logo

ҳуқуқ

МАРГИ НОГАҲОНӢ. ОМИЛҲОИ ЗУҲУРИ ОН ДАР ЧИСТ?

Борҳо шоҳиди он гардидаем, ки шиносҳоямон аз марги ногаҳонии наздиконашон бо сӯзу гудоз ёд карда, бо ҳайрат ва ҳасрат мегӯянд, ки ҳеҷ ҷояш дард намекард ва аз ҳеҷ чӣ шикоят надошт.
Пас, сабаб марги ногаҳонӣ, нобаҳангом ва муфоҷо дар чист?

Чаро солҳои охир чунин ҳолатҳо зиёд шудаанд? Барои ба ин пурсишҳо посух гирифтан ба Шедфар Самадов, мудири шуъбаи бемориҳои дарунии Маркази тиббии шаҳрӣ, номзади илмҳои тиб, муроҷиат кардем.
- Солҳои охир дар байни бемориҳои дил «ишемияи бедарди миокард» хеле зиёд гардидааст. Рагҳои хунгарди гирифторони ин беморӣ танг шаванд ҳам, инро эҳсос намекунанд. Онҳо бо сабабҳои воқеӣ фақат беҳолу бемадор мешаванд. Эҳтимолияти марги ногаҳонӣ дар беморони гирифтори ишемияи бедарди миокард зиёд аст.
Дард сабаби ноҳинҷорӣ мегардаду одам ба он аҳамият медиҳад. Чуноне ки маълум аст, 80 дарсади торҳои асаб дар пӯст ҷойгиранд. Узвҳое, мисли гурда, ҷигар, шуш дар худашон пайванди асаб надоранд. Масалан, баъзе одамон солҳои тӯлонӣ тамоку мекашанд, вале дардро ҳис намекунанд. Дар ҳолате, ки ба саратони шуш ё пневмания гирифтор мешаванд, ба духтур муроҷиат менамоянд. Зеро нафастангӣ ва дард инсонро нороҳат месозанд.
Солҳои охир дар Маркази тиббии шаҳрӣ навгониҳои зиёд ҷорӣ гардиданд. Бемористони мо дорои томографияи компютерии ҳозиразамон ва таҷҳизоти ташхиси дарғотҳои дил, яъне эхокардиографӣ мебошад. Дар он дил, рагҳои хунгард ва нуқсҳои модарзодӣ ё баъдтар пайдошуда ташхис мешаванд. Таҷҳизоти дигаре, ки соли гузашта ба бемористон ворид гардид, ин холтер - гардиография мебошад. Ҳаҷмаш баробари телефони мобилӣ буда, ба бадани бемор насб мегардад. Он дар давоми 24 соат кори дилро пурра ташхис ва сабт менамояд, натиҷаашро компютер таҳлил мекунад. Дастгоҳи дигаре, ки соли гузашта ба бемористон ворид шуд, ин холтери фишори хун мебошад. Он фишори шабонарӯзиро назорат мекунад. Яке аз сабабҳои сар задани сактаи майнаи сар, миокард, норасоии музмини кори гурдаҳо, хирашавии чашм, дарди сар ин фишорбаландии шарёнист.
Шедфар Самадов зикр кард, ки яке аз роҳҳои осон ва маъмули табобати дилу рагҳои хунгард  риояи тарзи ҳаёти солим мебошад. Зеро 80 - 90 дарсади солимии тану рӯҳ ба худи  шахс вобаста аст. Бемор бояд аз кашидани тамоку ва истеъмоли машруботи спиртӣ даст кашад. Ҳар рӯз ду-се километр пиёда гардад, то фишори хун ба танзим дарояд. Ҳамчунин, аз истеъмоли ғизоҳои дорои равғанҳои ҳайвонот даст кашад. Бояд 50 - 60 дарсади хӯроки беморони фишорбаланд ва рагҳои хунгард аз сабзавоту рустанӣ бошанд.
Дар урфият мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ. Бинобар ҳамин, ҳар яки моро зарур аст, ки дар ҳолати эҳсос намудани беҳоливу бемадорӣ ба духтур муроҷиат намоем.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 815

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед