logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИНДОНЕЗИЯ

31 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки ин боздиди сеюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия маҳсуб мегардад ва маротибаи аввал он дар соли 2003 сурат гирифта буд. Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар моҳи октябри соли 2003-юм 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминагузори рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар мебошанд.
Барномаи сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хоса бо роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар 12 - ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодиро фаро мегирад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия маҷмӯи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.

Субҳи имрӯз муқаррарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Индонезия омадааст, дар саҳни Қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия баргузор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо самимона истиқбол гирифта, ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
Ба муносибати ташрифи меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасии Индонезия ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб саф оростанд.
Пас аз садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва паррондани 19 шилик аз тӯпхонаҳо, фармондеҳи горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Зимни гузашт аз назди ҷузъу томҳои горди фахрӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми Парчами давлатии Ҷумҳурии Индонезияро ба ҷо овард.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷоко Видодо бо ҳайати расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори музокиротҳои Қасри Истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия дар китоби меҳмонҳои фахрӣ соядаст гузошт.

Баррасии масоили рушду густариши ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Индонезия дар мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо оғоз гардида, сипас дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар идома ёфт.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории судманд бо кишварҳои исломӣ ва минтақаи Осиёи Ҷануби Шарқӣ аҳамияти хоса дода, рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро бо бузургтарин кишвари исломӣ – Ҷумҳурии Индонезия дорои аҳамияти муҳим меҳисобад.
Аз вазъи кунунии робитаҳои сиёсии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва наздикию мувофиқати мавқею назарҳои ҷонибҳо нисбати масъалаҳои калидии байналмилалӣ пояи мустаҳкаму боэътимоди тавсеаи ҳамкорӣ дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн маънидод гардид.
Тавре таъкид шуд, ҳаҷми савдои хориҷӣ ва гардиши мол байни Тоҷикистону Индонезия шаҳодат аз он медиҳад, ки иқтидору имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар арсаи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ то ҳол дар ҳадди лозим ва самаранок истифода нашудаанд.
Ҷиҳати мусоидат ба рушди ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ ва мунтазам гузарондани ҷаласаҳои сатҳу зинаҳои гуногуни ин комиссия зарур шуморида шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки баъди баргузории ин гуна машварату муколамаҳои сатҳи баланди сиёсӣ дар оянда иштироки ҷониби Индонезия дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузории Тоҷикистон афзун гардида, шароити мусоиди ҷалби сармоя ва технологияҳои навини Индонезия дар ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад.
Таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, рушди туризми кӯҳӣ ва истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок, ки имконоти Тоҷикистон дар ин соҳаҳо хеле бузург мебошад, аз самтҳои дигари муҳими муштаракоти тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Индонезия арзёбӣ шуд.
Дар ин замина ҳамчунин аз ҷониби сарони ду давлат барои густариши ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва либосворӣ, истихроҷи ангиштсанг ва бунёди неругоҳҳои  хурду миёнаи барқи обӣ  ҳамчун самтҳои наву ояндадори ҳамгироии дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар музокироти сатҳи олӣ ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Индонезия дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мавриди арзёбӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вусъат додани ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Индонезия ҳавасмандӣ зоҳир намуда, баргузории  намоишгоҳ ва барномаи фарҳангии Индонезияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2012 ва ба роҳ мондани муколамаи васеи ходимони илму адаби ҳар ду ҷонибро иқдоми муҳиме дар роҳи ба сатҳу сифати нав баровардани муносибатҳои фарҳангӣ медонад. Идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф  дар чаҳорчӯби барномаи Дармасисва (Барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён)    ва  бештар ба таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Индонезия низ дар шароити кунунӣ амали барои ҳар ду ҷониб манфиатбор арзёбӣ гардид.
Ҳар ду ҷониб ҳамзамон омодагию ҳавасмандии худро дар мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни музокироти ҳайатҳои расмӣ аз Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба  Тоҷикистон  сафари расмӣ анҷом диҳанд. Даъват бо камоли майл ва изҳори омодагии ҳамаҷониба  пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо маҷмӯи санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, Эъломияи муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия қабул гардид.
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия бо имзо қонунӣ гардонда шуд.
Ҳамчунин ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таълим ва бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, ёддошти тафоҳум байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии мубориза бар зидди терроризми Ҷумҳурии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза алайҳи терроризм, ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Маркази гузоришҳои трансаксионии молиявӣ ва аналитикии Индонезия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи маълумотҳои молиявии кашшофии вобаста ба шустушӯи маблағҳо ва маблағгузории терроризм ба имзо расид.
Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар раванди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Индонезия пурарзиш маънидод намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 1-уми августи соли равон дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия "Калибата" гулчанбар гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст, ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.
 Оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия "Калибата" дар ҳудуди Маҷмааи ёдгориҳои Ҷакарта ҷойгир буда, оромгоҳи ҳарбӣ маҳсуб мешавад ва ба хотираи қурбониёни муборизаҳои озодихоҳии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият аз Нидерландия дар солҳои 1945 - 1949 бунёд шудааст.
Дар оромгоҳ наздик ба 7 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Индонезия, дафн карда шудаанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.08.2016    №: 153    Мутолиа карданд: 12333

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед