logo

иқтисод

РУШДИ АГРОСАНОАТИИ РАШТ БА РАВАНДИ ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОР ТАКОН МЕБАХШАД

Тайи солҳои охир дар шаҳру навоҳии мамлакат аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба фаро гирифтани шаҳрвандон ба касбу кор тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла, роҳбарияти ноҳияи Рашт ҳамасола баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бешуғл дар соҳаҳои гуногун ва ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои судманд  роҳандозӣ менамояд. 

Олимхӯҷа Ширинов,  сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт,  иттилоъ дод, ки аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар шуъбаи агентӣ 818 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта,  155 нафар ҷавонон ва ҷавондухтарон дар филиали муассисаи давлатии «Маркази омӯзиши калонсолони Тоҷикистон» ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. 40 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Аз ҷониби филиали «Маркази омӯзиши калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 21 гурӯҳи омӯзишӣ бо фарогирии 552 нафар касбомӯз ташкил гардида,  то имрӯз 179 нафар соҳиби сертификати касб шудаанд.
Рашт минтақаи аграрӣ буда, қисми зиёди сокинони он дар соҳаи кишоварзӣ ба фаъолияти мавсимӣ машғуланд. Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аҳолии қобили меҳнат ҳоло дар ин ҷо 26900 нафарро ташкил медиҳад.
Ғайниддин Манонов, муовини раиси ноҳияи Рашт гуфт, ки соҳаи картошкапарварию боғдорӣ ва чорводорию занбӯриасалпарварӣ дар ноҳия босуръат рушд дорад. Тайи солҳои охир мардум ба ин соҳаҳо бештар рӯ оварда истодаанд.
Аммо танҳо соҳаи кишоварзӣ ба таъмини пурраи шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат карда наметавонад. Таъсиси корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво имконият медиҳад, ки Рашт аз минтақаи аграрӣ ба агросаноатӣ мубаддал гардад.  Ба ин васила ҳам маҳсулоти кишоварзон харидор меёбаду ҳам қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат дар ин корхонаҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Кишоварзон низ ҳавасманд мешаванду соҳаи кишоварзӣ хубтар рушд меёбад. Ба гуфтаи Ғайниддин Манонов, чорводорони ноҳия ҳамасола беш аз 50 тонна пашм рӯёнда, ба партовгоҳҳо мепартоянд. Зеро дар ноҳия корхонаҳои коркарди пӯсту пашм, маҳсулоти ширӣ ва коркарди меваю сабзавот мавҷуд нестанд. Мушкилоти дар ин соҳа ҷойдошта ба тамоми ноҳияҳои минтақа низ мутааллиқанд.
Соҳибкорони маҳаллӣ низ бо сабаби надоштани сармоя ва мушкилот дар дастраснамоии қарзҳо, бахусус фоизи баланди қарз, имконияти таъсиси чунин корхонаҳоро надоранд.
Дуруст аст, ки саҳми соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар ноҳия хеле назаррас аст. Ҳоло сохтмони 7 иншоот  аз ҷониби онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Илова ба ин, аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ 2, буҷети маҳаллӣ 6  ва ташкилотҳои хориҷӣ 12 иншоот идома дорад. Ҳамаи ин ба масъалаи таъсиси ҷойи нави кор дар ноҳия мусоидат менамояд.
Аз рӯи гуфтаҳои Ғайниддин Манонов, мақомоти иҷроияи маҳаллии   ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориро бо соҳибкорони маҳаллӣ дар ин ҷода ҳадафманд роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои амалӣ андешида истодааст.  Умед аст, ки дар ояндаи наздик бо рушди соҳаи аграрӣ - саноатӣ  мушкилоти таъмини аҳолии қобили меҳнат бо ҷойи кор пурра ҳалли худро меёбад.      
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 461

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед