳа ба маблағи 132 миллион сомонӣ татбиқ шуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки соли ҷорӣ татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020» оғоз гардид, ки тибқи он дар ноҳия 177 лоиҳа ба маблағи умумии 206 миллион сомонӣ бояд амалӣ карда шавад. Аз маблағи зикршуда 47 лоиҳа ба маблағи 55 миллион сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 68 лоиҳа дар ҳаҷми 56 миллион сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 38 лоиҳа ба маблағи 71 миллион сомонӣ ба бахши инфрасохтор ва 15 лоиҳа дар ҳаҷми 17 миллион сомонӣ барои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, барои рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия дар давоми солҳои 2016 - 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ҷудо кардани зиёда аз 210 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Масъалаи беҳтар кардани вазъи иҷтимоии сокинон, бахусус таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, дастгирии рушди соҳибкорӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи иқтидору имкониятҳои истифоданашудаи саноатӣ, беҳдошти вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия буд.
Баъди натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия, ки зироаткорӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ, боғдорию истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ бахшҳои асосии онро ташкил медиҳанд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия барои иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонону мардони рӯзгордида баромад карда, ба Сарвари давлат барои раҳнамоии миллат ба сӯи рӯшноӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ, ғамхории табақаҳои ниёзманди ҷомеа, дастгирии ҷавонон ва қадршиносии собиқадорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Боздид аз қисми низомии  «Н» - и Қӯшунҳои сарҳадӣ
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии «Н» - и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуд.
Аснои боздид дар отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нахуст бо низоми фаъолият дар ин отряди муҳими сарҳадӣ, ки дорои тамоми ҷузъу томҳои муосири марзбонӣ ва дидбонгоҳҳои навбунёду замонавӣ мебошад, шинос шуд.
Ба Сарвари давлат осорхонаи таърихӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид, аз марҳилаҳои ташаккул то ба мукаммалгардонии сипари боэътимоди миллӣ, ки имрӯз номи Қӯшунҳои сарҳадиро соҳиб аст, намоиш дода шуд.
Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки ҳифз ва таъмини амниятро дар хати марзӣ бар дӯш дорад, бо тамоми имконоти муосири назоратӣ ва техникаву лавозимоти ҷангӣ муҷаҳҳаз буда, барои ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозони моҳири ин ниҳод тамоми шароити зарурии зист муҳайёст.
Дар рафти боздид Сарвари давлат бевосита бо шароиту сифати будубоши афсарон ва фаъолияти хобгоҳу ҳуҷраҳои корӣ шиносоӣ пайда намуда, бо изҳори хушнудӣ барои боз ҳам беҳтару хубтар муҳайё намудани шароити хизматӣ тавсияҳои муфид дод.
Баъди суҳбати самимӣ бо афсарону сарбозон дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва отряди таъйиноти махсуси милитсияи кишвар гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро ба ифтихори 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2016    №: 144-145    Мутолиа карданд: 431

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед